ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ШОҲБОНУЕ АЗ ДИЁРИ УСТОД АЙНӢ

ШОҲБОНУЕ АЗ ДИЁРИ УСТОД АЙНӢ

18 май 2023, Панҷшанбе
22
0
 
Ман чашм ба чашми омӯзгори номвар, бонуе, ки 50 соли умри наҷибашро барои тарбияи насли наврас бахшидааст ва  ҳоло сарварии мактаби  хусусии “Андешаи пок”-ро ба дӯш дорад, Матлубабону Тошева нишастаам. Ӯ китоби қиссаҳои ширини зиндагиашро варақ мегардонаду суҳбатро оғоз менамояд:
- Бухоро ин куҳандиёри азизу шарифро ба хотири бузургоне мисли  Рӯдакиву Айнӣ дӯст доштаму то ҷовидон дӯст хоҳам дошт. Ин куҳаншаҳри навтаҷалло, ки аз ҳар бому дараш садои шеъри тоҷикӣ меомаду имрӯз ҳам аҳён-аҳён мешунавем, ошиқона мепарастидам. Ҳоло ҳам ҳар гоҳе Бухоро равам, аввал боғи Исмоили Сомониро тамошо карда, сипас, мақбараи Хоҷа Баҳоваддини Нақшбанду Шайх Абдухолиқи Ғиждувониро ҳатман зиёрат мекунам. Тамоми бурҷу бораву кохҳои муҳташамашро  акс гирифта, ба Душанбе меорам, то пасон бо диданашон хуморамро бишиканам.
Забони тоҷикӣ бароям аз қанду ангубин ширинтар аст, гумон мекунам, забоне ки бо ин шириниву равонӣ  андар олам шояд набошад ва бароям мисли парастуи хушпайғомест, ки аз олами меҳру муҳаббат башоратам меорад.
Оре, ман дар он маконе таваллуд шудаам, ки устод Айнии бузургвор низ он ҷо ба дунё омадаанд. Ман дар  шаҳри Ғиждувони Бухоро таваллуд ёфтаму дар ҳамин ҷо ба воя расидаам.  Чун худро шинохтаму мактабхон шудам, аз китоби ҷуғрофия ва таърих дар радифи дигар кишварҳои дунё ҳамсояи қаринамон – Тоҷикистонро   дарёфтам. Номи адибону олимони машҳури тоҷикро медонистам, асарҳои устодон Айниву Турсунзодаро мехондам. 
Ҳарчанд асарҳои ба забонӣ ӯзбекӣ тарҷума шудаи Айниро ба мо тавсия медоданд, “Ёддоштҳо”, “Ятим” ва “Одина”-и ӯро мехостам ба забони худи адиби маъруф ёфта бихонам. Устод Турсунзодаро низ ҳамин тавр ба забони модариаш мехондаму “Ҷони ширин”-ашро аз ёд медонистам. Ҳамаи ин сабаб шуду баъди хатми  мактаби миёна Бухороро падруд гуфтаму ба Тоҷикистон – кишвари ақлҳои ҷаҳонгир барои таҳсил омадам. Дар Донишкадаи омӯзгории ба номи Т.Г. Шевченко (ҳоло Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи  С. Айнӣ) ба факултаи таърих дохил шуда, соҳиби диплом гаштам. Тули панҷ соли донишҷӯӣ Тоҷикистонро боз дӯсттар доштам, дугонаҳоям ҳама духтарони тоҷик буданду аз онҳо забони тоҷикиро хубтар ёд гирифтам. Ба лаҳҷаи ҳар гӯшаи Тоҷикистони азиз низ, ошноӣ  пайдо кардам. 
Он рӯзгор расме буд: баъди хатми донишгоҳҳо ҳатман  онҳое, ки аз дигар ҷумҳурӣ барои таҳсил омада буданд, ба кишвари худашон бояд бармегаштанд. Ман низ ба зодгоҳам  Ғиждувон баргаштам ва ҳамчун омӯзгори фанни таърих ба кор оғоз кардам. Аммо  дилам ҳамеша шефтаи Тоҷикистон буд ва дуо мекардам: “Кош боз ба Тоҷикистон баргардам”. Шояд фариштаҳо дуои маро омин гуфтанд, ки   боз ба Тоҷикистон баргаштам.
Сараввал  9 сол дар мактаби № 10-и шаҳри Душанбе ба ҳайси омӯзгори фанни таърих фаъолият доштам. Дар ин муддат ҳамеша талош мекардам, ки шогирдонамро дар руҳияи худшиносӣ ва ватандӯстӣ тарбият намоям. Фаъолияти кории ман танҳо 45 дақиқаро фаро намегирифт, балки ҳамвора бо шогирдон будам.  
Баъдан, соли 1984 маро роҳбари мактаби миёнаи рақами 38 - и шаҳри Душанбе таъин намуданд. 32 сол доштаму ин мактаб яке аз таълимгоҳҳои бузургу номдори шаҳр буд. Нахуст, ба худ суол додам: “Оё метавонам дили ҳар омӯзгор ва шогирдро ба даст орам?  Оё мани навкор метавонам фарҳанги ҳамзистӣ  ва тафаккури ҳамдигарфаҳмиро дарк намояму фаъолиятамро аз эҳтироми ҳамдигар оғоз бахшам? Оё дили омӯзгорони ношиносро меёфта бошам?”
 Хушбахтона, мардуми тоҷик, ки бохираду бофарҳанганд, маро хуб истиқбол намуданд ва якҷоя  то соли 1991 пурсамар фаъолият намудем. Дар  ҳамкорӣ бо омӯзгорони хуби мактаб шогирдоне бо рафтору кирдори неку тарбия намудем.
Солҳои 90-уми садаи гузашта ба ҳама пайдост, ки дар тамоми дунё дарҳамбарҳамиҳои зиёде рӯй медоданд, аз ҷумла дар  Тоҷикистони соҳибистиқлолу азизи мо низ, ба сари мардум рӯзҳои сахту мушкил омад, бавижа, дар Душанбе зистан хеле мушкил шуд. Модару бародаронам ҳар лаҳза занг зада мегуфтанд, ки ба Бухоро баргард. Дар ҷавоб мегуфтам: “На! Дар рӯзҳои шодмонии Тоҷикистон ҳамеша дар канорашу  шодишарик будаму дар айёми ғаму ғуссааш ғамшарик набошам, ӯро падруд бигӯям? Ҳаргиз не! Бо Тоҷикистон мемонам ва дар Тоҷикистон мемирам!” 
Аз соли 1991 раёсати маорифи шаҳри Душанбе роҳбарии мактаби таҳсилоти миёнаи умумии № 15-и ноҳияи Роҳи оҳан (ҳоло ноҳияи Шоҳмансур) - ро ба дӯшам гузоштанд. Мактабро аз хонаам беҳтару хубтар медонистам, ки кам не. Гули гулдону ниҳолакони сабзашро модарона навозиш мекардам, ба тарзи либоспӯшии шогирдонам сахт аҳамият медодам, намегузоштам духтарон ба фарҳанги бегона пайравӣ карда, ба тан либосҳои бегона бипӯшанд. Оре, дар ҳама ҷода кӯшиш мекардам, ки дар шаҳри Душанбе мактаби мо беҳтарин бошад. Ин талоши ҳамешагии ману ҳамкоронамон буд, ки  ду навбат солҳои 1994-2001 МТМУ № 15 дар озмуни “Мактаби зеботарини пойтахт” ғолибият ба даст овард.
Хушбахтона, рӯзгоре шуд, ки ба шарофати бузургмарде аз табори озодагон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Ватани ман – Тоҷикистони азиз ва Душанбеи нурониям, ки дар ҳамин шаҳри пурнишот бахтамро ёфтам, боз сабзу гулафшон шуд. Имрӯз шаҳри офтобии мо бо омадани шаҳрдори ҷавону кордон Рустами Эмомалӣ зеботарин шаҳри оламро мемонад...
Бояд бигӯям, ки Матлубабону аз хизматҳое, ки барои Тоҷикистон намудааст, танҳо аз сад яктоашро  қисса намуду халос. Хуб медонам, ки  ӯ дар тули фаъолияти хеш дасти садҳо ниёзмандро гирифтаву кумаки беғараз намудааст. Садҳо шогирдони хуб тарбия кардааст, ки имрӯз дар ҷомеаи мо барои Тоҷикистони азиз заҳмат мекашанд.  Саҳми ӯ дар татбиқи амалии қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи маориф”, ”Дар бораи забон”, “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо” ва бавижа “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”, беандоза аст.
Матлуба Турсуновнаро ман  аз солҳои 90 - ум мешиносам ва даҳҳо бор дар чорабиниҳои МТМУ № 15, ки ӯ роҳбараш буд, иштирок доштам. Ҳамеша эҳсос менамудам, ки Матлубабону адабиёту забони тоҷикиро ошиқона дӯст медорад. Ҳатто аз ҳисоби худаш  барои шогирдоне, ки ҳунари шеърнависӣ доранд, шоиреро маош медод, ки ҳар ҳафта 2 бор ба онҳо дарси шеър гузаронад. Ҳамчунин, чанд китобаки шеъри шогирдонашро мунташир намуд. Ба қалами худаш мақолаву дастурҳои методии зиёде тааллуқ доранд. Дастурҳои “Роҳҳои муассири омӯзиши фанни таърих”, “Роҳбари синф”, “Мавқеъ, мақом, вазифаи хизматӣ, нақшаи кор” ба омӯзгорони зиёде дар ташкили кори таълиму тарбия кумак расондаанд. Инчунин, муаллифи китоби “Ватан – ифтихорам туӣ” мебошад. Ҳамин буд,  ки соли 2004 дар озмуни касбии “Директори сол” ғолиб гардид. Ду даъват вакили Маҷлиси  вакилони халқи ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе интихоб шуд. Дар ҷавоби хизматҳои беандоза ва таълиму тарбияи насли наврас Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ӯро бо медали Хизмати шоиста қадр намудааст.
Айни замон Матлубабону мактаби шахсие барои кӯдакони боистеъдод бо номи фалсафии “Андешаи пок” созмон дода, чандин кӯдаки боистеъдодро ба таҳсил фаро гирифтааст. Бо 3 забон: тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ шогирдон таҳсил менамоянд. Имсол  кӯдакони мактаб синфи аввали хонишро ба поён мерасонанд. Яъне, Матлуба бо донишу хислатҳои матлуб тавонист боз чандин нафарро соҳиби ҷойи кор намояд. Омӯзгорони зиёди шоиста дар ин даргоҳи ақлу заковат фаъолият мекунанд. 
Оре, ҳама кори накуе, ки аз дасти як зан меояд,  Матлубабону барои рушди мактабу  маориф ва ба манфиати ҷомеа сомон медиҳад.  
 
Шаҳрия АҲТАМЗОД, барандаи Ҷоизаи адабии ба номи  Мирзо Турсунзода
Санаи нашр: 17.05.2023 №: 103
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив