ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » БМТ. ТАШКИЛОТҲОИ ҚАРЗИИ МОЛИЯВӢ ДАР ДОИРАИ ЯК ОЗМУН ҚАДР ШУДАНД

БМТ. ТАШКИЛОТҲОИ ҚАРЗИИ МОЛИЯВӢ ДАР ДОИРАИ ЯК ОЗМУН ҚАДР ШУДАНД

16 май 2023, Сешанбе
34
0


 
12 майи соли 2023 дар Бонки миллии Тоҷикистон маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони озмуни “Ташкилоти қарзии молиявии беҳтарин оид ба хизматрасонии соҳибкории бонувон”, ки бо мақсади таъмини иҷрои саривақтии супоришҳои Шурои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар кардани фазои сармоягузорӣ ба роҳ монда шудааст, дар фазои тантанавӣ баргузор гардид. 

Озмун дар асоси натиҷаи фаъолияти ташкилотҳои қарзии молиявӣ дар соли 2022, аз рӯйи номинаи додани қарз/маблағгузорӣ, ҷалби пасандозҳо, кушодан ва пешбурди суратҳисоби бонкӣ ва додани кафолати бонкӣ ташкил шуд.
Дар чорабинӣ роҳбарият ва кормандони БМТ, намояндагони ташкилотҳои қарзии молиявӣ, Ассотсиатсияи бонкҳои Тоҷикистон, Ассотсиатсияи ташкилотҳои маблағгузории хурди Тоҷикистон, ҳайати ҳакамон ва тадорукот, намояндагони ташкилотҳои байналмилалӣ ва воситаҳои ахбори омма ширкат варзиданд.
Раиси БМТ Ҳоким Холиқзода чорабиниро ҳусни оғоз бахшида, зикр намуд, ки озмуни “Ташкилоти қарзии молиявии беҳтарин оид ба хизматрасонии соҳибкории бонувон” дар робита ба муқаррароти Протоколи ҷаласаи 22-юми Шурои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар кардани фазои сармоягузорӣ, бо мақсади васеъ намудани дастрасии бонувони соҳибкор ба захираҳои молиявии арзон ва дар маҷмуъ, баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасониҳои молиявӣ, аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон роҳандозӣ гашт.
Як нукта боиси зикр аст, ки зери роҳбарии хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар даврони соҳибистиқлолии кишвар ба масъалаҳои татбиқи сиёсати пулию қарзӣ, беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва муҳайё кардани шароити мусоид барои рушди соҳибкорӣ, аз ҷумла соҳибкории бонувон, таваҷҷуҳи махсус зоҳир мешавад.
Зикр шуд, ки дар соли 2022 ба зиёда аз 600 ҳазор занону духтарон аз ҷониби муассисаҳои бонкӣ ба маблағи беш аз 3 миллиарду 400 миллион сомонӣ қарз дода шудааст, ки нисбат ба соли 2018-ум 2,4 баробар зиёд мебошад. Умуман, дар панҷ соли охир маблағи қарз ба бонувон 12,1 миллиард сомониро ташкил медиҳад. Рақамҳо гувоҳи равшани фаъол будани ҷинси латиф дар пеш бурдани фаъолияти соҳибкорист.
– Мақсади асосии ташкил ва баргузории озмуни мазкур аз ташвиқ ва тарғиби хизматрасониҳои молиявӣ байни аҳолӣ, соҳибкорону сармоягузорон ва, махсусан занҳои соҳибкор, афзун намудани дастрасии онҳо ба хизматрасонии бонкӣ ва ҳавасмандгардонии ташкилотҳои қарзии молиявӣ иборат мебошад, – иброз дошт Ҳоким Холиқзода.   
Дар номинаи пешниҳоди қарз/маблағгузорӣ ҷойи 1-умро Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи “Аввалин бонки молиявии хурд”, ҷойи 2-юмро Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи “Бонки Арванд” ва ҷойи  3-юмро Ҷамъияти саҳомии кушодаи “Коммерсбонки Тоҷикистон” ба даст оварданд. 
Аз рӯйи ҷамъбасти натиҷаҳои озмун дар номинаи ҷалби пасандоз Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи Ташкилоти амонатии қарзии хурди “Ҳумо” сазовори ҷойи 1-ум, Корхонаи воҳиди давлатии Бонки саноатию содиротии Тоҷикистон “Саноатсодиротбонк” ҷойи 2-юм ва Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди ташкилоти амонатии қарзии хурди “Азизӣ-молия” сазовори ҷойи 3-юм шуданд. 
Дар номинаи кушодан ва пешбурди суратҳисоби бонкӣ ҷойи 1-умро Ҷамъияти саҳомии кушодаи “Алиф Бонк”, ҷойи 2-юмро Корхонаи воҳиди давлатии “Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон “Амонатбонк” ва ҷойи 3-юмро Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи “Бонки байналмилалии Тоҷикистон” ба даст оварданд.
Аз рӯйи номинаи додани кафолати бонкӣ ҷойи 1- умро Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи “Спитамен Бонк”, ҷойи 2-юмро Ҷамъияти саҳомии кушодаи “Бонки Эсхата” ва ҷойи 3-юмро Ҷамъияти саҳомии кушодаи “Ориёнбонк” сазовор гардиданд.
Барои саҳмгузорӣ дар рушди низоми бонкӣ ва иштироки фаъолона дар озмуни “Ташкилоти қарзии молиявии беҳтарин оид ба хизматрасонии соҳибкории бонувон” Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи “Ташкилоти амонатии қарзии хурди “Имон интернешнл”, Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Ташкилоти амонатии қарзии хурди “Фурӯз”, Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Ташкилоти амонатии қарзии хурди “Финка” ва Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи “Халиқ Бонк Тоҷикистон” бо Ифтихорномаи Бонки миллии Тоҷикистон сарфароз шуданд.
Ҳамзамон, барои иштироки фаъолона дар озмун Ҷамъияти саҳомии кушодаи “Тавҳидбонк”, Филиали бонки “Тиҷорат”-и Ҷумҳурии Исломии Эрон дар шаҳри Душанбе, Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди "Ташкилоти амонатии қарзии хурди “МАТИН”, Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи “Ташкилоти амонатии қарзии хурди “Ардо-Капитал”, Фонди қарзии хурди “Имон” ва Фонди қарзии хурди “Рушди водии Зарафшон” бо Сипосномаи БМТ қадр гардиданд.
Ҷоизаҳоро ба ғолибон раиси БМТ Ҳоким Холиқзода, муовини якуми раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  Хуршед Мирзо, раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳилолбӣ Қурбонзода, роҳбари котиботи Шурои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар кардани фазои сармоягузорӣ Фарҳод Абдураҳмонов, муовини якуми раиси БМТ Фирдавс Толибзода, муовинони раиси БМТ Гулбаҳор Назирӣ ва Алиҷон Салимзода супурданд.
Муҳаммадзоиршо ШАРИФЗОДА, “Ҷумҳурият”

Санаи нашр: 16.05.2023 №: 102
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив