ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » КОЛЛЕҶИ ХОРЕОГРАФӢ.  КОНСЕРТИ ИДОНА БАХШИДА БА 20-СОЛАГИИ ТАЪСИСЁБӢ

КОЛЛЕҶИ ХОРЕОГРАФӢ.  КОНСЕРТИ ИДОНА БАХШИДА БА 20-СОЛАГИИ ТАЪСИСЁБӢ

25 май 2023, Панҷшанбе
24
0
Бо мақсади инкишоф додани санъати хореографӣ Муассисаи давлатии «Коллеҷи ҷумҳуриявии хореографии ба номи М. Собирова» соли 2003 таъсис ёфтааст. Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, таҳти №25, аз 1-уми майи соли 2007, таълимгоҳ ба номи балеринаи шинохтаи тоҷик, Артисти халқии СССР Малика Собирова гузошта шудааст. Дар Коллеҷ мутахассисони касбии соҳаи хореография барои ансамблҳои рақсӣ ва Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ омода мегарданд.
22 майи соли 2023 дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С. Айнӣ консерти ҳисоботии МД «Коллеҷи ҷумҳуриявии хореографии ба номи М.Собирова» баргузор гардид. Дар консерт хонандагону донишҷӯёни Муассиса, бахшида ба 20-солагии таъсисёбӣ ва рӯзи ёдбуди ситораи балети тоҷик, Малика Собирова барномаи рақсии худро бо роҳбарии ҳунарпешагони шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз қабили Наргис Ҳасанова, Бахтиёр Давлатов, Зуҳро Беляева ва дигарон  пешниҳод намуданд.                                    
 
Латифабону РУСТАМЗОДА, "Ҷумҳурият" 
Санаи нашр: 24.05.2023 №: 109
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив