ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ШОМИ ШАНБЕ

ШОМИ ШАНБЕ

22 май 2023, Душанбе
56
0
 
ИНТЕЛЛЕКТ +
Рубрикаи «Интеллект +» охири ҳар моҳ ҷамъбаст гардида, иштирокчие, ки ба чор муаммо ҷавобҳои дуруст пешниҳод мекунад, бо мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 500 сомонӣ сарфароз мешавад. Инчунин, нафаронеро, ки саволу муаммо, мисолу масъала ва филворду кроссвордҳои ҷолиб пешкаш менамоянд, мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 300 сомонӣ интизор аст.
 
КРОССВОРДИ «ФАЗИЛАТИ ЗАН»
Даҳ чизе, ки мавҷудияташон занро соҳибэҳтиром мегардонад.
1. Ҳусн, номи занона
2. Тарсанда аз Худо
3. Тараҳҳум
4. Созиш
5. Зиннатёфта
6. Асилӣ
7. Рӯй
8. Лабханд
9. Мурод
10. Ба дида ҷо шудан
 
Таҳияи Ҷумъагул НАЗАРОВА, сокини шаҳри Ваҳдат
 
ҶАҲОНОРО БОРОНОВА, МАНУЧЕҲРИ САИД ВА ҲОТАМИ ҲОМИД
ғолибони рубрикаи «Интеллект+»
Рубрикаи навбатии «ИНТЕЛЛЕКТ+»-и саҳифаи «Шоми шанбе» ҷамъбаст гардид. 
Ҳамарӯза аз гӯшаву канори кишвар нафарони зиёде бо мо тамос гирифта, ҷавобҳои худро ба кроссворду пурсишҳои саҳифа пешниҳод менамоянд. Ин дафъа тибқи хулосаи ҳайати ҳакамон миёни ширкаткунандагон Ҷаҳоноро Боронова, сокини ноҳияи Рӯдакӣ барои пешниҳоди ҷавобҳои дуруст, Манучеҳри Саид, сокини шаҳри Душанбе ва Ҳотами Ҳомид, корманди ҳафтаномаи “Омӯзгор” барои пешниҳоди муаммову чайнвордҳо ғолиби рубрика дониста шуданд.
Бо мо ҳамкорӣ намоед!
 
Телефон: 238-53-40
Вайбер: 93-547-00-05, bzm_701@mail.ru
Масъули рубрика Зулола БОБОРАҶАБОВА
 
 
БУЗУРГТАРИН  РОҲИ  МЕТРО
Калонтарин роҳи метро, ки масираш аз қаторкӯҳҳои Олфи Австрия, Олмон ва Италия мегузарад, мавриди истифода қарор гирифт. Истгоҳи аввал Австрия ва охираш Италия мебошад. Он қисмати шимоли Аврупоро ба ҷанубаш мепайвандад. Нахустин мусофирони ин нақлиёти тезсуръат роҳбарони кишварҳои Олмон, Италия ва Австрия буданд. Дарозии хатсайри он 57 километр буда, дуву ним километри он аз зери замин мегузарад. Сохтмони ин роҳ бо ҷалби 2600 коргар дар 17 сол бо харҷи зиёда аз 12 миллион доллар бунёд шуд.
 
Таҳияи Кароматулло АТО
 
 
 
ҚАСОСИ ВИҶДОН
Аз суҳбати ду депутат:
- Викторович! Баъди садама бисёр озурда метобед, шукр сиҳату саломатед, мошин бошад хизматӣ-ку, чӣ ташвиш мекашед?
- Бале,  Михалич, каме озурдаам, номзадиямро гашта мегирам.
- Ту чиҳо мегӯӣ?
- Метарсам, ки акнун виҷдон аз ман қасос мегирад. 
- Чӣ хел?
- Худат фикр кун, охир ман дар роҳе ба садама афтодам, ки аз рӯи ваъдаҳоям панҷ сол пеш бояд таъмир мешуд, ба пойдевори боғчае бархурдам, ки панҷ сол пеш худам санги асос гузошта будаму кайҳо бояд месохтам ва, ниҳоят, ба вазнинхонае афтодам, ки се навбати депутатӣ «нав мекунам» гуфта ваъда медиҳам. 
- Парво накун, дӯстам, мо ҳамаамон ҳамин хел ваъда медиҳем. Қасос гирифтани виҷдон сафсатае беш нест.
- Сафсата ҳаст ё не, Михалич, ваъда додам, ки ба по хезам, навсозии қабристонро аз ҳисоби худам сар кунам. 
 
Аз русӣ тарҷимаи Ҳалима ҚУРБОНАЛӢ
 
  
 
ДИҚҚАТ:  РУБРИКАИ НАВ!
«ЭКОЛОГИЯ ДАР ДАЛЕЛУ РАҚАМҲО»
Асри ХХ таҳти шиори «Мо аз табиат тараҳҳумро интизор шуда наметавонем. Онро ба фоидаи худ истифода бурдан вазифаи мост» сипарӣ гашт. Одамон то ҳол донишҳои худро оид ба табиат ҷиҳати корбурди  бераҳмонаи он истифода мебаранд. Вобаста ба ин,  инсоният пешорӯи мушкилоти азими экологӣ қарор дорад.  
Рубрикаи нави «Шоми шанбе» вазъи экологии ҷаҳонро бо факту рақамҳои дақиқ нишон хоҳад дод. 
 
ҲОЛАТИ КУНУНИИ  АТМОСФЕРА
Ҳар мошини сабукрав соле бештар аз вазни худ гази карбонат хориҷ менамояд. Газҳои ихроҷнамудаи автомобилҳо дар худ 280 номгӯи маводи зараровар доранд. 
Вобаста ба ин, ҳамасола 225 ҳазор одам дар Аврупо аз бемориҳои бо газҳои ихроҷкунандаи автомобилҳо алоқаманд ҷони худро аз даст медиҳад. Экологҳо ва мутахассисони соҳаи тиб бар ин ақидаанд, ки ин нишондиҳанда дар дигар минтақаҳои олам тақрибан 2 маротиба бештар аст. 
Таҳияи М. ТАБАРӢ
 
 
 
НИМШӮХИВУ  НИМҶИДДӢ
АЛОҚА  - МУШКИЛИ №2
Депутат пеш аз маъракаи нави интихоботӣ назди мардум, ба деҳаи дурдасте рафта, ваъда медиҳад, ки чи мушкиле доранд, дар ҷояш ҳал мекунад. 
- Мо ду мушкили асосӣ дорем, - мегӯяд раиси маҳалла, - аввал ин ки беморхона дорему дар он як духтур ҳам намондааст…
Депутат зуд телефони мобилияшро бароварда, гӯё касеро сахт сарзаниш мекунаду барои таъмини духтур ҳамагӣ як рӯз вақт медиҳад.
- Хӯш, интихобкунандагони муҳтарам, мушкили рақами якатон бо як занги телефон ҳал шуд, дуюмаш чӣ буд?
- Дуюмаш ҳамин, ки, рафиқ депутат, дар деҳаҳои мо телевизор намегирад, алоқаи мобиливу телефони дастӣ як тараф истад. 
Таҳияи Фараҳзод ҚУРБОНАЛӢ
 
 
 
ИШҚИ АБАДӢ ОН ВУҶУД ДОРАД
Дар Лондон зане ҳар рӯз ба метро омада, дар платформаи он менишинад, то эълонеро, ки соли 1950 барои мусофирон сабт шуда буд, гӯш кунад. Эълон муроҷиатест ба мусофирон, ки ҳангоми фаромадан эҳтиёт намоянд. Гап сари он аст, ки ҳамин эълони кӯчак бо овози ҷаноби Освалд Лоуренс, шавҳари Маргарет МакКоллум, сабт шуда буд.  
Аз соли 2003 вақте Освалд вафот мекунад, Маргарет ҳар рӯз дар платформаи метро нишаста, овози ӯро гӯш мекард, то ҳузури ҳамсарашро эҳсос созад. Вале, дар замони пешрафти технологияҳои ҷадид сабти зиндаро ба роботи беҷон иваз карданд.
Маргарет аз департаменти нақлиёти Лондон хоҳиш намуд, ки фитаи бо овози шавҳараш сабтшударо ба ӯ диҳанд, то дар хона гӯш кунад. Пас аз шунидани  ин нақли таъсирбахш, ширкат тасмим мегирад, ки эълонро дар ягона истгоҳ – назди хонаи Маргарет барқарор кунад.  Бо чунин як иқдоми аҷиб мақомоти шаҳр ба мо хотиррасон мекунад, ки ишқи абадӣ вуҷуд дорад.
 
Таҳияи Наргис АТОЕВА
 
 
 
 
5 БАСКЕТБОЛБОЗИ БАЛАНДҚАДИ ҶАҲОН
УВАЙС АҲТАЕВ
Дар баскетбол баробари чусту чолокӣ қади баланд низ, асоси муваффақият ба шумор меравад. Тасмим гирифтем, ки ба хонандагони худ дар бораи 5 баскетболбози қадбаланди ҷаҳон маълумот диҳем.  
Дар ин самт Увайс Маҷидович Аҳтаев аз маъруфтаринҳо дар дунёст. Ӯ соли 1930 дар ноҳияи Шатойски Чеченистон ба дунё омада, яке аз баскетболбозони  маъруф дар сайёра маҳсуб меёбад. Дарозии қадаш 2 метру 36 сантиметр ва вазнаш 160 кг буда, аз тамоми қисматҳои майдон тӯбро вориди ҳалқа менамуд. Ӯ дар дастаҳои Вашиндаройи Қафқози Шимолӣ ва «Буревестник»-и Алмаато бозӣ кардааст. Аҳтаев   узви тими миллии СССР ҳам буд. 
Мусобиқаи калонтарин дар фаъолияти варзишиаш Спартакиадаи 1-уми тобистонаи халқҳои СССР дар соли 1956 ба шумор меравад. 
Таҳияи  З. ҚУТБИДДИН
 
 
 
 
ЗИНДОНҲОИ ТАРБИЯТГАР
ГЕЛЗЕНКИРХЕН
МАҲБАСЕ, КИ ЗИНДОНИЁНРО БА ЗИНДАГИИ ШОИСТА ОМОДА МЕКУНАД
Ин маҳбас соли 1998 бо маблағи тақрибан 92 миллион евро дар Олмон сохта шуда, яке аз зиндонҳои замонавӣ дар Аврупо ба шумор меравад. Он аз қисмҳои алоҳидаи мардона ва занона таркиб ёфта, масоҳати умумиаш 100 000 метри мураббаъро дар бар мегирад.
Ҳар қисми зиндон дорои китобхона, майдону толорҳои варзишӣ буда, барои ислоҳи маҳбусон аз хидмати равоншиносон, муаллимону менеҷерҳо ба таври васеъ истифода мешавад. Зимни корҳои ислоҳӣ бо маҳкумшудагон барномаҳои махсуси тарбиявӣ амалӣ мегарданд, то умед ба зиндагии шоиста аз даст нарафта, ҷинояткорон баъд аз адои ҷазо дар масири зиндагии намунавӣ қарор гиранд. 
 
Таҳияи Файёз ФИРӮЗ
 
 
 
 
МУЪҶИЗАҲОИ МУҲАНДИСӢ
КИШТИИ БАҲРӢ
4 ҳазору 300 нафар дар як меҳмонхонаи панҷситорадор зиндагонӣ мекунанд. Онҳо метавонанд аз маркази савдои 130-метраи киштӣ харид намоянд ва дар театри барои 1000 нафар пешбинишуда намоишҳоро тамошо кунанд. 
Ин меҳмонхона 18 ошёна дорад ва дар баҳр шино мекунад. Бузургтарин киштии мусофирбар дар ҷаҳон «Independence of the Seas», ки дар соли 2008 ба баҳр баромад, аз худ як муъҷизаи киштисозиро мемонад. 
Худи мавҷудияти киштӣ натиҷаи таҳаввулоти муҳандисии зиёда аз 150 -сола аст. Он дар худ таърихи сохтмони панҷ киштиро таҷассум менамояд, ки қадамҳои муҳимтарин дар бунёди киштисозии ҷаҳонӣ мебошад. 
Таҳияи Ш. ҚУРБОН
 
 
 
ИСТ-ПИРӢ! РАВИЯИ НАВ ДАР ИЛМ 
Обри де Грей, устоди Донишгоҳи Кембриҷ касонеро, ки то 1000 сол умр мебинанд, тозатаваллудшуда мепиндорад. Ба гуфтаи ӯ, илми тиб то соли 2036 ба ҳадде рушд мекунад, ки раванди пириро чун бемории маъмулӣ муолиҷа хоҳад кард.  Ин дар ҳолест, ки дар ҳар даҳ сол давомнокии умри инсон ҳамагӣ ба муддати 2 сол дароз мешавад. 
Таҳияи Раҷабалӣ ИСМАТУЛЛОЕВ
 
 
 
ОВОЗИ ҚУ, ЯЪНЕ ЧӢ?
Қу парандае мебошад, ки боре ошиқ мешаваду дар ишқаш  устувор мемонад. Ӯ замони маргашро ҳам медонад: Кай? Дар куҷо? Чӣ гуна?..
Як ҳафта пеш ба ҷое меравад, ки аввалин бор бо ишқи тамоми умраш вохӯрда буд ва то замони фаро расидани маргаш ҳамон ҷо мемонад.
Як рӯз пеш барои охирин бор барои ошиқаш овоз мехонад. Он беҳтарин ва зеботарин овоз миёни парандагон аст. 
Баъд, сар рӯи болҳояш мегузораду ҳамин гуна мемирад.
Таҳияи Мафтуна БАХТИБЕКОВА
 
 
 
ДУГОНИКҲО 
СИРРИ МИҚДОРИ АФЗОИШ ДАР ЧИСТ?
Аз соли 1915 то 1980 тақрибан аз 50 ҳолати таваллуд яктоашро дугоникҳо ташкил медоданд. Ин рақам ҳамагӣ 2 дарсадро аз ҳолати умумии зоиш ташкил медод.  Минбаъд, ин нишондиҳанда боз ҳам афзудан гирифт. Дар соли 1995 он 2,5 дарсадро ташкил медод. Соли 2001 бошад, аз 3 дарсад ҳам боло рафта, 3,3%-ро дар соли 2010 нишон дод. 
Олимон ин равандро бо он алоқаманд медонанд, ки ҳоло занҳо, аксаран, дар синни нисбатан болотар ба таваллуди фарзанд ризо мешаванд. Илми тиб собит намудааст, ки ҳар қадар синни зан боло бошад, ҳамон қадар имкони дугоник таваллуд намуданаш бештар мешавад.
Таҳияи Р. ИСМАТУЛЛОЕВ
 
 
СОХТАНИ МИЛЛАТИ БУЗУРГ ЧӢ ГУНА ДАСТ МЕДИҲАД?
Ин акс яке аз тасвирҳои муассири замони муосир аст. Писараки 12-солаи бразилӣ Диего Фразао Торкоато бо ашки шашқатор дар маросими дафни муаллимаш, ки ӯро аз фақру нодорӣ ва ҷиноят наҷот додааст, ғижак менавозад.
Дар ин образ инсоният ба гӯши ҷаҳон мегӯяд: "Ба кӯдак муҳаббату меҳрубонӣ бахш, то раҳму шафқатро дар вуҷуди ӯ бедор бикунӣ. Танҳо дар ҳамин сурат сохтани тамаддун ва миллати бузург даст хоҳад дод". 
Таҳияи Меҳрангез ҚОДИРОВА
 
 
 
ТАМОМИ РОҲҲО  КАСРО БА РИМ МЕБАРАНД
Дар асрҳои миёна ин гуфта барои он вирди забони насрониён буд, ки Римро гаҳвораи тамаддуни мазҳабии худ мешумурданд. Ҳоло он ба шаҳри сайёҳие табдил ёфта, бахусус, фаввораи машҳури Трев барои меҳмонон маҳали басо диданист.  
Ин фаввораи афсонавиро соли 1730 бо фармоиши Никол Салви сохтаанд. Дар ин муъҷизаи мармарӣ Худованди уқёнусҳо – Нептун  савори аробаи ба аспҳои баҳрӣ насбшуда тасвир гаштааст, ки ҷонварони дигари баҳрӣ ҳамроҳиаш доранд. Воқеан, фаввора танҳо бо композитсияи худ машҳур нест. Сайёҳон бар ин ақидаанд, ки агар шахс ба он пушт гардонда, бо дасти росташ  ба фаввора се танга партояд, ҳатман ба муроду мақсадаш мерасад.
Эътимоди сайёҳон чунон бузург аст, ки танҳо бо ҳамин роҳ ҳамасола аз ҳавзчаи атрофи фаввора бештар аз 1 миллион евро ҷамъ оварда, миёни  шахсони овораву бехонаҳо тақсим мегардад.
 
Таҳияи Барноз РАҲМОНШОЕВА
 
 
МАЛАХ
САБАБИ ҚАТЛИ 10 МИЛЛИОН ИНСОН
Соли 1958 дар Чин фармоне содир шуд, ки тибқи он бояд тамоми навъи парандаҳоро бикушанд, чунки онҳо маҳсулоти кишоварзиро  мехӯранд. 
Кишоварзон куштани парандаҳоро оғоз карда, дар як муддати кӯтоҳ  даҳҳо ҳазор гунҷишкро нест карданд. Ҳар кӣ парандаҳоро бештар нобуд мекард,  ба ӯ ҷоиза ҳам медоданд.  
Баъд аз ин моҷаро малахҳо, ки ба қавле аҷалашон дар чанги парандагон буд, дар саросари кишвар паҳн гардида, зироатҳоро хӯрданд. Оқибат, малах боиси қаҳтии бузурги Чин дар соли 1961 шуд. Дар натиҷаи ин қаҳтӣ 10 миллион одам бар асари гуруснагӣ фавтид.
 
Таҳияи Матлубаи АБДУҚАҲҲОР
 
 
 
 
РЕКОРДИ НАВИ «TOYOTA»
Ё ЧИ ТАВР БОЗОРИ МОШИН  СЕРХАРИДОР МЕМОНАД
Ширкати «Toyota» аз рекорди наваш дар соли 2022 ҳисобот дод. Ширкат дар ин сол беш аз 10,5 млн автомобил ба фурӯш баровард. Маблағи умумии аз фурӯш бадастовардааш тақрибан 275 млрд долларро ташкил дод. Автогигант нақша дорад, ки соли ҷорӣ то 11,4 млн мошинро ба фурӯш барорад. 
Чанде пеш аз дастовардҳои хеш ширкати «Ferrari» низ, дарак дод. Дар се моҳи аввали соли 2023 даромади софи ин консерн 24 дарсад зиёд шуда, 297 млн евроро ташкил дод. Дар ин муддат итолиёвиҳо 3 567 автомобил ба фурӯш баровардаанд. 
 
Таҳияи Қурбонбибӣ ХОЛНАЗАРОВА
 
 
 
 
ДУ БАЙТ
Соиб, ду чиз мешиканад қадри шеърро:
Таҳсини ношиносу сукути суханшинос.
* * *
Чу бишнавӣ сухани аҳли дил, магӯ, ки хатост,
Суханшинос наӣ, ҷони ман, хато ин ҷост.
 
Таҳияи Абдулқодири РАҲИМ
 
 
 
ЗОКИР БЕРДИҚУЛОВ
ЯКЕ АЗ БЕҲТАРИН ГОЛЗАНИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ
Беҳтарин нишонзан дар таърихи футболи Тоҷикистон Зокир Бердиқулов (“Истаравшан”, 42 гол, мавсими соли 1995) миёни беҳтарин голзанҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ мақоми дуюмро касб кард. Дар садри рӯихат футболбози ӯзбек Ҷаъфар Ирисметов (“Дӯстлик”, Ӯзбекистон, мавсими соли 2000) бо 45 гол қарор дорад. 
Бо гузашти 28 сол дар Тоҷикистон касе дар голзанӣ бар пояи Зокир нарасидааст. Ҳарчанд, Зокир Бердиқулов ҳоло 51-сола бошад ҳам, дил аз футболбозӣ накандааст. Вай дар ҳайати дастаи “Спитамен”, ки дар лигаи дуюми вилояти Суғд бозӣ мекунад, ҳунарнамоӣ дорад. Дар оғози мавсими нав, ки 9 май шуруъ гашт, Зокир ба дарвозаи дастаи “Металлург”ду гол зада, беҳтарин бозигари вохӯрӣ дониста шуд. 
 
Таҳияи Маҳмуд БАҲРОМ
 
 
ХУРДТАРИН МАКТАБҲОИ ҶАҲОН
Мушкилии муассисаҳои хурд аксар кишварҳоро ба ташвиш овардааст. Дар баъзе кишварҳо, сарфи назар аз дурии роҳ, мекӯшанд хонандагонро дар як муассисаи таълимӣ ҷамъ оранд. Дар мавридҳои дигар, манфиати хонандагон дар ҷойи аввал гузошта мешавад. Бинобар ин, дар баъзе давлатҳо мактабҳое ҳастанд, ки барои як хонанда фаъолият менамоянд.  Дар ин рубрика, дар бораи чунин муассисаҳо маълумот медиҳем. 
1. МАКТАБ ДАР ТУРИН
Дар музофоти Турини Италия шаҳраки хурде бо номи Алпетт вуҷуд дорад.  Дар он танҳо як муассисаи таълимие мавҷуд аст, ки хурдтарин мактаб дар ҷаҳон эътироф шудааст. Соли хониши 2014 – 2015 София Виола ягона хонандаи ин мактаб буд. Он ҳам дар синфи сеюм таҳсил мекард. 
Изабелла Карвелли бошад, ягона омӯзгори муассиса маҳсуб мегардад. Ӯ бо София тамоми машғулиятҳоро мебурд. Карвелли мегӯяд, ки дарсҳои онҳо ҳамон тавре ки дар синфхонаҳои муқаррарӣ аст, гузаронда мешуд.  
 
Таҳияи Лола РИЗОӢ
 
 
 
ҲАМВАТАНОНИ МУВАФФАҚИ МО
ГУЛБИКА
ЭЪТИРОФИ ҶАҲОНИИ ЯК ЗАНИ ТОҶИК
Бадахшон, на танҳо бо кӯҳҳои баланди худ, балки бо ҳунарҳои дастии мардумаш низ машҳури олам гаштааст. Имрӯз маҳсули дасти бонувони ин манотиқ  аз Осиё то Аврупову Амрико доман густурда, тавонистааст Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ намояд. 
Яке аз ин соҳибҳунарон холаи Гулбика аст, ки дар намадсозӣ, тоқидӯзӣ, ҷуроббофӣ ва мӯйбандактайёркунӣ (чичбоғ) ҳамто надорад. Ӯ 58-сола буда, зодаи ноҳияи Ишкошим аст. Холаи Гулбика аз он ифтихор мекунад, ки бо ҳунари хеш хостаҳои мардумро бароварда месозад ва фарзандонашро бо меҳнати ҳалол бузург менамояду миёни халқ соҳибэҳтиром аст. 
Таҳияи Оламбегими НЕКҚАДАМ
Санаи нашр: 22.05.2023 №: 106 - 107
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив