БОКС

16 май 2023, Сешанбе
10
0


Дар Чемпионати ҷаҳон Баҳодур мақоми сеюмро касб кард
Баҳодур Усмонов (-63,5 кг), муштзани соҳибноми тоҷик, дар Чемпионати ҷаҳон оид ба бокс (Тошкент, Ӯзбекистон) нишони биринҷӣ ва 50 ҳазор доллари ИМА ба даст овард. 
Варзишгари мо то даври нимниҳоӣ бар Алекс Исенди (Танзания), Муҳаммад Алкасба (Урдун), Нодир Абдулзақ (Марокаш) ва Хунатип Пуднич (Таиланд) ғолиб шуда, барои роҳ ёфтан ба финал аз Чинзориг Баатарсух (Муғулистон) шикаст хӯрд. 
Баҳодур баъд аз 12 сол барои Тоҷикистон медали биринҷии Чемпионати ҷаҳонро овард. Қаблан Анвар Юнусов (56 кг) дар Қаҳрамонии ҷаҳон (Боку, 2011) мақоми сеюмро касб намуда буд. 

«Соро компания» – барандаи Суперҷоми Тоҷикистон
Бошгоҳи футзали «Соро компания» бо шикаст додани «Истиқлол» (3:2) соли сеюм пайиҳам барандаи Суперҷоми Тоҷикистон гардид. 
Ҳамин тавр, беҳтарин бозигари вохӯрӣ Дилшод Саломов, беҳтарин дарвозабон Маҳдӣ Мустафоӣ («Соро компания») эътироф шуданд.
Ҷоизаи «Fair Play» насиби Комрон Алиев («Истиқлол») гашт. 


ЛИГАИ ОЛӢ
Марҳилаи аввал бо пешсафии “Истиқлол” хотима ёфт
Дар даври 9-уми Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни дастаҳои Лигаи олӣ “Истиқлол” дар меҳмонӣ бар “Ҳосилот” (1:0) ғолиб омад. 
Тибқи иттилои ЛФТ, “Хатлон” ба дарвозаи “Хуҷанд” ду тӯби беҷавоб ворид кард. “Кӯктош” дар майдонаш аз “Эсхата” бо ҳисоби 0:1 шикаст хӯрд. Бозиҳои “Файзканд” бо “Равшан” ва КМВА бо “Регар-ТадАЗ” бидуни гол хотима ёфтанд. 
Ҳамин тавр, қувваозмоиҳои марҳилаи якуми Лигаи олӣ ба анҷом расиданд. 
Пас аз марҳилаи якум “Истиқлол” бо 17 хол дар садри ҷадвал қарор дорад. Мавқеи дигари дастаҳо чунин аст: “Эсхата” (16 хол), “Хатлон” (12), “Равшан” (11), “Файзканд” (10), “Ҳосилот” (9), “Регар-ТадАЗ” (9), КМВА (8), “Кӯктош” (7), “Хуҷанд” (7).  

“Барселона” –  қаҳрамони Испания 

Шогирдони Хави пас аз пирӯзӣ бар “Эспанйол” (4:2)  дар даври 34-ум бо 85 хол пеш аз муҳлат қаҳрамони Ла Лига гаштанд. 
Бар пояи иттилои www.sport-express.ru, ин 27-умин чемпионӣ барои «Барселона»  мебошад. 
Маҳмуд БАҲРОМ, шореҳи варзиш 

Санаи нашр: 16.05.2023 №: 102
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив