ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ТОҶИКИСТОН. ВАҚТЕ САРВАР ҶАВОНПАРВАР АСТ...

ТОҶИКИСТОН. ВАҚТЕ САРВАР ҶАВОНПАРВАР АСТ...

24 май 2023, Чоршанбе
20
0
 
Имрӯз ҷавонони тоҷик дар синамоҷашнвораҳои байналмилалӣ соҳиби ҷоизҳо мегарданд, дар бонуфузтарин мусобиқоти варзишӣ ҷойҳои намоёнро касб мекунанд, дар олимпиадаҳои фаннӣ медали тилло ба даст меоранд, дар бузургтарин иншооти аср - НБО “Роғун” даст ба коранд, дар умури давлатдорӣ ва корҳои роҳбарикунанда муваффақу намунаанд.
Аз нав интихоб гардидани Рустами Эмомалӣ, президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон, дар Конгресси ҳаштуми CAFA ба маснади президенти Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA) рӯйдоди таърихӣ дар футболи тоҷик ба ҳисоб меравад, ки ҳамагон аз он огоҳанд. Яъне, ин исботи он аст, ки Рустами Эмомалӣ давоми чор соли роҳбарӣ (2019-2023) тавонист, дар рушд ва оммавияти футбол дар Осиёи Марказӣ, махсусан миёни наврасону ҷавонон, такони ҷиддӣ бахшад.
Чанде пеш филми "Бачаи обӣ"-и коргардони ҷавони тоҷик Файзулло Файз дар миёни 20 филми хориҷӣ дар ҳафтумин Ҷашнвораи байналмилалии "Золотой Ворон"-и Россия соҳиби ҷоизаи «Беҳтарин филмнома" шуд. Ҳамзамон, дар ин ҷашнвора филми кӯтоҳи мустанади "Алиф. До. Ре. Ми" бо коргардонии филмсози дигари ҷавони тоҷик Алиҷон Ҷалилов соҳиби ҷоизаи "Беҳтарин филми кӯтоҳи мустанад" гардид. 
Баҳодур Усмонов, муштзани соҳибноми тоҷик, дар Чемпионати ҷаҳон оид ба бокс (Тошкент, Ӯзбекистон) нишони биринҷиро ба даст овард. 12 сол қабл Анвар Юнусов дар Қаҳрамонии ҷаҳон (Боку, 2011) чунин мақомро касб намуда буд. 
Магистранти Академияи  идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Додхудо Шарифзода дар озмуни «Беҳтарин донишҷӯи ИДМ-2023» ғолиб омада, бо Дипломи дараҷаи I ва нишони сарисинагӣ сарфароз гардонда шуд.
Ин чанд мисолест, ки ҳамагӣ дар як муддати кӯтоҳ дар ҳаёти ҷавонони мо ба вуқуъ пайваста, чунин далелҳои муваффақомезро метавон ба таври фаровон баршумурд. Вале яқин аст, ки ин ҳама пешрафту рушд дар ҳаёти ҷавонон, аз ҷумлаи меваҳои пурбору шаҳдбори Истиқлоли давлатӣ ба шумор мераванд. Дар ҳақиқат, истиқлолият барои ноил гардидан ба дастовардҳои муҳим дар ҳаёти иқтисодиву иҷтимоӣ, сиёсиву фарҳангии ҷавонон нақши босазо гузошт. Ташаккули сиёсати давлатии ҷавонон барои рушду пешрафти ин қишри ҷомеа шароити мусоид фароҳам овард. Бо назардошти он ки аксари аҳолии кишварро ҷавонон ташкил медиҳанд ва ояндаи кишвар аз онҳо вобастагии амиқ дорад, сиёсати давлатии ҷавонон аз рӯзҳои аввали соҳибистиқолӣ дар меҳвари таваҷҷуҳи Ҳукумати мамлакат қарор дошт. 
Вохӯриҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҷавонони кишвар далели он аст, ки Сарвари давлат ба неруи созанда ва пешбарандаи ҷавонон ҳамеша такя мекунанд. Зикри ин нукта ҷоиз аст, ки баъд аз ба ҳайси раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардиданашон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо вуҷуди вазъияти мушкил дуюми феврали соли 1993 бори нахуст бо ҷавонони кишвар вохӯрданд. Ин худ нишони боварӣ ва ғамхории Пешвои миллат ба ҷавонони кишвар буд. Ҳамин тавр, ҳар як вохӯрии Сарвари давлат бо ҷавонон саҳифаи наверо дар ҳаёту фаъолияти онҳо рақам мезанад. 
Яке аз иқдомҳои камназир, ки нақши ҷавононро дар ҷомеа боло бурд, аз ҷониби Сарвари давлат соли 2017 эълон гаштани Соли ҷавонон арзёбӣ мегардад. Ин ташаббус бори дигар ҷавононро вазифадор намуд, ки посдори арзишҳои миллӣ бошанду якпорчагии ин сарзамин, Истиқлоли давлатӣ, забону фарҳанг ва дигар муқаддасоти онро ҳифз намоянд. 
Мавриди зикр аст, ки бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хотири боз ҳам беҳтар ба роҳ мондани омӯзиши илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ, инчунин, барои тавсеаи тафаккури техникии насли наврас солҳои 2020-2040 “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” эълон гардидааст. 
Чуноне Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз паёмҳои худ таъкид карда буданд, баъд аз касби Истиқлоли давлатӣ Ҳукумати ҷумҳурӣ ба татбиқи сиёсати ҷавонон аҳамияти хосса зоҳир намуда, институтҳои муҳими кор бо ҷавонон сар карда аз сатҳи ҳукуматӣ то муассисаҳои таълимӣ ташаккул ёфтанд. Ин боис шуд, ки ҷавонон дар ҳаёти ҷамъиятӣ ва сиёсии кишвар иштироки фаъол намоянд. Санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва Консепсияи миллии сиёсати ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон заминаҳои татбиқи амалии сиёсати давлатии ҷавононро фароҳам овардаанд. Мақсади асосии ин сиёсат таъмини шароити ҳуқуқӣ, иқтисодиву ташкилӣ ва иҷтимоии ҷавонон мебошад. Тавре дар Консепсияи миллии сиёсати ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон зикр гардидааст, танҳо кишварҳое ба дастовардҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ ноил мегарданд, ки ба ҷавонон таваҷҷуҳи бештар зоҳир менамоянд. Тоҷикистон, ки дар ин раванд фаъол аст ва дар доираи ин Консепсия амал мекунад ва пешрафти минбаъдаашро аз ҷавонон вобаста медонад.
Тағйиру иловаҳое, ки 22 майи соли 2016 ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тариқи раъйпурсии умумихалқӣ ворид гардид, барои иштироки ҷавонон дар ҳаёти сиёсӣ ва идоракунии давлат имкониятҳои васеътар дод. Аз ҷумла, синни интихоб шудан ба вакили Маҷлиси намояндагон, узви Маҷлиси миллӣ, пешниҳод ба номзадии Президент ва таъин шудан ба вазифаи судяҳои Суди конститутсионӣ, Суди Олӣ, Суди Олии иқтисодӣ, судҳои ВМКБ, вилоят ва шаҳри Душанбе аз синни 35 ба 30 расонда шуд, ки ин ба ҷавонон имконият медиҳад, то онҳо бевосита дар ҳаёти сиёсии кишвар ва идоракунии давлат иштирок намуда, аз ҳуқуқҳои конститутсионии худ истифода намоянд. 
Тавре ба мушоҳида мерасад, пас аз ин тағйирот, иштироки ҷавонон дар ҳаёти сиёсӣ ва идораи давлатӣ тадриҷан афзуда, барои интихоб ва таъин шуданашон дар се шохаи ҳокимият заминаи ҳуқуқӣ фароҳам омад.
Пешвои муаззами миллат барҳақ таъкид менамоянд, ки ҳадафи сиёсати давлатии мо дар бахши ҷавонон тарбияи кадрҳо, мутахассисони донишманду соҳибмаърифат, насли дорои ҷаҳонбинии васеъ ва хислатҳои ватандӯстиву ватанпарастӣ мебошад.
 
Комрон САФАР, “Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 23.05.2023 №: 108
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив