ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ЛАХШ. ИТТИҲОДИ АВРУПО БА КИШОВАРЗОН ТЕХНИКА ТАҚДИМ КАРД

ЛАХШ. ИТТИҲОДИ АВРУПО БА КИШОВАРЗОН ТЕХНИКА ТАҚДИМ КАРД

18 май 2023, Панҷшанбе
23
0
 
Лоиҳаи рушди фарогири деҳот TRIGGER Иттиҳоди Аврупо (ИА) ба деҳқонони чаҳор Ҷамоати деҳоти (Лахш, Лахши Боло, Сурхоб, Сари Тал)-и ноҳияи Лахш ба маблағи умумии 3 миллиону 882,4 ҳазор сомонӣ бо ширкати муовини директори Лоиҳаи рушди фарогири деҳот TRIGGER ИА, ҷаноби Франк Куклински, раиси ноҳияи Лахш, Каромиддин Холзода, раиси Ҷамоати деҳоти Лахш Маҳмазариф Воҳидов, намояндагони Ташкилоти ҷамъияти (ТҶ) “Рушди муносибатҳои миёнамарзӣ дар ноҳияи Ҷиргатол’’ ва дигар хоҷагиҳо техникаи кишоварзӣ тақдим намуд.
 
ТҶ “Рушди муносибатҳои миёнамарзӣ дар ноҳияи Ҷиргатол’’ соҳиби 10 трактори чорчарха, 10 трактори дучарха ва 128 мошини дорупошӣ’ шуд. Ноҳияи Лахш барои тавлиди тухмии картошка ва таъмини амнияти ғизоӣ дар Тоҷикистон аз лиҳози стратегӣ муҳим аст, аммо барои кишоварзони маҳаллӣ техника ва мошинолоти кишоварзӣ намерасанд. Асосан, техникаи куҳна истифода бурда мешавад, ки ин кори мавсимии фермерҳоро кашол дода, сифати кор, ҳосилнокии меҳнат ва даромади кишоварзонро кам мекунад.
Тракторҳо дар чаҳор Ҷамоати деҳот барои 400 хоҷагии деҳқонӣ дар шудгори зиёда аз 1000 гектар замин, ҷамъоварии алаф, ҳосилғундорӣ ва дигар корҳои кишоварзӣ ёрӣ мерасонанд. Техникаи кишоварзӣ маҳсулнокии корро афзуда, иқтисодиёти маҳаллиро пеш мебарад, сифат ва сари вақт ҷамъ овардани ҳосилро таъмин месозад.
– Бо маблағҳои ИА мо омӯзиши мушовирони деҳаро маблағгузорӣ кардем, гурӯҳҳои истеҳсолӣ таъсис додем ва картошкаи тухмиро ворид намудем. Якҷоя бо шарики маҳаллӣ мо, аллакай, дар самти касбият ва афзоиши даромади истеҳсолкунандагони маҳаллӣ ба пешравиҳои муҳим ноил гардидем. Ба шарофати маблағҳои иловагии Иттиҳоди Аврупо барои хариди таҷҳизот ва техникаи баландсифат грантҳои дахлдор ҷудо кардем. Мо барои ҳамкорӣ ба Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Лахш ва роҳбарони ТҶ “Рушди муносибатҳои миёнамарзӣ дар ноҳияи Ҷиргатол’’, ки ин имконро фароҳам овардаанд, изҳори сипос мекунем, – гуфт ҷаноби Франк Куклински. 
 
Шарофат АШУРОВА, телефон: (+992) 987-27-00-46, почтаи электронӣ: sharofat.ashurova@giz.de. 
Санаи нашр: 17.05.2023 №: 103
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив