ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » МЕҲРИ МОДАР

МЕҲРИ МОДАР

25 май 2023, Панҷшанбе
43
0
Ба озмуни «Дуои модар»
 
Модар, бирафтӣ аз сари мо, баъди рафтанат
Тифли дилам дигар зи  ҷаҳон ноумед шуд.
Мурғи тараб парид зи боғи ҳаёти ман,
Мӯи сарам замони ҷавонӣ сафед шуд.
 
Дар хоби ман ҳанӯз ту бикшода дасти меҳр,
Хонӣ дуои нек, ки дур аз хазон шавам.
То дӯстдор бошаму бо мардум ошно,
Пандам диҳӣ, ки марҳами дарди касон шавам.
 
Тарсам, ки дида во шаваду гум кунам туро,
Дар хоб бо ту ман сухан оғоз мекунам.
Кукуи ташнаам, ки зи гулёди Дашти Ҷам,
Модар, туро тамоми шаб овоз мекунам.
 
Дар сар хаёлу дар нигаҳам моҳи чеҳраат,
Дил аз ғами фироқи ту бетоб мешавад.
Аз дидаам сиришк чи хунбор мечакад,
Шаб бистарам  ба ёди ту ғарқоб мешавад.
 
Ҳарчанд марг хост ҷудоят кунад зи ман,
Ҳарчанд марг хост туро бенишон кунад,
Номи туро ба тифлаки навзод додаам,
То зикри хайру неки туро ҷовидон кунад.
МОДАРАМ
Рӯзгоре шуд, ки бе ту беқарорам, модарам,
Хонаам холист бе ту, ғамгусорам, модарам.
Рафтию доғи ҷудоӣ дар дилам зад муҳри ғам,
Кош, будӣ дар барам, дору надорам, модарам.
 
Ёд дорам, рӯзи маргат, зиндагӣ мотам гирифт,
Сели тӯфонии ғам дар дидаам олам гирифт.
Бори тобути ту пандам дод аз мардонагӣ,
Қоматам аз бори ҳиҷронат саропо хам гирифт.
 
 
Модари ғампарварам, будӣ чароғи хонаам,
Чашмаи илҳоми шеъру қиссаву афсонаам.
Аз дарам рахти сафар бастӣ, дареғо, бемаҳал,
Эй сафои умри ман, эй модари фарзонаам!
 
Ҳар гаҳе оям сари гӯри ту, гирён мешавам,
Аз ғами бемодарӣ зору парешон мешавам.
Рӯи гӯри хоксорат, эй азизи хоксор,
Хок бар сар мекунам, бо хок яксон мешавам.
 
УЗР
Даврони бегуноҳии ман даври доманат
Дунёи пурнишоту сарои биҳишт буд.
Модар, гуноҳи зиндагиамро дигар бубахш,
Зеро гуноҳи кардаам аз сарнавишт буд.
 
Он рӯзгори нек дар оғӯши меҳри ту
Аз ранҷи рӯзгор маро кай хабар будӣ,
Аз кардаҳои хеш яке бебасар будам,
Ҷон модарам, ягона ту нури басар будӣ.
 
Аз домани ту монда қадам сӯи зиндагӣ,
Ман заҳри хору шаҳди гули раҳ чашидаам.
То устувор пой ниҳам рӯи ин замин,
Ман аз ҳазор доми бало по кашидаам.
 
Дар кӯи ноаёни баду неки рӯзгор
Мондам гаҳе ба доми фиреби сияҳдилон.
Панди туам ҳамеша мададгори нек буд,
Меҳри ту додааст маро аз бадӣ амон.
 
Гаҳ марди пургуноҳу гаҳе фарди бегуноҳ,
Гаҳ пурнишот будаму гаҳ ғарки дарду ғам.
Бӯи вафо зи хоки азизон шамидаам,
То аз сахо ба хоки ту рӯзе кашам алам.
 
Модар, гуноҳи зиндагиамро кунун бубахш.
Зеро гуноҳи кардаам аз сарнавишт буд.
Даврони бегуноҳии ман даври доманат
Дунёи пурнишоту сарои биҳишт буд.
 
Акбар АБДУЛЛО
Санаи нашр: 24.05.2023 №: 109
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив