ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ФОРУМИ XVIII СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ШАНХАЙ

ФОРУМИ XVIII СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ШАНХАЙ

24 май 2023, Чоршанбе
16
0
Дар пойтахти давлатамон-  шаҳри Душанбе Форуми XVIII Созмони ҳамкории Шанхай ба кор шуруъ кард. Дар ин бора ба мо аз Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд. 
Дар кори Форум роҳбарон ва коршиносони варзидаи марказҳои таҳлилӣ ва муассисаҳои илмию таҳлилии давлатҳои аъзо, нозирон ва шарикони муколамаи СҲШ иштирок менамоянд.
 
 
АССАМБЛЕЯИ 76-УМИ СОЗМОНИ ҶАҲОНИИ ТАНДУРУСТӢ
Агентии иттилоотии «Синхуа» хабар медиҳад, ки Ассамблеяи 76-уми  ҷаҳонии тандурустӣ оғоз ёфт. 
Иҷлосияи имсола ба мавзуи «Наҷоти ҳаёт ва таҳкими саломатӣ барои ҳама» бахшида шуда, дар он намояндагони Тоҷикистон низ, ширкат меварзанд. Вакилони иҷлосия нақши СҶТ-ро дар рафъи ҳолатҳои фавқулода муҳокима хоҳанд кард. 
 
 
ИҶЛОСИЯИ САТҲИ БАЛАНД ОИД БА КОҲИШИ ХАТАРИ ОФАТҲОИ ТАБИӢ
Дар Маҷмаи умумии СММ иҷлосияи сатҳи баланд оид ба коҳиши хатарҳои офатҳои табиӣ доир гардид. Дар он Тоҷикистонро раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зист Баҳодур Шерализода намояндагӣ намуд.
АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, ки иштирокдорони иҷлосия  оид ба дастовардҳо дар татбиқи ҳадафу вазифаҳои чаҳорчӯби Сендай, инчунин, мушкилию камбудиҳо дар роҳи амалӣ намудани он, табодули афкор карданд.
 
 
ҲАМКОРӢ ДАР СОҲАИ РУШДИ ТЕХНОЛОГИЯҲОИ РАҚАМӢ
Видеоконфронс – ҷаласаи роҳбарони вазорату идораҳои давлатҳои аъзои СҲШ, ки ба рушди технологияҳои иттилоотӣ – коммуникатсионӣ масъул мебошанд, баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба котиботи СҲШ дар Пекин иттилоъ медиҳад.
Дар он маҷмуи васеи масъалаҳои ҳамкорӣ дар соҳаҳои рушди технологияҳои рақамӣ, таъмини  амнияти иттилоотӣ, истифодаи зеҳни сунъӣ, оптимизатсияи муҳити «digital» (рақамӣ), ҳифзи экосистемаҳои IT, зарурати ҷорӣ намудани системаи коркарди маълумот баррасӣ шуданд.
 
 
МУЛОҚОТИ МУОВИНИ ДАБИРИ КУЛЛИ СММ  БО САФИРИ ТОҶИКИСТОН
Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Тайланд ва намояндаи доимии кишвар дар Комиссияи иқтисодию иҷтимоии СММ барои Осиё ва уқёнуси Ором (UNESCAP) Ардашер Қодирӣ дар ҳошияи ҷаласаи 79-уми Комиссия бо муовини Дабири кулли СММ ва котиби иҷроияи UNESCAP Армида Салсиаҳ мулоқот кард.
Аз Вазорати корҳои хориҷӣ ба «Ҷумҳурият» хабар доданд, ки ҷонибҳо вазъи кунунии ҳамкориҳоро баррасӣ ва дар мавриди дурнамои ҳамкориҳои мутақобилан судманд табодули назар намуданд.
 
 
ҲАМОИШИ ИДОНА БАХШИДА БА РӮЗИ ҶАВОНОН
Дар Осорхонаи миллӣ бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон таҳти унвони «Нақши ҷавонони соҳибистеъдод дар рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол» ҳамоиш баргузор гашт. 
Чуноне ки ба мо аз Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш иттилоъ доданд, дар он ба як зумра иштирокчиёни фаъоли озмунҳои ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман», «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ва «Илм – фурӯғи маърифат» сипосномаҳои Кумитаи мазкур супурда шуданд.
 
 
БОНКИ ҶАҲОНӢ ВА РАҚОБАТПАЗИРИИ ИҚТИСОДИ МИЛЛӢ
Муовини якуми вазири рушди иқтисод ва савдо Ашурбой Солеҳзода бо ҳайати расмии Бонки ҷаҳонӣ таҳти роҳбарии директори минтақавии рушди одилона ва молия Лалита Мурти вохӯрд, – хабар доданд ба мо аз маркази матбуоти Вазорати мазкур. 
Дар рафти вохӯрӣ масъалаҳои таъмини рушди устувор ва суръатноки иқтисодӣ, расидан ба ҳадафҳои стратегӣ, баланд бардоштан ва кам намудани вобастагии кишвар аз омилҳои беруна мавриди муҳокима қарор гирифтанд.
Санаи нашр: 23.05.2023 №: 108
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив