ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » «ДУШАНБЕ — КУЛМА».  ШИНОСОИИ ВАЗИР БО ҶАРАЁНИ КОРҲО ДАР РОҲ 

«ДУШАНБЕ — КУЛМА».  ШИНОСОИИ ВАЗИР БО ҶАРАЁНИ КОРҲО ДАР РОҲ 

31 май 2023, Чоршанбе
28
0
Вазири нақлиёти ҷумҳурӣ дар доираи сафари  корӣ ба ВМКБ дар роҳи байналмилалии мошингарди Душанбе —  Кулма бо ҷараёни корҳои таҷдиди қитъаи  Қалъаихумб – Ванҷ – даромадгоҳи ноҳияи Рӯшон  шинос шуд. 
Дар Вазорати нақлиёти ҷумҳурӣ шарҳ доданд, ки аз моҳи сентябри соли 2022 корҳои таҷдиду навсозии роҳи мошингарди сатҳи байналмилалии Душанбе – Кулма дар  қитъаи Дарвоз – Ванҷ то даромадгоҳи ноҳияи Рӯшон оғоз ёфта, давоми нуҳ моҳ роҳсозон  мавзеъҳои мушкилтарини ин масирро тахту ҳамвор намуданд. 
 
 
 
БУНЁД, ТАЪМИР ВА НАВСОЗИИ 590 ИНШООТ ДАР ХУҶАНД
 
Ба истиқболи 35-солагии  Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон давоми соли 2022 ва се моҳи сипаришудаи соли 2023 дар шаҳри Хуҷанд 226 иншооти таъиноти гуногун бунёд, таъмир ва навсозӣ шуд. Дар ин бора аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд ба хабарнигори минтақавии мо иттилоъ доданд.
Аз шумораи иншооте, ки дар ин давра мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт, 20-тои онро коргоҳу корхонаи саноатӣ ташкил медиҳад. Дар маҷмуъ, бунёд, таъмир ва навсозии 590 иншоот ба нақша гирифта шудааст. 
 
 
 
МОИ «КӮЛОБ» СОКИНОН БО КОР  ТАЪМИН МЕШАВАНД
 
Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» сокинонро бо кор таъмин мекунад. Алҳол дар ин Минтақа 7 субъект сабт гардидааст. 
Аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб иттилоъ доданд, ки ҶДММ «Кӯлоб Агросаноат» корҳои сохтмониро дар корхонаи истеҳсоли равған, набот, коркард ва бандубасти намаки ошӣ оғоз кардааст. Иқтидори солонаи истеҳсолии он 60 тонна набот, 150 тонна равған ва 5 ҳазор тонна намаки ошӣ мебошад. Дар назар аст, ки 40 нафар бо ҷойи кор таъмин хоҳад шуд. Самти фаъолияти истеҳсолии ҶДММ «Кӯлоб Пласт» маҳсулоти пластикист. Иқтидори истеҳсолии он дар як сол то 6 ҳазор донаро ташкил медиҳад. Дар сурати пурра ба кор даромадани корхона 15 мутахассиси маҳаллӣ соҳиби ҷойи кори доимӣ мешавад.
Корхонаҳои истеҳсоли хӯроки биологии чорво, коғаз, сангҳои ороишӣ, коркарди пӯст ва истеҳсоли пойафзол, васлу насби лифт, маркази логистикӣ, истеҳсоли маводи шустушӯӣ, куртаҳои мардона, орд ва макарон, нӯшокиҳои ташнагишикан ва шарбати мева, газвор, коркарди пашм, сардхона, истеҳсоли равғани рустанӣ, лампаҳои каммасраф, зарфҳои шишагин, маҳсулоти сохтмонӣ, сӯзандору, коркарди меваю сабзавот ва бофандагӣ аз ин ҷумла мебошанд.
Дар семоҳаи аввали соли равон дар шаҳру деҳоти Кӯлоб 14 коргоҳи саноатӣ  ба фаъолият шуруъ намуд, ки дар онҳо теъдоди зиёди сокинони шаҳру деҳоти атрофи он бо ҷойи кор таъмин шуданд.
 
 
 
ДАР РОШТҚАЛЪА ШУМОРАИ КОРГОҲҲОИ БОФАНДАГӢ МЕАФЗОЯД
 
Бино ба иттилои хабарнигори минтақавии «Ҷумҳурият», шумораи коргоҳҳои хурди ресандагию бофандагӣ дар деҳаи дурдасти Сежди ноҳияи Роштқалъаи ВМКБ ба чаҳор адад расид. Дар ҳар яке аз ин корхонаҳо аз 15 то 20 нафар занони ҳунарманд кор карда, аз пашми бузи тибетӣ ва гӯсфандҳои маҳаллӣ маҳсулоти гуногун тавлид мекунанд. 
Тавассути таъсиси коргоҳҳои хурди ҳунармандӣ дар деҳа зиёда аз 70 зану духтари бешуғл бо ҷойи кори доимӣ таъмин шуд. Аксари онҳо қаблан низ, дар хона ба ресандагию бофандагӣ машғул буданд ва аз ин ҳисоб зиндагии хешро пеш мебурданд. Дар коргоҳҳо бошад, шароити хубтар барои эҷод фароҳам оварда шудаасту маъмурият маҳсулоти истеҳсолнамудаи ҳунармандонро ба фурӯш мебарораду дастмузди кормандонро пардохт менамояд.
 
 
КИШТИ КАРТОШКА ДАР ХОВАЛИНГ
 
Бо мақсади саҳм гузоштан дар таъмини амнияти озуқавории ҷумҳурӣ ва таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти хушсифати аз ҷиҳати экологӣ тоза дар Ховалинг бо истифода аз техникаи кишоварзию тухмии хушсифати ба шароити иқлими минтақа мутобиқ кишти картошка идома дорад, – хабар медиҳад АМИТ «Ховар». 
Дар баробари дигар кооперативҳои тиҷоратӣ ва хоҷагиҳои деҳқонӣ Хоҷагии ҷангали ба номи Сайидаҳмад Каримов ба кишти ин намуди маҳсулот оғоз намуд. Тухмии картошка аз Ҷумҳурии Беларус дарёфт гардидааст.  
 
Шуъбаи иттилооти «Ҷумҳурият»
Санаи нашр: 31.05.2023 №: 114
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив