ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ҶАҲОН  ДАР ЯК САТР

ҶАҲОН  ДАР ЯК САТР

25 май 2023, Панҷшанбе
7
0
CentralAsia (CA). Раиси Ҳизби   Россияи одил – барои ҳақиқат Сергей Миронов  ба Сарвазири Россия Михаил Мишустин пешниҳод кард, ки  корфармоёнро муваззаф созад, то  маоши муҳоҷирони меҳнатиро на камтар аз шаҳрвандони Россия муқаррар намоянд.
 
Газета.ру.  Вазири корҳои хориҷии Чин Син Ган  дар Пекин зимни мулоқот бо ҳамтои худ  аз Нидерланд Вопка Ҳукстра гуфт, ки теъдоди садоҳои оқилона ба тарафдории хатми ҷанг дар Украина пайваста меафзояд.
 
Мир 24. Бино ба изҳороти олимони донишгоҳҳои Эксетер ва Нанкинг, ки гармшавии глобалиро меомӯзанд, то соли 2100 панҷяки аҳолии ҷаҳон ба ҳарорати хатарнок дучор хоҳад шуд. Ба гуфтаи олимон, то охири аср ҳарорати ҳаво дар рӯи Замин 2,7 дараҷа гарм мешавад ва шумораи одамоне, ки ба мавҷи гармо дучор меоянд, ба ду миллиард мерасад (ҳоло қариб 60 миллион нафарро ташкил медиҳад).
 
Санаи нашр: 24.05.2023 №: 109
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив