ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ВКХ. МУЛОҚОТ БО САФИРИ РОССИЯ

ВКХ. МУЛОҚОТ БО САФИРИ РОССИЯ

25 май 2023, Панҷшанбе
20
0
24 май дар Вазорати корҳои хориҷӣ бо сафири фавқулода ва мухтори Федератсияи Россия дар Тоҷикистон С. Григорев вохӯрӣ баргузор гардид.
Чуноне дар хабари интишорнамудаи Вазорат омадааст, зимни вохӯрӣ ба таваҷҷуҳи сафир нигаронии ҷониби Тоҷикистон аз маълумоти воридшуда дар бораи ба таври оммавӣ боздошт гардидани шаҳрвандони ҷумҳурӣ дар қаламрави Россия расонда шуд. Ҳамзамон, зарурати вокуниши якҷоя ба мушкилоти ҷойдошта дар самти муҳоҷират ва аҳамияти андешидани амалҳои ҳамоҳангшуда дар таҳияи тадбирҳои имконпазири муштарак зикр шуд.
 
 
БАРРАСИИ РАФТИ ИҶРОИ ЛОИҲАИ «БРАМОМ-4»
Масъалаҳои марбут ба рафти корҳои сохтмонӣ дар доираи лоиҳаи «Беҳтар намудани роҳҳои минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ» («БРАМОМ-4») зимни мулоқоти вазири нақлиёт Азим Иброҳим бо ҳайати Бонки ҷаҳонӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Дар Вазорати мазкур шарҳ доданд, ки дарозии роҳи Гулистон – Кӯлоб 32,5 километрро ташкил дода,  яке аз лоиҳаҳои муҳим дар соҳаи нақлиёт арзёбӣ мегардад. Дар доираи лоиҳа, инчунин, дар ВМКБ  сохтмони пул аз болои дарёи Ғунд ва роҳҳои ба он пайваст, бунёди роҳи автомобилгард дар мавзеи Барсеми ноҳияи Шуғнон бо ду долони зиддитармавӣ ва як пул пешбинӣ шудааст. Дар ҳудуди вилояти Суғд навсозӣ ва таҷдиди қитъаҳои роҳҳои автомобилгард, аз ҷумла  таҷдиди  қитъаи Куруш – Бекобод, Деҳмой – Бобоҷон Ғафуров, навсозии қитъаҳои роҳи ноҳияи Ғафуров – Хистеварз ва Конибодом – Кучкак ба нақша гирифта шудаанд. 
 
 
ШАРИКИИ ДАВЛАТ ВА БАХШИ ХУСУСӢ  ДАР СОҲАИ МАОРИФ
Дар Душанбе бо мақсади таъмини рушди механизми шарикии давлат ва бахши хусусӣ дар соҳаи маориф бо истифода аз таҷрибаи пешрафтаи кишварҳои минтақа ҳамоиши байналмилалӣ доир гардид.
Аз Вазорати маориф ва илм иттилоъ доданд, ки дар ҳамоиш коршиносони ҷумҳуриҳои Қазоқистону Ӯзбекистон, намояндагони вазорату идораҳо, соҳибкорону сармоягузорон ва шарикони рушд иштирок намуданд.
 
 
СЕМИНАРИ КОРМАНДОНИ ХАДАМОТИ ШИНОСНОМАВӢ 
Хадамоти шиносномавию бақайдгирии ВКД барои кормандони шуъбаҳои тобеи хадамот дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд семинари омӯзишӣ баргузор намуд. 
Хабарнигори минтақавии мо хабар медиҳад, ки семинар атрофи масъалаҳои баррасии парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ нисбат ба шаҳрвандони хориҷӣ, бешаҳрванд, паноҳҷӯянда ва гурезаҳо ҷараён гирифт.
 
 
ФОРУМИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ СОДИРОТӢ ДАР БОХТАР
Дар шаҳри Бохтар Форуми 3-юми байналмилалии содиротии «Бохтар Фуд – 2023» оғоз гардид. Дар ин бора хабарнигори минтақавии «Ҷумҳурият» хабар дод. 
Форум аз ҷониби Агентии содироти назди Ҳукумати ҷумҳурӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон баргузор шуда, дар он намояндагони мақомоти давлатии соҳавӣ, корпуси дипломатии муқими Тоҷикистон, шарикони рушд ва бахши хусусӣ иштирок доштанд.
 
 
ГРАН ПРИИ ДУШАНБЕ-2023
2 – 4 июни соли ҷорӣ Мусобиқаи байналмилалии ҷудо – Гран прии Душанбе баргузор мешавад, ки дар он Тоҷикистонро 34 варзишгар намояндагӣ менамояд, – хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи ҷудои Тоҷикистон. 
Гран прии Душанбе дар доираи мусобиқаҳои «Сайри ҷаҳонии ҷудо»-и Федератсияи байналмилалии ҷудо баргузор шуда, сабқати интихобӣ ба Бозиҳои олимпии Париж-2024 мебошад. Барои иштирок дар он то имрӯз ҳудуди 300 варзишгар аз 40 давлати дунё номнавис шудааст. 
 
 
721 ҶАВОН ДАР МАҚОМИ РОҲБАРИИ   ШАҲРУ НОҲИЯҲОИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН
Айни ҳол дар вилоят шумораи ҷавонон 1 миллиону 39 ҳазору 300 нафарро ташкил медиҳад, ки 509 ҳазору 994 нафари онҳо духтарон мебошанд. 721 ҷавон дар мақоми роҳбарӣ фаъолияти босамар дорад. 
Аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ба хабарнигори «Ҷумҳурият» иттилоъ доданд, ки тули чанд соли охир дар Хатлон шумораи вакилони маҷлиси вакилони халқи шаҳру ноҳияҳо ва ҷамоатҳои шаҳраку деҳот аз ҳисоби ҷавонон 159 нафар зиёд гардида, теъдоди вакилони ҷавон ба 822 нафар расидааст.
Санаи нашр: 25.05.2023 №: 110
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив