ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ИШТИРОКИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ҶАЛАСАИ ВАСЕИ ШУРОИ ОЛИИ ИҚТИСОДИИ АВРУОСИЁИ ИТТИҲОДИ ИҚТИСОДИИ АВРУОСИЁ

ИШТИРОКИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ҶАЛАСАИ ВАСЕИ ШУРОИ ОЛИИ ИҚТИСОДИИ АВРУОСИЁИ ИТТИҲОДИ ИҚТИСОДИИ АВРУОСИЁ

26 май 2023, Ҷумъа
10
0



25 май Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи васеи Шурои олии иқтисодии Авруосиёи Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё ба ҳайси Роҳбари давлати даъватшуда дар шакли маҷозӣ иштирок ва суханронӣ карданд.

Ҷаласаи Шуро дар шаҳри Москва таҳти раёсати Президенти Федератсияи Россия, Раиси Шурои олии иқтисодии Авруосиёи Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё Владимир Путин сурат гирифт.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии худ изҳор доштанд, ки кишварҳои аъзо ва нозирони Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё шарикони анъанавии Тоҷикистон маҳсуб меёбанд ва мамлакати мо дар асоси дуҷониба бо аксари онҳо робитаҳои зичи тиҷоративу иқтисодӣ дорад.
Ҳаҷми умумии гардиши мол миёни Тоҷикистон ва давлатҳои номбурда ҳамасола тамоюли афзоиши босуботро касб кардааст. Ҳамин аст, ки ҳиссаи кишварҳои Иттиҳод дар тиҷорати хориҷии ҷумҳурии мо дар соли 2022 зиёда аз 42 фоизро ташкил дода, қариб панҷоҳ фоизи содироти молҳои и стеҳсоли маҳаллӣ ба онҳо рост меояд.  
Бо таъкиди алоқамандии ҷониби Тоҷикистон ба рушду тавсеаи минбаъдаи робитаҳои дуҷонибаи тиҷоративу иқтисодӣ бо кишварҳои Иттиҳод Сарвари давлати мо бахшҳои гуногуни саноат, соҳаҳои нақлиёт, кишоварзӣ ва гидроэнергетикаро ба сифати яке аз манбаъҳои асосии тавлиди “энергияи “сабз” ва заминаи калидии рушди “иқтисоди сабз” ҳамчун самтҳои барои ҷонибҳо манфиатовари ҳамкорӣ номбар карданд.
Дар фарҷоми сухан Пешвои миллат таъкид намуданд, ки ҳамкорӣ дар асоси манфиатҳои умумӣ авлавияти амалҳои мо дар сатҳи минтақавӣ муайян гардидааст ва Тоҷикистон онро минбаъд ҳам рӯи кор хоҳад гирифт.

Санаи нашр: 26.05.2023 №: 111
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив