ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ҶАВОНӢ -  ЭҲСОСИ МАСЪУЛИЯТҲОИ БУЗУРГ

ҶАВОНӢ -  ЭҲСОСИ МАСЪУЛИЯТҲОИ БУЗУРГ

24 май 2023, Чоршанбе
20
0
 
Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри пойдорӣ ва ҳифзи ояндаи манфиатҳои давлату миллат такя ба ҷавонон доштанду доранд. Аз ҳама имкониятҳо истифода бурданд, то илм, санъат, касб ва ҳунар ба онҳо омӯзонда шавад.  Кӯшиш ба харҷ доданд, то ки насли ҷавон аз ҳама мероси таърихию фарҳангии миллати худ огоҳӣ ёбад. 
Ин ҳама ғамхорӣ шароит фароҳам овард, то ҷавонон сарбозони далеру боҷуръат, ҳунармандони машҳуру маъруф, донишмандони бузург, ихтироъкор, шоиру нависандаи хуштабъ гарданд ва барои муаррифии миллати тоҷик ҳиссаи шоиста гузоранд. Дастовардҳои ҳамарӯзаи варзишгарон, фаъолону медалдорони олимпиадаҳои байналмилалӣ ва пирӯзшудагони озмунҳои ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», «Тоҷикистон – Ватани азизи ман», «Илм – фурӯғи маърифат» далели раднопазири гуфтаҳои моянд.
Тоҷикистон давлати ҷавон аст ва ҳафтод дарсади аҳолии онро маҳз ҷавонон ташкил медиҳанд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо эътимод ҳушёру зирак, ватандӯсту ватанпарвар ва меросбари ростини ниёгон шудани ҷавононро таъкид месозанд. Ғамхорӣ ва таваҷҷуҳи Пешвои миллат аст, ки ҷавонони даврони истиқлол ҳамқадами замонанду аз пешрафти босуръати ҷаҳон огоҳӣ доранд. Сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати ҷумҳурӣ шароит фароҳам меорад, ки ҷавонон донишу маҳорати худро сайқал бахшанд, аз қобилиятҳои худ дарак диҳанд, ҷаҳонбиниашонро васеъ намоянд. Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ташкилоти ҷамъиятии "Пайравони Пешвои миллат", ташкилоти ҷамъиятии "Созандагони Ватан" бо мақсади тайёр намудани муҳофизон, муаррифон, ободкорон, сулҳҷӯён фаъолият мекунанд. Ҳамзамон, стипендияҳои сатҳи ҷумҳуриявию байналмилалӣ, ба монанди Стипендияи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дурахшандагон» бо мақсади дастгирии шахсони боистеъдод барои таҳсил дар донишгоҳҳои хориҷи кишвар, квотаҳои президентӣ барои хонандагони болаёқати минтақаҳои дурдаст, бавижа духтарони кӯҳистон, баҳри таҳсил дар донишгоҳу донишкадаҳои ҷумҳурӣ пешбинӣ гардидаанд. Ин ҳама ғамхории Ҳукумат барои тақвияти ҳисси ватандӯстӣ ва даст ёфтан ба муваффақиятҳои беназири наврасону ҷавонон нақши созгор доранд. 
Дар навбати худ ҷавонон дарк намоянд, ки ҷавонӣ танҳо шодию фараҳ ва  хушгузаронии вақт набуда, балки эҳсоси оғози масъулиятҳои бузург, донишомӯзию таҷрибагирӣ ва ҷаҳду талоши худёбию худсозист. 
 
Латифабону РУСТАМЗОДА, 
"Ҷумҳурият"
Санаи нашр: 23.05.2023 №: 108
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив