ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » СИ ҶИНПИН: “ЧИН ОМОДА АСТ ҲАМКОРИҲОРО БО КИШВАРҲОИ АВРУОСИЁ ТАҲКИМ БАХШАД”

СИ ҶИНПИН: “ЧИН ОМОДА АСТ ҲАМКОРИҲОРО БО КИШВАРҲОИ АВРУОСИЁ ТАҲКИМ БАХШАД”

25 май 2023, Панҷшанбе
11
0

Мир 24. Си Ҷинпин, Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин, дар як паёми видеоӣ ба иштирокдорони Форуми II иқтисодии Авруосиё, ки дар Москва ҷараён дорад, чунин изҳор дошт: “Чин омода аст ҳамкориҳоро бо кишварҳои Авруосиё таҳким бахшад”.  
Вай ёдовар шуд, ки дар ҷараёни боздидаш аз Россия дар моҳи марти соли ҷорӣ бо Президент Владимир Путин дар бораи ҳамкорӣ дар мавриди ҳамбастагии ташаббуси “Як камарбанд – як роҳ” бо Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё (ЕАЭО) тавофуқоти нав ҳосил гардида буд. Ба гуфтаи Сарвари Чин, Пекин ба амиқтар ва мушаххас кардани ҳамкориҳо дар ин самт самимона манфиатдор аст. Си Ҷинпин гуфт: "Ҷумҳурии Мардумии Чин омода аст, талошҳоро муттаҳид созад ва ҳамкориҳоро ба манофеи дурнамои нави шарикӣ дар қитъаи Авруосиё таҳким бахшад".


ҶАЛАСАИ ШУРОИ ВАЗИРОНИ МУДОФИАИ КИШВАРҲОИ УЗВИ СААД ДАР МИНСК 

CentralAsia (CA). Бино ба иттилои хадамоти матбуоти  Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД), ҷаласаи Шурои вазирони мудофиаи кишварҳои узви СААД имрӯз дар Минск баргузор гардид.  
Дар ин нишаст, ки таҳти раёсати вазири мудофиаи Беларус Виктор Хренин ҷараён гирифт, Имангали Тасмагамбетов, Дабири кулли СААД ва раиси Ситоди муштараки СААД Анатолий Сидоров ширкат доштанд. Иштирокчиёни ҷаласа чолишҳо ва таҳдидҳо ба амнияти низомии минтақаҳои амнияти дастаҷамъии кишварҳои узви СААД ва   масъалаҳои такмили низоми вокуниш ба буҳронро ҳал хоҳанд кард.
Дар ҷараёни мулоқот баррасии асноди марбут ба омодагии муштараки мақомоти идоракунӣ, ташкили неруҳо,  воситаҳои системаи амнияти дастаҷамъии СААД, ҳамкориҳои низомию техникӣ ва ғайра дар назар аст.


СУХАНРОНИИ ПУТИН ДАР ФОРУМИ ИҚТИСОДИИ АВРУОСИЁ
Sputnik. Президенти Россия Владимир Путин гуфт, ки Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё нуфузи худро дар арсаи ҷаҳонӣ тақвият медиҳад.
Ӯ зимни суханрониаш дар Форуми иқтисодии Авруосиё дар Москва изҳор дошт, ки ҳамгироии давлатҳо дар доираи иттиҳод бомуваффақият идома дорад ва аъзои иттиҳод ба таври судманд ҳамкорӣ доранд.
Ба гуфтаи Роҳбари Россия, ҳузури доираи васеи шахсони расмӣ дар Форум, коршиносон, намояндагони ташкилотҳои ҷамъиятии бисёр кишварҳо ва, инчунин, афзоиши мунтазами ҳаҷми табодули мол дар дохили иттиҳод аз  кори судманд шаҳодат медиҳанд.
Путин таъкид намуд, ки Россия ҳамеша дар масъалаи шарикӣ бархурди масъулиятнок ва софдилона дорад ва тамоми созишномаҳоро комилан иҷро мекунад.
"Пеш аз ҳама, мо ин корро дар робита ба кишварҳои Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё анҷом медиҳем ва фаъолияти самароварро идома хоҳем дод", – афзуд ӯ.

Санаи нашр: 25.05.2023 №: 110
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив