ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ВАРЗИШ

ВАРЗИШ

25 май 2023, Панҷшанбе
19
0
Иқдоми навбатии Ҳукумати кишвар  барои варзишгарон
Тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (29 апрели соли 2023), ки аз 1 январи  соли 2024 мавриди амал қарор мегирад, ғолибон ва ҷоизадорони Бозиҳои олимпӣ, параолимпӣ ва сурдолимпӣ (барои шахсони ношунаво) то охири умр ҳар моҳ маош мегиранд. 
Бар пояи қарор, ба қаҳрамонони олимпиада 50 нишондиҳанда барои ҳисобҳо, барандагони зинаҳои дуюму сеюм мутаносибан 30 ва 20 нишондиҳанда барои ҳисобҳо таъин шудааст. 
Вазорати молия якҷоя бо Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш вазифадор шудаанд, ки харҷи пардохти моҳонаи якумраи ғолибону ҷоизадорони Бозиҳои олимпӣ, параолимпӣ ва сурдолимпиро таъмин кунанд.
Ҳоло дар кишвар Дилшод Назаров (гурзандозӣ) қаҳрамони олимпӣ буда, Юсуф Абдусаломов (гӯштӣ) нишони нуқра, Мавзуна Чориева (бокс) ва Расул Боқиев (дзюдо) медали биринҷӣ доранд.
 
 
ЛИГАИ ОЛӢ
Ғалабаи “Кӯктош”  ва бохти “Эсхата”
Тими «Кӯктош» дар даври 11-уми Лигаи олӣ дар майдонаш бар «Регар-ТадАЗ» бо ҳисоби 4:2 пирӯз шуд.
Бино ба маълумоти Лигаи футболи кишвар, “Эсхата” дар сафар аз “Файзканд” бо натиҷаи 1:2 шикаст хӯрд.
Се бозии боқимонда, ки 24 май мегузарад “Хатлон” бо “Истиқлол”, “Ҳосилот” бо “Равшан” ва КМВА бо “Хуҷанд” нерусанҷӣ мекунанд.
 
 
ҶОМИ ТОҶИКИСТОН-2023
Ҷуфтҳои марҳилаи муқаддамотӣ маълум шуданд
Тибқи қуръакашии Ҷоми Тоҷикистон-2023, ки 23 май дар шаҳри Душанбе баргузор шуд дар марҳилаи муқаддамотӣ 13 дастаи лигаи якум ширкат мекунад. 
Ба ахбори ЛФТ, барои роҳ ёфтан ба даври 1/8 ниҳоӣ «Истаравшан» бо «Душанбе», «Шодмон» бо «Парвоз», «Сарҳадчӣ» бо «Моҳир», «Гулистон» бо «Барқчӣ», «Ҳулбук» бо «Панҷшер» ва «Саройкамар» бо «Ориён» (ғолиби ҷуфти «Саройкамар»/«Ориён» дар даври дуюми марҳилаи муқаддамотӣ бо «Равшан»-и Зафаробод) қувва меозмоянд. 
Бозиҳо аз як вохӯригӣ иборат буда, 31 май ва 1 июн доир мешаванд. Дар даври 1/8 ниҳоӣ бошгоҳҳои Лигаи олӣ ҳамроҳ мегарданд.
Бояд гуфт, ки барандаи Ҷоми Тоҷикистон-2023 ҳуқуқи муаррифии кишвари моро дар Ҷоми КФО-2024/2025 ба даст меорад. 
 
Маҳмуд БАҲРОМ, шореҳи варзиш
Санаи нашр: 24.05.2023 №: 109
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив