ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ҲАМА БА ДАВИ МИЛЛӢ!

ҲАМА БА ДАВИ МИЛЛӢ!

19 май 2023, Ҷумъа
18
0
Тибқи анъанаи роиҷ, ҳамасола охири ҳафтаи сеюми моҳи май дар Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи ҷавонон Дави миллӣ баргузор мегардад.
Бар пояи иттилои масъулон, ин чорабинии бошукӯҳ дар шаҳри Душанбе 21 май соати 7:00 шуруъ мешавад. Сабқат дар масофаҳои 3,5 ва 10 километр аз маҳаллаи Чорбоғ оғоз гашта то “Наврӯзгоҳ»-и пойтахт идома меёбад.
Ҳамчунин, дар ин рӯз мусобиқаи велосипедронӣ миёни наврасону ҷавонон ва калонсолон сурат мегирад. 
Мақсад аз баргузории чорабиниҳо таъмини оммавияти варзиш байни сокинон ва рушди соҳа мебошад.
 
 
ПАРАПЛАНЕРИЗМ
Тоҷикистон аввалин маротиба мизбони мусобиқаи байналмилалӣ
Бори аввал дар кишвар бо ташаббуси  Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва Федератсияи парапланеризм ва воситаҳои парвозии сабуки Тоҷикистон Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба парапланеризм барои дарёфти Ҷоми пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон- шаҳри Душанбе баргузор мегардад.
Мусобиқа 20-21 май дар кӯҳдоманҳои “Курпаӣ” (ноҳияи Рӯдакӣ) ва “Харангон” (Варзоб) мегузарад. 
Дар чорабинӣ варзишгарони кишварҳои ИМА, Франсия, Россия, Ҳиндустон, Қазоқистон, Ӯзбекистон ва Тоҷикистон  ширкат меварзанд.
 
 
 
ЛИГАИ ЧЕМПИОНҲО
“Интер” ва “Манчестер Сити” дар финал
Дастаи “Манчестер Сити” дар бозии ҷавобии  марҳилаи нимниҳоии  Лигаи чемпионҳо ба дарвозаи тими “Реал” (Мадрид) чор голи беҷавоб зада, аз рӯйи натиҷаи ду вохӯрӣ бо ҳисоби 5:1 ба финал баромад. 
Ба маълумоти sport-express.ru, “Интер” бо шикаст додани “Милан” бо натиҷаи умумии 3:0 барои қаҳрамонӣ мубориза мебарад.
Қувваозмоии финалӣ 11 июн дар варзишгоҳи Ataturk Olympic Stadium (Истамбул, Туркия) доир мегардад.
 
 
«ФЕЙЕНООРД» – БОРИ 16-УМ ЧЕМПИОНИ НИДЕРЛАНДИЯ
Дастаи «Фейеноорд»-и Роттердам бо шикаст додани тими «Гоу Эхед Иглс» (3:0) дар даври 32-юм ду давр қабл аз анҷоми чемпионати Нидерландия ғолиби Эредивизи шуд. 
Бино ба ахбори сомонаи matchtv.ru, ин 16-умин унвони қаҳрамонӣ дар таърихи даста ба ҳисоб меравад. 
 
Маҳмуд БАҲРОМ, шореҳи варзиш
Санаи нашр: 18.05.2023 №: 104
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив