ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » БАРНОМАСОЗӢ. ЧАРО ДУХТАРОН БА ОН БЕШТАР РӮ МЕОРАНД?

БАРНОМАСОЗӢ. ЧАРО ДУХТАРОН БА ОН БЕШТАР РӮ МЕОРАНД?

17 май 2023, Чоршанбе
47
0

Мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки хоҳишмандони соҳаи барномасозӣ дар кишвар рӯз ба рӯз зиёд мегарданд. Фаъолияти  духтарон дар ин ҷода низ, назаррас буда, ба барномасозӣ миёни дигар касбҳо афзалият медиҳанд. Бо вуҷуди ин, чун сухан бобати шуғли мазкур равад, стереотипҳои гендерӣ аз қаъри андешаҳо нисбат ба ҷисми зан рӯ зада, касби барномасозиро ба мардон рабт медиҳанд. Аз ин рӯ, дар ҷаҳон ҳоло ҳам бонувони машҳури барномасоз ангуштшуморанд.
Духтарони тоҷик, солҳои охир дилпурона дар ин соҳа фаъолият карда, дар марказҳои омӯзишӣ, аз қабили "Alif Academy", "Ilmhona" курсҳои махсус барои духтарони барномасоз фаъолият доранд. Ҳангоми суҳбат бо шогирдони ин марказҳо муайян шуд, ки духтарон барномасозиро барои худ афзалтар мепиндоранд, зеро маҳдудияти синнусолӣ надорад.


Нигора Очилова пас аз хатми муассисаи таълимӣ хост дар хориҷа таҳсилро идома бахшад, вале бо сабабҳои оилавӣ натавонист орзуҳояшро ҷомаи амал пӯшонад. Соли 2021 издивоҷ кард, ҳоло соҳиби як фарзанд мебошад. Бекорӣ ба дилаш заду ба омӯхтани касби барномасозӣ пардохт.

 – Аҳамияти барномасозиро аз рафиқаш рақамчинӣ менамояд ва аз ӯ пурсидам. Роҷеъ ба афзалиятҳо ва ояндадор будани он ба ман гуфт. Тасмими барномасоз шуданро пеш гирифта, дар Маркази омӯзишии “Ilmhona" ба таҳсил пардохтам. Гарчанде раванди омӯзиш бароям душвор буд, аз интихоби худ пушаймон нестам. Яъне, ман метавонам тариқи онлайн кор кунам, дар баробари ин, бо кӯдаки худ машғул шавам, – гуфт ӯ.

Муқаддас Шарифзода донишҷӯи Донишгоҳи техникии Тоҷикистон, мегӯяд, ки дар бозори меҳнат барномасоз талабгори зиёд дорад .
– Ҳангоми интихоби касб дар синни мактабхонӣ душворӣ кашидам, зеро ҳам ҳуқуқшиносӣ ва ҳам муҳандисӣ писандам буданд. Соҳибкасбон дар ин ҷодаҳо низ, зиёд. Вақте ки касби барномасозиро замонавӣ дарёфтам, ба омӯзиши он пардохтам. Атрофиён интихоби маро хуб напазируфтанд, чун дар ҷомеаи мо бисёриҳо бар он назаранд, ки самти барномасозӣ танҳо барои мардон мебошад," – гуфт ӯ. 

Ҳоло Муқаддас ба ҳайси танзимгари frotent фаъолият дорад. Ба ақидаи ӯ, барои зиёд гардидани шумораи барномасозон дар кишвар баъзе мушкилиҳо вуҷуд доранд, ки ислоҳи худро мехоҳанд. Танҳо “Alif Academy" дарсҳои барномасозиро бо забони тоҷикӣ мегузарад. Донишҳои аввалияи барномасозӣ медиҳад, аммо барои барномасози хуб шудан, ба шахс донишҳои амиқ лозим. Мавҷудияти чунин фазо ҳар як довталабро водор месозад, ки забонҳои русию англисиро донад, чун маводи зарурӣ бо ин  забонҳост.

Ба ақидаи Зарина Садикова барномасозӣ василаест барои пешрафти ҳар як соҳа. 
– Барои барномаҳо назоратчии сифатӣ шудан, аз касби муҳосибии худ даст кашидам. Ҳоло дар ширкати "Mercuryо" ба ҳайси инженер QA фаъолият дорам, - мегӯяд ӯ.
Ба ақидаи Шабнам  Ҳафизова, менеҷери барномавии Маркази омӯзишии "Alif Academi", ҳоло ҳам дар Тоҷикистон  бонувони барномасоз хеле кам фаъолият мекунанд, зеро байни мардум ақидаи "барномасозӣ барои духтарон  нест" вуҷуд дорад. 

– Мо мехоҳем қолаби шахшударо шикаста, ба духтарон нишон диҳем, ки онҳо низ, ҳуқуқ ва имконияти барномасоз шуданро доранд. Бигзор ҳар як духтаре, ки ба ин соҳа майл дорад, барномасози хуб шавад, зеро муваффақият дар он духтаронро аз ҷиҳати молиявӣ мустақил мегардонад. Барои ҷои кор ёфтани онҳо низ, мо кӯшиш ба харҷ медиҳем. Ба онҳо тариқи онлайн кор карданро меомӯзем. Ин барои духтарон хеле мувофиқ аст, чунки дар хона машғули кор мешаванд, – иброз дошт ӯ.

Моҳи декабри соли гузашта аз тарафи Маркази омӯзишии "Alif Academy" курсҳои ройгон барои духтарон бо номи "Code Girl"  ташкил шуд. 25 духтар онро хатм намуд. Бино ба гуфтаи Шабнам Ҳафизова, духтарони тоҷик иродаи қавӣ доранд ва агар шароити моддӣ ва техникӣ барои ҳар яке фароҳам бошад, зиёд гардидани шумораи бонувони барномасоз дар пеш аст.

 
–  Тули омӯзиш мо кӯшиш кардем, то ягон шогирддухтар аз компютер бенасиб намонад. Ба онҳое, ки вазифаҳои хонагии худро, аз сабаби надоштани компютер иҷро карда наметавонанд, ҷадвали холӣ будани синфхонаҳоро пешниҳод кардем ва онҳо омада аз таҷҳизоти Марказ истифода бурданд," – иброз дошт Шабнам Ҳафизова.
Ҳоло дар кишвар курсҳои омӯзишӣ барои барномасозӣ дар ноҳияҳои дурдасти мамлакат вуҷуд надоранд. Ба иттилои Шабнам Ҳафизова, ҷиҳати бартараф намудани ин мушкилот роҳбари Марказ ният дорад, ки барои минтақаҳои дурдаст курсҳо ташкил кунад ва умед аст, ки аз минтақаҳои дурдаст низ, барномасозони хуб пайдо хоҳанд шуд.
 
Дилноза ҲУКМАТУЛЛОЕВА, "Ҷумҳурият"
Санаи нашр: 16.05.2023 №: 102
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив