ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ҶАЛАСАИ ШУРОИ СОҲИБКОРОНИ  ОСИЁИ МАРКАЗӢ ВА ЧИН

ҶАЛАСАИ ШУРОИ СОҲИБКОРОНИ  ОСИЁИ МАРКАЗӢ ВА ЧИН

25 май 2023, Панҷшанбе
16
0
Дар доираи Саммити сарварони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Чин байни палатаҳои савдо ва саноат Ёддошти тафоҳум оид ба таъсиси Шурои кории (соҳибкорони) Осиёи Марказӣ – Чин ба имзо расид. 
Аз Палатаи савдо ва саноат хабар доданд, ки  ҷаласаи нахустини Шуро бо иштироки намояндагони доираҳои соҳибкорони кишварҳои аъзо баргузор шуд. Тоҷикистонро дар он намояндагони беш аз бист ширкату соҳибкорони ватанӣ муаррифӣ намуданд.
 
 
НИШАСТИ ҲАМОҲАНГСОЗОНИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ 
Академияи миллии илмҳо хабар медиҳад, ки  бо мақсади густариши ҳамкориҳои техникӣ Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии кишварамон дар ҳамкорӣ бо Агентии байналмилалии неруи атомӣ (АБНА) нишасти мутахассисони иртиботиро баргузор менамояд. 
Дар нишасте, ки тайи 4 рӯз дар пойтахти мамлакат баргузор мешавад, ҳайати коршиносон зимни баргузории ҷаласаҳои интерактивӣ, семинарҳо ва форумҳо бо ҳам мубодилаи афкор хоҳанд кард. 
 
 
ТАҚВИЯТИ ҲАМКОРИҲО ДАР САМТИ ХИЗМАТИ ДАВЛАТӢ
Агентии хизмати давлатӣ хабар додааст, ки дар ҳошияи Конфронси байналмилалии «Меритократия. Поквиҷдонӣ. Инноватсия» вохӯрии муовини директори Агентӣ Дилноза Аҳмадзода бо ректори Академияи идоракунии давлатии Қазоқистон Абил Ерлан доир гардид. 
Ҷонибҳо оид ба рушди ҳамкории байналмилалӣ ва табодули таҷриба дар самти хизмати давлатӣ ва қадамҳои минбаъдаи тақвияти фаъолияти корӣ суҳбат  анҷом доданд. 
 
 
САҲМИ ШИРКАТИ ЧИНӢ ДАР ИҚТИСОДИ КИШВАР
Тоҷикистон ва Чин ҳамкориро дар соҳаи сармоягузорӣ ва саноат низ, тавсеа мебахшанд. Чанде пеш байни Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҶДММ «Ширкат оид ба захираҳои Тибет Эверест» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид. 
АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, ки тибқи ин санад «Ширкат оид ба захираҳои Тибет Эверест» барои истеҳсоли сурби электролитӣ дар Тоҷикистон бо мақсади сохтмони комбинати нави маъданҳои кӯҳӣ ва навбати дуюми хатти истеҳсолии заводи сурб беш аз 400 миллион доллари амрикоӣ сармоягузорӣ менамояд.
 
 
ОЗМУНИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ РУШДИ САНЪАТИ МИЛЛӢ
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода таҳти унвони «Дӯстӣ бимонад ҷовидон!» Озмуни байналмилалии рушди санъати миллӣ оғоз шуд, ки дар он довталабон аз Тоҷикистон, Федератсияи Россия, Ӯзбекистон ва Беларус иштирок доранд. Дар ин хусус ба «Ҷумҳурият» аз Донишкада хабар доданд.
Озмун бо мақсади шинос шудан бо санъати миллии давлатҳои ҳамҷавор ва табодули таҷриба роҳандозӣ шуда, дар он 29 довталаб тариқи ҳузурӣ ва 98 довталаб ба таври онлайн иштирок менамояд. 
 
 
«МАКТАБИ САРВАРОНИ ҶАВОН»
Кумитаи кор бо занон ва оила ҷиҳати татбиқи Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занону духтарони болаёқат барои солҳои 2023-2030 донишҷӯдухтарони фаъоли  муассисаҳои таҳсилоти олии кишварро ба курси шашмоҳаи "Мактаби сарварони ҷавон" ҷалб намуд. 
Аз Кумита ба мо хабар доданд, ки дар арафаи Рӯзи ҷавонон курси мазкур ҷамъбаст гардида, ба 50 шунавандаи он гувоҳномаи Кумита тақдим гардид.
 
 
ҲАФРИЁТИ ГЕОБОСТОНШИНОСӢ ДАР ХОВАЛИНГ
Гурӯҳи олимони бостоншинос ва геологҳои давлатҳои хориҷиву ватанӣ корҳои ҷустуҷӯиро дар теппаҳои зардхоки Ховалинг, ки дорои қабатҳои палеолит мебошанд, оғоз намуданд. 
Ба «Ҷумҳурият» аз АМИТ хабар доданд, ки дар рафти ҳафриёт бостоншиносу заминшиносон аз Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Аҳмади Дониш, Институти географияи шуъбаи сибирии Академияи илмҳои Россия ва Институти Орхоси Дания ширкат меварзанд.  
Санаи нашр: 24.05.2023 №: 109
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив