ДАВРИ ШАҲРИИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ «ИЛМ – ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ» ОҒОЗ ГАРДИД
Дар Хуҷанд даври шаҳрии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» бо иштироки 391 хонандаи муассисаҳои таълимӣ оғоз гардид.
Чуноне ки ба мо аз Раёсати маорифи вилоят хабар доданд, бори аввал Озмун дар байни хонандагони муассисаҳои типи нав (литсейҳо ва гимназияҳо) ва муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ дар алоҳидагӣ баргузор гашт. Вобаста ба ин, шумораи ҷойҳои ифтихорӣ 42-то зиёд гардида, ба 132- то расид.
Инчунин, ҷиҳати ҷалби васеи иштирокдорон ба Озмун, имсол дар ҳамаи номинатсияҳо ғолибони ҷойи 3-юм аз ду ба се нафар, шумораи ҷойҳои ифтихорӣ аз рӯйи ҳар номинатсия ба 6 адад боло рафт. Шумори мукофотпулӣ барои омӯзгороне, ки шогирдонашон дар даври чоруми Озмун мақомҳои 1, 2, 3 ва Шоҳҷоизаро соҳиб мешаванд, дар маҷмуъ, то ба 84 адад афзуд.
Бояд тазаккур дод, ки Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» соли сеюм аст, ки дар Тоҷикистон таҳти сарпарастии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сурат мегирад.
Меҳрона ЗУВАЙДОВА, «Ҷумҳурият»
Санаи нашр: 30.05.2023 №: 113
Муҳокима кунед
Ҳамчунин хонед:
06 апрел 2023, Панҷшанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ХАРИДИ ДАВЛАТӢ
27 март 2023, Душанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ МУҚОВИМАТ БА ҚОНУНИГАРДОНӢ (РАСМИКУНОНӢ)-И ДАРОМАДҲОИ БО РОҲИ ҶИНОЯТ БАДАСТОВАРДА, МАБЛАҒГУЗОРИИ ТЕРРОРИЗМ ВА МАБЛАҒГУЗОРИИ ПАҲНКУНИИ СИЛОҲИ ҚАТЛИ ОМ
07 феврал 2023, Сешанбе
Низомномаи Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст»
06 феврал 2023, Душанбе
АМРИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Шарҳҳо (0)