ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » “СИТОРАИ ИТТИҲОД”.  ДОНИШМАНДИ ТОҶИК САЗОВОРИ ҶОИЗАИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ

“СИТОРАИ ИТТИҲОД”.  ДОНИШМАНДИ ТОҶИК САЗОВОРИ ҶОИЗАИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ

25 май 2023, Панҷшанбе
26
0
Хазинаи байнидавлатии ҳамкориҳои башардӯстонаи кишварҳои узви ИДМ ҳашт барандаи ҷоизаро барои соли 2023 интихоб кард. Академик Саидмуҳаммад Одинаев, сармутахассиси Пажӯҳишгоҳи физикӣ-техникии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон яке аз барандагони ҷоизаи “Ситораи Иттиҳод” шуд. Маросими супурдани ҷоиза рӯзҳои 11-15 сентябри соли ҷорӣ дар шаҳри Бишкек, пойтахти Ҷумҳурии Қирғизистон баргузор мешавад.
Ба интихобшудагон Диплом, Нишони фахрӣ, шаҳодатнома, ҷоизаи пулӣ дар ҳаҷми 2 миллион рубли русӣ дода мешавад. 
Ин ҷоиза дар солҳои гуногун ба намояндагони соҳаҳои мухталиф аз кишвари мо, аз ҷумла навозандагон, рассомон, филмсозон, адибон, дода шудааст. Қобили зикр аст, ки Ҷоизаи бонуфузи "Ситораи Иттиҳод" соли 2009 таъсис ёфта буд.
Ҳар сол намояндагони Иттиҳоди давлатҳои мустақил барои дастовардҳои назаррас дар фаъолияти башардӯстона, ки ба сатҳи дастовардҳои ҷаҳонӣ мувофиқанд ва дар рушди ҳар як кишвари узви ин иттиҳод саҳм гузоштаанд, қадр мешаванд.
 
Лола РИЗОӢ, «Ҷумҳурият»
Санаи нашр: 24.05.2023 №: 109
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив