ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » РӮШОН. ЗИЁНИ КАЛОНИ ЯК МУШКИЛИ КӮЧАК

РӮШОН. ЗИЁНИ КАЛОНИ ЯК МУШКИЛИ КӮЧАК

19 май 2023, Ҷумъа
26
0
 
Бошандагони ноҳияи Рӯшони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба намояндагии рӯзномаи “Ҷумҳурият” аз он изҳори нигаронӣ карданд, ки дар дарёфти хизматрасонии нотариалӣ бо мушкилот мувоҷеҳанд. Гап дар сари он аст, ки имрӯз дар ноҳия идораи нотариалӣ куллан вуҷуд надорад ва сокинон барои дарёфти чунин хизматрасонӣ сарсону саргардон мешаванд. 
Масалан, шаҳрванд Занҷирбекова Бунафша, аз деҳаи Баррушони ҳамин ноҳия, нақл кард, ки, "хостам аз идораи нотариалии давлатӣ боваринома гирам, вале ба ман гуфтанд, ки дар мо идораи нотариалӣ нест, ба маркази вилоят – шаҳри Хоруғ рафтан лозим мешавад. Рӯзи дигар ва пас аз он ҳам аз деҳаи Баррушон мошин ба Хоруғ намерафт, лоҷарам, то маркази ноҳия омада, аз ин ҷо рӯзи дигар ба Хоруғ омадам. Аз ин ҷо маро ба маркази ноҳияи Шуғнон фиристонданд. Хайрият, дар идораи нотариалии ноҳияи Шуғнон навбати довталабони дарёфти амалиёти нотариалӣ зиёд бошанд ҳам, маро бо хушнудӣ қабул карданд, вале барои гирифтани боваринома ба ман лозим омад, боз як рӯзи дигар ба ноҳияи Шуғнон рафта биёям. Вале гап сари ин меравад, ки ин қадар сарсону саргардон кардани сокинони як ноҳия ба кӣ даркор аст? Он рӯз дар автобусе, ки ба Хоруғ омада будам, қариб 20 нафар барои гирифтани боваринома ва дигар ҳуҷҷатҳои нотариалӣ саргардон буд".
Бале, ин мушкилоти як Бунафша Занҷирбекова нест. Ҳамарӯза даҳҳо нафар сокинони як ноҳияи калонтарини вилоят ба чунин мушкилот мувоҷеҳ мешаванд. Ба хизматрасониҳои нота-риалӣ сокинони деҳоти дурдасти водии Бартанг ҳам ниёз доранду ҳам маркази ноҳияву деҳоти поён аз марказ ҳам. Наход ин мушкили сокинони ноҳияро дастандаркорони соҳа ҳал карда натавонанд?
Бо мақсади фаҳмидани вазъи воқеӣ хабарнигори рӯзнома бо сардори раёсати адлияи вилоят Алихониён Қаландар ҳамсуҳбат гардид. Номбурда арз кард, ки аз мушкилоти сокинони ноҳияи Рӯшон дар ин самт Вазорати адлияи кишвар ҳам огоҳ аст ва ҷиҳати мушкилоти ҷойдошта чораҷӯӣ менамоянд. Ба гуфтаи Алихониён Қаландар, аз моҳи июли соли 2022 дар ноҳияи Рӯшон ҷиҳати ба синни ниҳоии нафақа расидани нотариуси ноҳия ва ба ин сабаб аз кор озод шуданаш фаъолияти идораи нотариалии давлатӣ муваққатан қатъ карда шудааст. Мутобиқи моддаи 24 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи нотариати давлатӣ” ба мансаби нотариуси давлатӣ шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки таҳсилоти олии ҳуқуқшиносӣ дошта, забони давлатиро медонад, на камтар аз се сол собиқаи кории касбӣ дошта, дар идораи нотариалии давлатӣ коромӯзиро гузашта, имтиҳони тахассусиро супурдааст, таъин мешавад. Бо назардошти талаботи қонунгузорӣ ва ба мақсади ҳалли масъала бо фармоиши вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон як мутахассиси ҷавон бо маълумоти олии ҳуқуқшиносӣ барои коромӯзӣ ба муддати 6 моҳ ба идораи нотариалии давлатии вилоят ҳамчун нотариус-коромӯз фиристонда шуд. Баъди анҷоми муҳлати коромӯзӣ мутахассиси мазкур барои кори доимӣ ба ноҳияи Рӯшон фиристонда мешавад. Ҳамзамон, бо фармоиши вазири адлияи кишвар нотариуси ноҳияи Шуғнон вазифадор гардид, ки айни ҳол ҳафтае 2 маротиба ба ноҳияи Рӯшон сафар карда, амалиётҳои сайёри нотариалӣ ташкил намояд.
Тавре аз суҳбат бо сардори раёсати адлияи вилоят бармеояд, масъулони соҳа дар самти ҳалли мушкилоти сокинони ноҳия чораҷӯӣ карда бошанд ҳам, мушкилот ҳамоно боқӣ мондаанд ва дар ояндаи наздик ҳам ҳалли худро намеёбанд, зеро мутахассиси навкор, яъне нотариус-коромӯзи зикргардида камаш баъди 6 моҳ ҳуқуқ пайдо мекунад, ки мустақилона амалиётҳои нотариалиро гузаронад ва он ҳам дар ҳоле, ки имтиҳони тахассусиро супорад. Агар ин мутахассис аз имтиҳони тахассусӣ нагузарад-чӣ? Дигар саволи матраҳ ин аст, ки чаро масъулони соҳа, албатта, аниқ медонистанд, ки синну соли нотариуси ноҳияи Рӯшон ба ҳадди ниҳоии нафақа мерасад, чаро то ба нафақа гусел намуданаш ба ҷойи ӯ мутахассис омода накардаанд? Ё магар беҳтар намебуд, ки аз рӯи зарурияти воқеӣ, ба таври истисно то омадани кадри нав ба нотариуси пештара имконият дода мешуд, ки амалиётҳои нотариалиро дар ноҳия анҷом диҳад? Аммо баъзе аз сокинони ноҳияи Рӯшон пешниҳод мекунанд, ки агар ташкили идораи нотариалӣ дар худи Рӯшон айни ҳол имконнопазир бошад, онҳоро дар идораи нотариалии вилоят қабул намоянд, беҳтар аст, зеро ақаллан роҳкирои мошинҳо аз шаҳри Хоруғ то ноҳияи Шуғнон рафтану омадан дар кисаашон мемонад. Аммо дар раёсати адлияи вилоят шарҳ доданд, ки зиёд будани сарбории идораи нотариалии давлатии вилоятӣ имкон намедиҳад, ки сокинони ноҳияи Рӯшон ҳам дар ин ҷо қабул карда шаванд. “Шояд баъди нашри муроҷиатамон дар рӯзномаи "Ҷумҳурият" мушкиламон ҳалли худро пайдо намояду мо аз саргардониҳои зиёдатӣ халос шавем”, – изҳори умед мекунанд сокинони ноҳия.
 
Раҳмони ГУЛЗОР, “Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 18.05.2023 №: 104
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив