ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ҶИНОЯТ ВА ҶАЗО

ҶИНОЯТ ВА ҶАЗО

25 май 2023, Панҷшанбе
23
0
КОРРУПСИЯ
Тасарруфи 616218 сомонӣ аз ҳисоби сохтмони мактабҳо
Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар дод, ки парвандаи ҷиноятӣ нисбат ба Беҳрӯз Асилов, устои калони ҶДММ “Имдоди Ғайрат”, баъд аз анҷоми тафтиши пешакӣ бо тасдиқи фикри айбдоркунӣ ба суд ирсол шуд.
Тибқи иттилои манбаъ, айбдоршаванда дар давраи фаъолияти кориаш зимни иҷрои корҳои сохтмонӣ дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии № № 75, 78, 126, 128, 129-и ноҳияи Фирдавсӣ бо мақсади тасарруфи молу мулки ғайр ва сохтакорӣ 616218 сомониро барзиёд ҳисоб намуда, онро аз худ кардааст.
Вобаста ба ин ҳолат, нисбат ба Беҳрӯз Асилов бо моддаҳои 245 қисми 3 банди “а” (азонихудкунӣ ё исрофкорӣ), 340 қисми 2 банди “а” (сохтакорӣ, тайёр кардан ё ба соҳибияти каси дигар додани ҳуҷҷат, мукофоти давлатӣ, штамп, муҳр ва бланкаҳои қалбакӣ), 260 қисми 1 (ташкили (таъсиси азнавташкилдиҳии) ғайриқонунии шахси ҳуқуқӣ) ва 363 (иҷро накардани ҳукми суд, ҳалномаи суд ё санади дигари судӣ) - и Кодекси ҷиноятӣ парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардидааст. 
 
 
ҚАЛЛОБӢ.  10 ҲАЗОР ДОЛЛАР СӮХТУ МОШИН АЗ ДУБАЙ НАОМАД
Як сокини шаҳри Бохтар, ки аз ӯ марди 28-сола ном бурда мешавад, ба мақомоти милитсия муроҷиат кардааст, ки ҷавони 20-солаи сокини ноҳияи Рӯдакӣ ӯро фиреб дода, 10 ҳазор долларашро гирифтааст.
Маркази матбуоти Вазорати корҳои дохилӣ дар ин бора иттилоъ дод, ки ин ҷавон ҳанӯз моҳи декабри соли 2022 дар ҳудуди ноҳияи Шоҳмансур бо роҳи фиреб ба боварии марди 28-сола даромада, аз ӯ 10 ҳазор доллари ИМА гирифта, ваъда додааст, ки аз шаҳри Дубай барояш мошин меорад. Вале ин маблағро ба манфиати шахсии худ истифода намудааст, ки феълан вобаста ба ин ҳолат тафтишот идома дорад.
 
 
 
ЧОРВОДУЗД БА КУРСИИ ҶАВОБГАРӢ НИШАСТ
Кормандони мақомоти милитсия дар шаҳри Кӯлоб як марди 33-солаи сокини ҳамин шаҳрро ба гумони содир намудани ҷинояти дуздӣ боздошт карданд.
Тавре сомонаи ВКД хабар медиҳад, боздоштшуда 8 майи соли ҷорӣ бо роҳи пинҳонӣ аз чарогоҳе як сар чорвои калони шохдорро дуздида аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст. 
Зарари расондашуда ба соҳиби чорво 7 ҳазору 500 сомониро ташкил дода, дар робита ба ин кирдор тафтишот оғоз шудааст.
 
Шуъбаи ҳуқуқи рӯзномаи «Ҷумҳурият»
Санаи нашр: 25.05.2023 №: 110
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив