ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » СТРАТЕГИЯИ МИЛЛИИ РУШД. БАРНОМАИ ОЯНДАСОЗЕ, КИ ТОҶИКИСТОНРО ДАР ШОҲРОҲИ ТАРАҚҚИЁТ ҚАРОР МЕДИҲАД

СТРАТЕГИЯИ МИЛЛИИ РУШД. БАРНОМАИ ОЯНДАСОЗЕ, КИ ТОҶИКИСТОНРО ДАР ШОҲРОҲИ ТАРАҚҚИЁТ ҚАРОР МЕДИҲАД

24 май 2023, Чоршанбе
50
0
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни татбиқи ҳадафҳои “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” дар назди худ мақсад гузоштааст, ки маҷмуи маҳсулоти дохилиро ба ҳар сари аҳолӣ се маротиба зиёд карда, сатҳи камбизоатиро беш аз ду маротиба паст намояд ва ҳиссаи аҳолиро бо даромади миёна аз 22 то 50 дарсад афзоиш диҳад. Дар натиҷаи беҳтар шудани фазои сармоягузорӣ, ҳиссаи сармояи хусусӣ дар маҷмуи маҳсулоти дохилӣ бояд панҷ баробар ва саҳми бахши саноат ба маҷмуи маҳсулоти дохилӣ ба таври назаррас афзоиш ёбад, ки ин имкон медиҳад Тоҷикистон ба як кишвари саноатию аграрӣ табдил ёбад.
Ин нуктаро Хайриддин Усмонзода, директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи 4 май дар конфронси илмиву амалии муштараки Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон, ки дар мавзуи “Самтҳои асосии амалигардонии Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” баргузор гардид, ироа намуд.
Усмонзода иброз намуд, ки рушди устувори иқтисодиву иҷтимоӣ, баланд шудани сатҳи некуаҳволии мардум, татбиқи бомуваффақияти сиёсати иҷтимоии давлат, таҳкими қонуният ва тартибот, ноил шудан ба ҳадафҳои стратегии ҷумҳурӣ дар соҳаи истиқлоли энергетикӣ, амнияти озуқаворӣ, баровардани кишвар аз бунбасти коммуникатсионӣ, таъмини шуғли пурсамари аҳолӣ ва саноатикунонии кишвар ба ҳалли муассири мушкилоти бамиёномада вобастагӣ дорад. Таъмини рушди иқтисодӣ ҳамчун шароит ва кафолати рушди устувори иқтисодӣ дар доираи татбиқи “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” амалӣ мегардад. Тибқи Стратегия дар назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳадафҳои зерин: истиқлоли энергетикӣ, амнияти озуқаворӣ, баровардани кишвар аз бунбасти коммуникатсионӣ, таъмини шуғли пурсамари аҳолӣ ва саноатикунонии кишвар қарор доранд.
Дар идома, раиси фраксияи Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон дар Маҷлиси намоядагони Маҷлиси Олӣ, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Рустам Раҳматзода дар мавзуи “Нишондиҳандаҳои амалигардонии Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” маъруза намуд. 
Дар конфронс масъалаҳои таъмини рушди босуботи иқтисодӣ, ҳамоҳангсозии сиёсати макроиқтисодӣ, пешгирии таъсири манфии омилҳои беруна, гуногунсамтии (диверсификатсияи) истеҳсолоти ватанӣ ва иқтисоди миллӣ дар маҷмуъ, баланд бардоштани рақобатпазирии он ва самаранок истифода намудани сарчашмаҳои дохилии рушди иқтисодӣ дар заминаи татбиқи “Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021 – 2025” мавриди баррасӣ ва арзёбӣ қарор гирифтанд.
Дар кори ҳамоиш вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазорату муассисаҳои дахлдори давлатӣ, олимони пажӯҳишгоҳи илмию таълимӣ, мутахассисону коршиносони соҳавӣ ва соҳибкорон ширкат варзиданд. 
 
Оламбегими НЕКҚАДАМ, «Ҷумҳурият»
Санаи нашр: 23.05.2023 №: 108
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив