ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ВМКБ. БОЗДИДИ ВАЗИР  АЗ МУАССИСАҲОИ ФАРҲАНГӢ

ВМКБ. БОЗДИДИ ВАЗИР  АЗ МУАССИСАҲОИ ФАРҲАНГӢ

24 май 2023, Чоршанбе
16
0
 
Зулфия Давлатзода, вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади аз наздик шинос гардидан бо кору фаъолияти муассисаҳои фарҳангӣ ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон сафари корӣ анҷом дод.  Дар ин сафар вазири фарҳанги кишварро муовини раиси вилоят Нилуфар Асламшоева ва муовини раиси ноҳияи Шуғнон Гулғунча Саидарабова ҳамроҳӣ намуданд. 
Зимни шиносоӣ бо фаъолияти муассисаҳои ноҳияи Шуғнон ба вазири фарҳанг иттилоъ дода шуд, ки дар ноҳия 56 муассисаи фарҳангӣ ва 32 китобхона фаъолият дорад, ки нақши онҳо дар баланд бардоштани маънавиёти мардум  назаррас мебошад.
Баъди боздид аз ҳуҷраҳои кории кормандони идораву муассисаҳо дар толори қасри фарҳанг вазир  бо аҳли фарҳанги ноҳия мулоқот доир намуд. Ӯ бинои нави замонавии қасри фарҳангро, ки бо дастури Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бунёд гардидааст, тавсиф карда, зикр намуд, ки дар чунин шароит асарҳои баланди санъат эҷод накардан гуноҳ мебошад. Таъкид гардид, ки ҳунармандони ноҳияи Шуғнон солҳои охир бо истеъдоди баланд ва маҳорати касбӣ тавонистанд, ки фарҳанги мардуми Бадахшонро дар сатҳи баланд муаррифӣ намоянд. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки ҳамасола аз ноҳия намояндагони табақаҳои гуногуни ҷомеа дар Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон - Ватани азизи ман» ширкат варзида, бо дастовези баланд бармегарданд. Дар ин замина, аз собиқадорони соҳа тақозо намуд, ки минбаъд низ, шогирдони лоиқи давронро тарбия намуда, барои рушди минбаъдаи соҳа ва ҷалби бештари онҳо ба озмунҳо мусоидат намоянд. 
Дар идомаи сафари корӣ вазири фарҳанг бо шароити кории мактаби  санъати рақами 1-и ноҳияи Шуғнон, ки дорои 7 синфхона  буда, ба  омӯзиши васеи асбобҳои мусиқӣ, ҳунарҳои мардумӣ,  нозукиҳои рақсу гулдӯзӣ, рассомиву дигар ҳунарҳои баланди соҳавӣ машғул аст, шинос шуда, бо устодону толибилмони он суҳбати самимӣ анҷом дод. Иттилоъ дода шуд, ки айни ҳол дар заминаи ин мактаб дар қисмати болоии ноҳия мактаби дигаре ташкил шуда, фаъолияти пурсамар дорад. Хонандагони мактабҳои санъати ноҳия дар озмунҳои касбӣ ширкати фаъолона дошта, бисёре аз шогирдони ин муассисаҳо имрӯзҳо, инчунин, дар муассисаҳои вилоятӣ ва ҷумҳуриявии санъат ҳунар меомӯзанду ҳунарнамоӣ мекунанд.
Дар идома вазир ва ҳамроҳонаш аз Чашмаи Носири Хусрави ноҳия  ва осорхонаи он боздид намуданд. Директори осорхона барои дастгириҳои пайвастаи Ҳукумати мамлакат ва Вазорати фарҳанг изҳори миннатдорӣ намуда, зикр кард, ки осорхона бо дастгирии сокинони ноҳия сол  ба сол бо экспонатҳои гуногун  ғанитар шуда истодааст. 
Сипас, вазири фарҳанг дар бинои театри мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Меҳрубон Назарови шаҳри Хоруғ  фаъолияти студияи сабти овоз ва дигар ҳуҷраҳои онро санҷида, ба ҳунармандони вилоят барои истифодаи мақсадноки таҷҳизот дастурҳои қатъӣ дод. Таъкид гардид, ки таҷҳизоти нави он дар марҳилаи нави рушди Бадахшон маҳз аз ҷониби Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои беҳбудии кору фаъолияти соҳа ҳадия шуда, аз таваҷҷуҳи махсуси Ҳукумати кишвар ба соҳа дарак медиҳад. 
Вазири фарҳанг ҷиҳати иштироки фаъолонаи ҳунармандон дар Озмуни имсолаи «Парасту» изҳори қаноатмандӣ намуда, дар зимн ба кормандони муассисаҳои фарҳангӣ дастуру супоришҳои иловагӣ дод. 
 
Раҳмони ГУЛЗОР, “Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 23.05.2023 №: 108
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив