ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ХИЗМАТИ ДАВЛАТӢ. 1115 БОНУ ДАР ҲАЙАТИ РОҲБАРИКУНАНДА  ФАЪОЛИЯТ МЕКУНАД 

ХИЗМАТИ ДАВЛАТӢ. 1115 БОНУ ДАР ҲАЙАТИ РОҲБАРИКУНАНДА  ФАЪОЛИЯТ МЕКУНАД 

29 май 2023, Душанбе
32
0
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дарназардошти нақши муассири занону духтарон дар рушди иқтисоди миллии кишвар ҳамеша масъалаи таъмини ҳуқуқу манфиатҳои онҳоро дар меҳвари сиёсати худ қарор дода, барои беҳбуд бахшидан ба вазъи онон таваҷҷуҳи хосса зоҳир менамояд. Дар партави дастгириву ғамхориҳои пайвастаи давлату Ҳукумати мамлакат заминаҳои қонунгузорӣ ҷиҳати таъмини имкониятҳои баробарии мардону занон мустаҳкам гардида, фишангҳои миллии ҳимояи ҳуқуқи занон муайян шудаанд. 
Ин матлабро Ҳилолбӣ Қурбонзода, раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар чорабинии иттилоотӣ вобаста ба татбиқи қарори Ҳукумати кишвар аз 27 апрели соли 2022, № 204 «Дар бораи Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занону духтарони болаёқат барои солҳои 2023-2030» ва баррасии лоиҳаи Низомномаи Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» иброз намуд.
Ӯ афзуд, ки иштироки фаъолонаи занону духтарон ҳамчун неруи фаъолу созанда дар маъракаҳои муҳими давлативу ҷамъиятӣ беш аз пеш эҳсос гардида, занону бонувон ба симати аъзои Ҳукумат ва парлумон, намояндаи мақомоти судӣ, ҳифзи ҳуқуқу тартибот бошарафона масъулияти идоракуниро бар дӯш дошта, дар баробари сиёсатмадор, вакил, омӯзгору табиб, муҳандис, энергетик ва варзишгар буданашон ҳамчун муҳофизи Ватан шинохта шудаанд.
– Яке аз масъалаҳои калидии сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро пешбарӣ ва таъин намудани кадрҳои ҷавону болаёқат аз ҳисоби занону духтарон ба вазифаҳои роҳбарикунанда ташкил дода, дар оянда метавонанд баҳри рушди соҳаҳои мухталифи иқтисоди миллӣ саҳми назаррас дошта бошанд. Баҳри ноил гардидан ба ҳадафҳои дарпешгузошташуда вобаста ба масъалаҳои кадрҳо ба занону духтарон ҷиҳати ворид гардидан ба соҳаи хизмати давлатӣ се холи иловагӣ ҳамчун имтиёз пешбинӣ гардида, гузарондани озмунҳои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ ва аттестатсияи кормандони соҳаи хизмати давлатӣ барои ба як зинаи боло ва дар ҳайати кадрҳои роҳбарикунанда пешбарӣ намудани занону духтарон мусоидат менамояд. Бешак, баргузор намудани Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» ба масъалаи ҷобаҷогузории кадрҳо имконияти мусоид фароҳам хоҳад овард,– гуфт Меҳрӣ Олимшо, мушовири бахши ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои кадрҳо.
Ба иттилои Дилноза Аҳмадзода, муовини директори Агентии хизмати давлатӣ, дар ҷумҳурӣ 18549 хизматчии давлатӣ фаъолият мекунад, ки  аз ин теъдод 4503 (25 дарсад) зан аст. Гузашта аз ин, 1115 нафари онҳо дар ҳайати роҳбарикунанда мебошанд. 
Тибқи таҳлили Агентии хизмати давлатӣ, дар 87 мақомоти давлатӣ айни замон муҳлат ва фоизнокии то 30 дарсад расондани ҳайати роҳбарикунанда аз ҳисоби бонувон, умуман, риоя нагардидааст.
Дар қисми дуюми чорабинӣ лоиҳаи Низомномаи Озмуни ҷумҳуриявии “Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон” баррасӣ гашт. 
 
Оламбегим НЕКҚАДАМОВА,
“Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 29.05.2023 №: 112
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив