ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ХАТЛОН.  ТАТБИҚИ ДАСТУРҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР АМАЛ  

ХАТЛОН.  ТАТБИҚИ ДАСТУРҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР АМАЛ  

29 май 2023, Душанбе
7
0


Дар партави дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти вусъат бахшидани корҳои кишоварзӣ, истифодаи самараноки обу замин,  васеъ намудани майдони  кишти зироатҳо раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ба ноҳияи Ҷайҳун сафари корӣ анҷом  дод. Аснои сафар аз заминҳои кишоварзӣ ва ҳосили парвардаи деҳқонони хоҷагиҳои деҳоти Қумсангир ва Панҷи ноҳия  дидан намуда, бо фаъолияти  хоҷагидорон  аз  наздик шинос шуд. 
Ҷайҳун яке аз ноҳияҳои аграрии пешсафи вилояти Хатлон  ба ҳисоб рафта, хоҷагидорон ба парвариши картошка, пиёз, гандум ва дигар намуди ғалладонаҳо бештар машғул буда, дар ғанӣ гардондани бозори кишвар онҳо саҳми калон доранд. Имсол аз майдони 3 ҳазору 800 гектар 107 ҳазор тонна пиёз ҷамъ оварда, 16 ҳазор тоннаи онро ба Ҷумҳурии Қазоқистон содирот кардаанд.
Раиси вилоят дар Ҷамоати деҳоти Қумсангир аз хоҷагиҳои деҳқонии “Мустафо-2015”, “Худойдод-2013”, “ХДФ Баҳодур Толибов” ва дар Ҷамоати деҳоти Панҷ аз Хоҷагии деҳқонии “Ҳасан” дидан карда, ба кори деҳқонон баҳои баланд дод. Зимни боздид маълум гардид, ки қисме аз хоҷагидорон  пиёзро ҷамъкарда, дар қитъаҳои  холишуда ҷуворимакка барои дон, лӯбиёгиҳо кишт намуданд. Ба иттилои масъулон, имсол заҳмати хоҷагидорон самари хуб дод, онҳо аз як гектар то 60 тонна пиёз ба даст оварданд, ки ин нишондод нисбат ба соли гузашта зиёд  мебошад. Нашъунамои картошка ва ғалладонагиҳо хуб мебошад ва аз ҳосили фаровон дарак медиҳад.  
Раиси вилоят аз кишоварзону хоҷагидорон даъват ба амал овард, ки дар пешрафти соҳаи кишоварзӣ саҳмгузор бошанд. Ҳар ваҷаб  замини корами обиро, ки дар ихтиёр доранд, оқилонаю самаранок истифода баранд ва дар кишту парвариши зироатҳо ҳисса гузошта, дар таъмини амнияти озуқавории кишвар, фаровонии бозорҳо мусоидат намоянд.

Муҳаммадзоиршо ШАРИФЗОДА, 
Зокир ҲАСАН, "Ҷумҳурият"

Санаи нашр: 29.05.2023 №: 112
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив