ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » НОҲИЯИ ВОСЕЪ. ТАЪМИРУ НАВСОЗИИ МАРКАЗҲОИ САЛОМАТИИ ДЕҲОТ

НОҲИЯИ ВОСЕЪ. ТАЪМИРУ НАВСОЗИИ МАРКАЗҲОИ САЛОМАТИИ ДЕҲОТ

31 май 2023, Чоршанбе
33
0
 
Диловар Валиев, роҳбари муассисаҳои кумаки аввалияи тиббию санитарӣ дар ноҳияи Восеъ, ба хабарнигори рӯзномаи "Ҷумҳурият" иттилоъ дод, ки бо дастгирии Ҳукумати мамлакат ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ марказу бунгоҳҳои саломатии деҳот, ки чандсолаҳо таъмирро надида буданд, аз тармими асосӣ бароварда шуданд. Ба гуфтаи мавсуф, аз соли рафта, то кунун 30  маркази саломатии деҳотӣ аз таъмир бароварда шуда, дар  3-тои дигар сохтмон идома дорад. 
Таъмири марказҳои саломатӣ бо маблағгузории Лоиҳаи “Инкишофи барвақтии кӯдакон барои густариши сармояи инсонӣ дар Тоҷикистон” ба роҳ монда шудааст.
– Соли гузашта аз тарафи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон 1 мошини ёрии таъҷилии замонавӣ бо тамоми таҷҳизоти муосири тиббӣ ҷиҳозондашуда ва 8 яхдони нигоҳдории доруворӣ ба шуъбаи ёрии таъҷилии марказ дастрас гардид. Порсол бо дастгирии Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия ва ашхоси саховатпеша маркази саломатии ноҳиявиро таъмири ҷорӣ   намудем, – афзуд Диловар Валиев. 
Номбурда иттилоъ дод, ки дар муассисаҳои кумаки аввалияи тиббию санитарии ноҳия 41 маркази саломатии деҳотӣ, 27 бунгоҳи тиббӣ ва 1 маркази саломатии ноҳиявӣ фаъолияти босамар дорад. Дар муассисаҳои КАТС-и ноҳия 1204 нафар табибону ҳамширагон ба 234 ҳазору 202 нафар аҳолии ноҳия хизматрасонии аввалияи тиббиро таъмин менамоянд.
Д. Валиев гуфт, ки бо мақсади дар сатҳи баланд таҷлил намудани 35-солагии Истиқлоли давлатӣ кормандони муассисаҳои кумаки аввалияи тиббию санитарии ноҳия дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро сармашқи кори худ намуда, пайваста корҳои ободонию созандагиро дар муассисаҳои КАТС -и ноҳия ба роҳ мемонанд.  
 
Суннати СОДИҚ, “Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 31.05.2023 №: 114
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив