ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ҶИНОЯТ  ВА ҶАЗО

ҶИНОЯТ  ВА ҶАЗО

18 май 2023, Панҷшанбе
33
0
ҚАЛЛОБӢ
Милитсия ба дасти марде, ки пулро гирифту барнагардонд, завлона зад
 
Кормандони мақомоти милитсия як сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафуровро ба гумони содир намудани ҷинояти қаллобӣ дастгир намуданд.
Бино ба иттилои маркази матбуоти Вазорати корҳои дохилӣ, боздоштшуда, ки аз ӯ марди 33-сола ном бурда мешавад, ҳанӯз охирҳои соли 2018 ва аввалҳои соли 2019 даст ба чунин кирдори ҷиноятӣ задааст. Ин мард бо роҳи фиреб ба бовари марди 46-солаи сокини шаҳри Бӯстон даромада, аз ӯ 70 ҳазор доллари ИМА гирифта, то кунун танҳо 2 ҳазорашро баргардондаасту халос.
Феълан дар робита ба ин ҳодиса, бо моддаи 247 қисми 4 Кодекси ҷиноятӣ (қаллобӣ ба миқдори махсусан калон) парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.
 
 
 
МАЙДААВБОШӢ
Ҳабси маъмурии сокини  «тамйизкор»-и пойтахт
  
Суди ноҳияи Синои шаҳри Душанбе сокини пойтахт Зиёдулло Хоҷаевро бар асоси моддаи 460 (майдаавбошӣ) Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ба муҳлати 7 шабонарӯз ҳабси маъмурӣ кард.
Маҳкумшуда, ки аз ҷониби кормандони мақомоти корҳои дохилӣ боздошт гардид, 10 май 7 адад борхалтаи партовро қасдан ба назди бинои баландошёнаи кӯчаи Испечак М10 гузоштааст. Сипас, партовҳоро ба навор гирифта, тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ пахш менамояд, ки боиси нодуруст тасвир ёфтани вазъи воқеӣ гардидааст. 
Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе хабар дод, ки далели чунин сохтакориро маъмурони милитсия тавассути дурбинҳои назоратии атрофи биноҳои баландошёна муайян карданд. 
 
 
 
ДУЗДӢ
Боздошти марди 33-сола бо ин ҷурм
 
Як сокини ноҳияи Ёвон (марди 33-сола), ки ҳанӯз 10 январ 2 телефони мобилиро дуздида буд, ба дасти милитсия афтод.
Тибқи иттилои сомонаи ВКД, ин нафар, ки ҳоло бо гумони содир намудани ҷинояти дуздӣ боздошт шудааст, телефонҳои мобилиро аз дохили мошини шахсии марди 67-солаи сокини ноҳияи Ёвон, ки дар назди бозори марказии ноҳия қарор дошт, бо худ бурдааст.
 
Шуъбаи ҳуқуқи рӯзномаи «Ҷумҳурият»
Санаи нашр: 17.05.2023 №: 103
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив