ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » НБО “СЕБЗОР”.  САНГИ АСОС ГУЗОШТАНИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ МАСЪУЛИЯТРО ДУЧАНД МЕКУНАД

НБО “СЕБЗОР”.  САНГИ АСОС ГУЗОШТАНИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ МАСЪУЛИЯТРО ДУЧАНД МЕКУНАД

18 май 2023, Панҷшанбе
26
0
Бунёди Неругоҳи барқи обии “Себзор” бо супориши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳандозӣ гардида, ба беҳбуд бахшидани сифати зиндагии аҳолӣ нигаронда шудааст.  29  июли соли 2015, ҳангоми  сафари корӣ дар  Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, Президенти мамлакат  Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Барҷангали Ҷамоати деҳоти ба номи Мирсаид Миршакари ноҳияи Роштқалъа бо гузоштани санги асос ба бунёди Неругоҳи барқи обии “Себзор” оғоз бахшиданд. Лоиҳаи мазкур аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ширкати “Помир энерҷӣ” бо дастгирии молиявию техникии шарикони рушд амалӣ мегардад. 
Чанде пеш раиси ВМКБ зимни сафари корӣ ба ноҳияи Роштқалъа бо ҳамроҳии директори генералии Ширкати “Помир энерҷӣ” Амрихон Раҳимов аз  НБО “Себзор” боздид ба амал овард. Тавре Амрихон Раҳимов иттилоъ дод, сохтмони НБО “Себзор” бо иқтидори лоиҳавии 10 мегаватт бо истеҳсоли солонаи неруи барқ дар ҳаҷми 60 миллион кВт бо супориши Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  дар «Барномаи дарозмуддати бунёди силсилаи неругоҳҳои барқии хурд дар давраи солҳои 2009 – 2020»   ворид  шуда, барои сохтмони Неругоҳ беш аз 180 миллион сомонӣ равона мегардад. Сохта ба истифода додани НБО “Себзор” ба он мусоидат менамояд, ки на танҳо амнияти таъминоти аҳолӣ  бо барқи хушсифат боз ҳам беҳтар гардад, балки коргоҳу  корхонаҳои саноатии бештар ба кор дароварда шаванд. 
Ҳангоми боздид аз толори танзими неруи барқи иншоот ба раиси вилоят иттилоъ доданд, ки ин толор бо таҷҳизоти худкори рақамӣ ва дастгоҳи идорашавандаи фосилавӣ муҷаҳҳаз гардидааст, ки ин эътимоднокӣ ва бехатарии фаъолияти неругоҳро таъмин менамояд. Бо ба кор андохтани ин Неругоҳ  тавассути таҷҳизоти насбгардида неруи барқи истеҳсолшуда ба шабакаи ягонаи барқии вилоят пайваст мешавад. Барои тезондани ҷараёни корҳои заминӣ техникаву таҷҳизоти зарурӣ ба кор ҷалб гашта, дар назар аст, ки пас аз фурсати кӯтоҳ таҳкурсӣ барои пойгоҳҳои барқистеҳсолкунанда бунёд мегардад. 
Айни ҳол кор дар ин иншоот мувофиқи нақша, новобаста аз буҳрони молиявии ҷаҳонӣ идома дорад. Сохтмончиён сари вақт бо маводи зарурии сохтмонӣ, техникаву таҷҳизот таъмин мешаванд. 
Раиси ВМКБ зимни боздид аз маҳали сохтмони сарбанди Неругоҳ ва ҳавзи танзими шабонарӯзӣ ба масъулони сохтмон дастур дод, ки ҷиҳати сари вақт ва бо сифати баланду мувофиқ ба меъёрҳои байналмилалӣ анҷом додани корҳои сохтмонӣ чораҳои таъхирнопазир анҷом диҳанд. Дар ҳамин ҳол гуфта шуд, ки баъди тахту ҳамвор намудани ҷойи сохтмони сарбанд ва оғози корҳои сохтмонӣ дар ҳавзи танзими шабонарӯзӣ ва канали асосӣ теъдоди сохтмончиён ба беш аз 300 нафар хоҳад расид. Айни ҳол  беш аз 150 нафар ҷавонони шаҳру ноҳияҳои вилоят дар ин иншоот ба кор машғуланд. Ҳаҷми умумии об барои ба кор даровардани чархаҳои Неругоҳ 12 метри мукаабро дар бар гирифта, ин микдори об имконият медиҳад, ки Неругоҳ бо тавоноии 11 мегаватт ба кор дароварда шавад.
 
Раҳмони ГУЛЗОР, “Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 17.05.2023 №: 103
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив