ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » МОРАБИТО ВИСЕНТ ДАР ХАТЛОН

МОРАБИТО ВИСЕНТ ДАР ХАТЛОН

25 май 2023, Панҷшанбе
15
0
23 май раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид бо роҳбари Лоиҳаи кишоварзӣ ва идоракунии заминҳои кишоварзӣ дар Тоҷикистон  Морабито Висент вохӯрд. 
Давлаталӣ Саид меҳмононро ба маркази маъмурии вилояти Хатлон – шаҳри Бохтар хайрамақдам гуфта, иброз дошт, ки мулоқоти  имрӯза ба рушди ҳамкориҳои дуҷонибаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва лоиҳаи кишоварзӣ ва идоракунии заминҳои кишоварзӣ дар Тоҷикистон, ки Агентии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико оид ба рушди байналмилалӣ USAID амалӣ менамояд, такони тозае хоҳад бахшид.
Зикр шуд, ки дар вилоят соҳаи кишоварзӣ, яке аз самтҳои афзалиятноку пешбаранда маҳсуб ёфта, наздик ба 70 ҳазор хоҷагии кишоварзӣ фаъолият дорад ва ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти соҳа соли гузашта зиёда аз 2,5 миллиард доллари амрикоиро ташкил дод. Ҳамчунин, ҳиссаи вилоят дар маҷмуи умумии маҳсулоти кишоварзии мамлакат 52 фоизро ташкил мекунад. Аз ҷумла, 65,1 фоизи ғалладона, 69,4 фоизи пахта, 59,6 фоизи сабзавот, 78,8 фоизи полизиҳо, 48,7 фоизи мева  40,5 фоизи ангур, 56,7 фоизи гӯшт, 50,8 фоизи шир ва 75,3 фоизи ҳаҷми истеҳсоли моҳӣ ба вилояти Хатлон рост меояд.
– Ҳамасола дар вилоят зиёда аз 250 ҳазор тонна пахта,  2,5 миллион тонна меваю сабзавот, ангур ва зироатҳои полизӣ, 1 миллион пӯсти чорво ва 6 ҳазор тонна пашм ба даст оварда мешавад. Кишоварзон  ҳамасола ба хориҷа беш аз 100 ҳазор тонна маҳсулоти кишоварзӣ содирот мекунанд, – гуфт Давлаталӣ Саид.
Давлаталӣ Саид иброз дошт, ки ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба ҷалби сармояи хориҷӣ, махсусан сармояи мустақим, ки дар Паёми навбатии худ зикр доштанд, имрӯз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ҳамкориҳои судмандро бо шарикони рушд ва бахши хусусӣ ҷиҳати ҷалби сармоя, ворид намудани технологияҳои муосир, таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва рушди устувори минбаъдаи иҷтимоию иқтисодии минтақа ба роҳ мондааст.
Ҷаноби Морабито Висент аз истиқболи роҳбарияти вилоят изҳори қаноатмандӣ намуда, зикр кард, ки мақсади асосии лоиҳа баланд бардоштани ҳосилнокии соҳаи кишоварзӣ ва рушд бахшидани корҳои деҳқонӣ мебошад.
 
Муҳаммадзоиршо ШАРИФЗОДА, 
Зокир ҲАСАН, "Ҷумҳурият"
Санаи нашр: 25.05.2023 №: 110
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив