ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ОИЛА МУҚАДДАСТАРИН РУКНИ ҶОМЕА

ОИЛА МУҚАДДАСТАРИН РУКНИ ҶОМЕА

19 май 2023, Ҷумъа
16
0
Дар истироҳатгоҳи "Кохи Малика"-и ноҳияи Варзоб чорабинии ҷумҳуриявӣ бахшида ба Рӯзи байналмилалии оила таҳти унвони "Оила муқаддастарин рукни ҷомеа ва давлат" бо иштироки муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Матлубахон Сатториён, доир гардид.
Дар оғози чорабинӣ намоиши молу маҳсулот, дастовардҳои аҳли шаҳраку деҳоти ноҳия ва таомҳои миллӣ ташкил шуд.
Матлубахон Сатториён иштирокдоронро бо Рӯзи оила шодбош гуфта,  барояшон зиндагии хушбахтона ва тарбияи насли солим, фарзандони бонангу номус, ватандӯст, бо илму маърифат ва нексириштро таманно кард. Мавсуф  таъкид дошт, ки имрӯзҳо давлати мо ба марҳилаи тозаи пешрафт расидааст. “Моро лозим аст, ки барои таҳкими волотарин арзишҳои инсониву ахлоқӣ, эҳтироми якдигар, муҳаббату самимият, гиромидошти оила ва волидону фарзандон фаъолият намуда, ҷиҳати пешгирии  пошхӯрии оилаҳо ҳиссагузор бошем”, – гуфт М. Сатториён.
Дар рафти чорабинӣ ҷашни хонадоршавии ҷавонон бо супурдани шаҳодатномаи ақди никоҳ ва шаҳодатномаи таваллуд ба кӯдакони навзод баргузор гашт. 
Ҳунармандони ҷумҳурӣ барномаи рангини ҳунариро пешкаши ҳозирон гардонда, ба чорабинӣ ҳусну таровати тоза бахшиданд.
 
Латифабону РУСТАМЗОДА, "Ҷумҳурият"
Санаи нашр: 18.05.2023 №: 104
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив