ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » "ШАРҚИ ОЗОД" ДАР "РОҒУН"

"ШАРҚИ ОЗОД" ДАР "РОҒУН"

25 май 2023, Панҷшанбе
23
0
 
Иншооти азими аср, ки метавонад Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ намуда, манбаи асосии тавлиди “энергияи сабз” бошад, ин НБО «Роғун» аст. Чун иншоот рӯз ба рӯз тағйири намо мекунад ва ба қавле камол меёбад, ҳамон қадар ҳаводоронаш бештар мешаванд ва мехоҳанд ҳанӯз, ки имкон ҳаст, аз ин иншооти беназири гидроэнергетикии аср дидор ба амал оваранд.
 
Чанде пеш ноширон – кормандони Корхонаи воҳиди давлатии Комплекси табъу нашри “Шарқи озод”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ин Неругоҳ сафар карда, аз рафти корҳои бунёдкорӣ  дар  иншооти  мазкур дидан карданд.  Ҳангоми  ворид  шудан  ба  дидбонгоҳ – гузаргоҳи асосии Неругоҳ посдорон, кормандони шуъбаи рухсатномадиҳӣ ҳайати ҳамсафаронро хуш истиқбол гирифта, то иншооти дирексия роҳнамоӣ намуданд. Мутахассиси варзида, роҳбари гурӯҳи намояндаи фармоишгари Неругоҳ Қурбонназар Давронов аз рафти корҳо, моҳият ва пешрафти сохтмон сухан карда, тавассути намоиш додани филми мустанади кӯтоҳметражи “Роғун”– кохи нур” рафти сохтмонро муаррифӣ намуд.
НБО «Роғун» пуриқти-дортарин иншооти силсилаи неругоҳҳои дарёи Вахш аст, ки аз 6 агрегат иборат буда, тавоноии ҳар кадоми он 600 мегаваттро ташкил медиҳад ва бо иқтидори 3600 мегаватт (беш аз 17 миллиард киловатт-соат) калонтарин Неругоҳи барқи обӣ дар минтақа хоҳад буд.
Меҳмононро иншооти сохтории Неругоҳ, аз қабили нақби сохтмонии қабати чаҳорум, мавзеи ядрои Сарбанди асосӣ, шахтаҳои обрасони обқабулкунаки асосӣ, дидбонгоҳҳо, толори мошинҳо ва ғайра, ки бо нозукиҳои ба худ хос бунёд мешаванд, ба ҳайрат оварда завқи зиёд бахшид.
 
Ноширон аз ин дидор хушҳол гардида, хулоса карданд, ки “Шунидан кай бувад монанди дидан”. “Роғун”-ро бо чашми худ бояд дид, зеро як маротиба дидан авлотар аст, аз ҳазор маротиба хондану навиштану нашр кардан.
Тавре Қурбоналӣ Файзуллозода, директори КВДТН "Шарқи озод" ба хабарнигори рӯзномаи “Ҷумҳурият” иброз дошт: “Воқеан, танҳо баъди дидани корҳои сохтмончиён метавон ба ин иншооти муҳташами аср баҳои воқеӣ дод. Вақте дидем, ки ҳама ҷо кор ҷӯш мезад, беихтиёр ҳама ба ваҷд омада, ба садоқату заҳматписандии хосса мутахассисони худӣ қоил мондем ва ба онҳо аҳсант гуфтем. 
Бо истифода аз фурсат аз номи ҳайати 27-нафара миннатдории худро ба директори генералии ҶСК НБО “Роғун” Хайрулло Сафарзода, сардори котибот – ёрдамчии директори генералӣ Сафарбек Вализода, сардори раёсати корҳо Ҳаким Ҳақназарзода, муовини сардори раёсати корҳо Насимҷон Амирализода, сардори шуъбаи рухсатномадиҳии Неругоҳ Борбад Шерхонов ва дигар масъулон мерасонем". 
 
Кароматулло АТО, 
“Ҷумҳурият”
 
Санаи нашр: 24.05.2023 №: 109
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив