ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » БАРҚИЯИ  РАМАЗОН РАҲИМЗОДА БА ВЛАДИМИР КОЛОКОЛТСЕВ

БАРҚИЯИ  РАМАЗОН РАҲИМЗОДА БА ВЛАДИМИР КОЛОКОЛТСЕВ

26 май 2023, Ҷумъа
18
0

Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковники милитсия Рамазон Раҳимзода вобаста ба лату кӯб ва шиканҷаи беш аз 100 донишҷӯи тоҷики Донишгоҳи давлатии шаҳри Комсомолски лаби Амур дар кишвари Хабаровск ва рейди мақомоти Россия бар зидди муҳоҷирони тоҷик дар шаҳраки Котелники канори Москва ва дар дигар шаҳрҳо ба вазири корҳои дохилии Федератсияи Россия генерали политсия Владимир Колоколтсев барқия ирсол намуда, хоҳиш кард, ки ҷиҳати холисона баррасӣ намудани ҳодисаҳои мазкур ва таҳти назоратбарӣ қарор додани онҳо мусоидат намояд.
Дар ин бора сомонаи ВКД хабар дода, ёдрас менамояд, ки 19 майи соли ҷорӣ мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва амнияти Федератсияи Россия донишҷӯёнро субҳ, ҳангоми хоб буданашон, рейд карда, ба онҳо бархурди бераҳмона намуда, ба боздоштгоҳ бурдаанд. 
Ба иттилои манбаъ, айни замон оид ба ин ҳодиса аз ҷониби мақомоти дахлдори Федератсияи Россия тафтишот идома дорад.


ҶАНЛУКА ГРАНДИ ДАР ТОҶИКИСТОН
Тавре ба «Ҷумҳурият» аз Вазорати корҳои хориҷӣ хабар доданд, муовини вазир Музаффар Ҳусейнзода  ҳамоҳангсоз оид ба Осиёи Марказӣ, вазири ваколатдори Италия Ҷанлука Грандиро ба ҳузур пазируфт.
Зимни мулоқот ҷонибҳо роҷеъ ба тавсеа ва рушди муносибатҳои дуҷониба, аз ҷумла дар доираи созмонҳои байналмилалӣ, минтақавӣ ва   G5+1, мубодилаи афкор намуданд.


МУАРРИФИИ ЗАРФИЯТҲОИ САЙЁҲИИ ТОҶИКИСТОН 
Дар шаҳри Риёзи Арабистони Саудӣ роҳбарони ширкатҳои сайёҳии ватанӣ имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистонро дар доираи Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии «Riyadh Travel Fair – 2023» муаррифӣ менамоянд.  Дар ин хусус АМИТ «Ховар» хабар додааст.
Иштироки ширкатҳои сайёҳии ватанӣ дар Намоишгоҳи «Riyadh Travel Fair» яке аз роҳҳои самараноки ҷалби гардишгарони хориҷӣ ба ҷумҳурӣ маҳсуб мешавад. Он барои васеъ гаштани ҳамкории ширкатҳои ҷумҳурӣ бо давлатҳои аз ҷиҳати сайёҳӣ пешрафта заминаи мусоид фароҳам меорад.


ҲАЙАТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ИҶЛОСИЯИ  АССАМБЛЕЯИ СҶСҲ
Дар Фаронса, дар ҳошияи иҷлосияи 90-уми Ассамблеяи генералии Созмони ҷаҳонии солимии ҳайвонот (СҶСҲ) вохӯрии  раиси Кумитаи бехатарии озуқавории ҷумҳурӣ  Муҳаммадсаид Файзуллозода бо директори генералии Созмони мазкур Моник Элуа баргузор гардид. 
Кумитаи бехатарии озуқаворӣ хабар додааст, ки дар он масоили муҳими мансуб ба соҳаи байторӣ баррасӣ  шуданд. 


ВОКУНИШ БА ҲОДИСАИ ЛАТУ КӮБИ ДОНИШҶӮЁН
Умед Бобозода, ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон, вобаста ба ҳодисаи лату кӯби донишҷӯёни тоҷик дар шаҳри Комсомолски лаби Амури Россия вокуниш нишон дода, ба ҳамкори русаш Татяна Москалкова дархост ирсол намуд, - хабар медиҳад АМИТ «Ховар». 
У. Бобозода аз ҳамтои русаш тақозо кардааст, ки ҷиҳати муайян намудани сабабҳои даст ба ин амал задани кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ нисбат ба донишҷӯёни тоҷик, ки муҳассилини донишгоҳҳои ҳамин шаҳр мебошанд, дахолат ва ба тафтиши холисонаи ҳодисаи мазкур мусоидат намояд.

Санаи нашр: 26.05.2023 №: 111
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив