ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » АБУАЛӢ СИНОЗОД. ВОРИСИ ИБНИ СИНО ҒОЛИБИ ОЗМУН

АБУАЛӢ СИНОЗОД. ВОРИСИ ИБНИ СИНО ҒОЛИБИ ОЗМУН

25 май 2023, Панҷшанбе
10
0
Хонандаи МТМУ № 122 шаҳри Душанбе Абуалӣ Синозод ғолиби даври ниҳоии Озмуни байналмилалии 16-уми “Пули забони чинӣ” дар байни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии Тоҷикистон гардид. Ӯ соли гузашта ҳам иштирок дошт, вале муваффақ нашуда буд. Имсол дар баробари ислоҳи камбудиҳо, ҳамзамон, бо омодагии пухта сари минбар шуд ва ниҳоят пирӯз омад.
 
Абуалӣ Синозод бо эҳтиром мегӯяд: «Забони чинӣ зиндагиамро дигар кард. Машъали раҳнамои ман гардид. Шавқи ман ба омӯзиш тавассути санъати ҷангии чинӣ пайдо шуд ва ҳамин тавр, дар Донишкадаи Конфутсий ба омӯзиши «нунчаку», як санъати ҷангии чинӣ шуруъ намудам».
Мавсуф орзуи таҳсил дар Чинро дорад ва умедвор аст, ки шахсан бо ин кишвари зебо шинос шавад ва фарҳангу таърихи Чинро амиқтар дарк кунад.  Вай умедвор аст, ки пас аз ворид шудан ба Чин метавонад дар чорабиниҳои гуногуни фарҳангӣ ширкат варзад. Дар баробари ин, мехоҳад бо муаррифии фарҳанг ва таърихи Тоҷикистон ба мардуми Чин дар табодули фарҳангии ду кишвар саҳм гузорад, то мардуми бештар ин кишвари зеборо дарк кунанд.  
Ӯ ҳоло дар Донишкадаи Конфутсийи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дараҷаи 5-и HSK-ро меомӯзад, имсол аз имтиҳони квотаи Ҳукумати ҶМЧ гузашт ва барои таҳсил ба ин кишвар хоҳад рафт. 
Вай бо рафтору кирдори худ исбот кард, ки агар ту орзу дорӣ ва барои расидан ба он омода ҳастӣ, сахт ранҷ бурда, таслим намешавӣ ва, албатта, ба мақсади худ мерасӣ. 
 
Донишкадаи Конфутсийи назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон
Санаи нашр: 25.05.2023 №: 110
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив