ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ВМКБ. ТАСМИМ БАРОИ ТАЪСИСИ ТИМИ ФУТБОЛ 

ВМКБ. ТАСМИМ БАРОИ ТАЪСИСИ ТИМИ ФУТБОЛ 

31 май 2023, Чоршанбе
17
0
Дар даврони соҳибистиқлолии кишвар рушди соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш дар меҳвари сиёсати иҷтимоии Ҳукумати мамлакат қарор дошта, пайваста барои дастгирии варзишгарон иқдомҳои наҷиб андешида мешаванд. Таъсиси Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ғолибон ва ҷоизадорони мусобиқаҳои байналмилалии варзишӣ ва дигар иқдомоти шоистаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин самт намунаи олии ташаббусҳои Роҳбари давлат мебошанд, ки ба рушди бесобиқаи варзиш дар мамлакат мусоидат мекунанд. 
Ин нуктаро муовини сардори раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Мамаден Мамаденов дар машварати назоратии назди раиси вилоят зикр кард. 
Ӯ афзуд, ки ин раванд дар ВМКБ низ, бармало ба мушоҳида мерасад. Имрӯз дар шаҳри Хоруғ Маркази омодагии олимпӣ, мактабҳои махсуси гӯштии миллӣ ва дигар бозиҳои варзишӣ, дар ноҳияҳои вилоят 8 мактаби варзишӣ фаъолият дорад. Дар ин муассисаҳо аз рӯйи 18 намуди варзиш 3632 нафар (668 бону) ба варзиш машғул мебошад. Мураббиён ва доварони муассисаҳои варзишӣ дар шаҳри Душанбе ҳамасола аз курсҳои такмили  ихтисос мегузаранд. То ҳол 20 мураббӣ аз ин курсҳо гузаштааст. 
Соли гузашта, 154 варзишгар аз рӯи 12 намуди варзиш дар мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ  иштирок намуда, соҳиби 73 медал (5 тилло, 18 нуқра ва 50 биринҷӣ) гардид. Аз ҷумла, дастаи занонаи волейболбозони вилоят барандаи Ҷоми раиси шаҳри Душанбе шуд. Гузашта аз ин, мураббии мактаби махсуси бозиҳои варзишии шаҳри Хоруғ Фирӯз Шамсиддинов аз Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба дастхобонӣ медали тилло гирифт.   
– Дар  самти  таъмину таҷдиди муассисаҳои таълимиву варзишии вилоят, сертификаткунонии онҳо корҳои муайян иҷро гардиданд. Айни ҳол дар вилоят 403 иншооти варзишӣ, аз ҷумла 71 толор, 307 майдонча, 11 варзишгоҳ, 3 қасри варзишии “Вастан” вуҷуд дорад. Аксари майдончаҳо ва толорҳои варзишӣ бо қарори раисони шаҳру ноҳияҳо ба муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ вобаста шуда, дар онҳо ҳаррӯза чорабиниҳои варзишӣ аз намудҳои гӯштӣ, волейбол, баскетбол, тенниси рӯйи миз, футбол ва ғайра гузаронда мешаванд. Мутаассифона, баъзе иншооти варзишӣ, ки солҳои охир сохта шудаанд, то ҳол ба ягон муассиса ё маҳалла вобаста  набуда, барои нигоҳубини онҳо касе масъул нест, –  иброз дошт Мамаден Мамаденов.
Зимни баррасии масъала раиси вилоят Алишер Мирзонабот дар баробари пешравиҳои соҳаи варзиш дар замони соҳибистиқлолӣ аз он изҳори нигаронӣ кард, ки то ҳол дар вилоят дастаи футбол вуҷуд надорад ва дар чемпионатҳо вилоятро ягон тим намояндагӣ намекунад. Ин дар ҳолест, ки дар клубҳои футболи кишвар ва тими миллии Тоҷикистон футболбозони зодагони ВМКБ бозӣ мекунанд. Аз ин рӯ, Федератсияи футболи навташкили вилоятро зарур аст, ки фаъолияташро ҷоннок намояд. Инчунин, дастур дода шуд, ки аз 1 июн аз ҳисоби ҷавонони корхонаҳои калонтарини вилоят дастаҳои футбол ташкил ва мусобиқа ба роҳ монда шавад.  
– Раиси Маҷлиси миллӣ, президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ ташаббус ва пешниҳоди Федератсияи футболи ВМКБ-ро дар самти рушди соҳа дар вилоят дастгирӣ менамояд. Бо дастгирии Рустами Эмомалӣ чанд соли охир дар вилоят майдонҳои замонавии варзишӣ сохта ба истифода дода шуданд. Бинобар ин, раёсати кор бо ҷавонон ва варзиш, Федератсияи футболи вилоятро зарур аст, ки ҷиҳати  ҳалли масъала чораҷӯӣ намоянд. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят аз ҷониби худ варзишгарони вилоятро ҳамаҷониба дастгирӣ мекунад ва барои рушди соҳа, оммавияти он аз тамоми имкониятҳо истифода мебарад. Солимии ҷомеа ба тандурусту бардам будани ҳар як узви ҷомеа вобаста аст ва варзиш як омили муҳими ҳифзи саломатӣ мебошад, – таъкид кард раиси вилоят. 
 
Раҳмони ГУЛЗОР, “Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 31.05.2023 №: 114
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив