ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » DUSHANBE GRAND PRIX 2023

DUSHANBE GRAND PRIX 2023

31 май 2023, Чоршанбе
8
0
Тоҷикистон барои баргузории мусобиқа пурра омода аст 
Бори аввал дар таърихи соҳибистиқлолии кишвар дар қалби Тоҷикистон – шаҳри Душанбе Мусобиқаи Dushanbe Grand Prix 2023 баргузор мегардад. Ин чорабинии бонуфузи байналмилалӣ дар доираи мусобиқоти “Сайри ҷаҳонии дзюдо”-и Федератсияи байналмилалии дзюдо 2-4 июн дар Қасри теннис ва маҷмааи варзиши обӣ сурат мегирад. 
Махсусан бояд гуфт, ки Dushanbe Grand Prix бо дастуру ҳидоятҳои Президенти кишвар, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дастгирии раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ рӯйи кор омад.
Тибқи иттилои Федератсияи дзюдои Тоҷикистон, дар мусобиқа 313 варзишгар (176 мард, 137 зан) аз 42 давлати дунё номнавис шудаанд. Тими мунтахаби Тоҷикистон ба ҳайси мизбон дар ҳайати 34 варзишгар (28 мард, 6 зан) –  Муҳаммадсолеҳ Қувватов, Меҳрзод Суфиев, Ҳақдод Гулов, Муҳаммад Маҳмадизода (-60кг), Эмомалӣ Нуралӣ, Обид Ҷебов, Шаҳбоз Саидаброров, Фирӯз Мелибойзода (-66кг), Беҳрӯз Хоҷазода, Муҳаммадшариф Наҷмиддинов, Абубакр Шеров, Мирзоҷамил Рамазонов (-73кг), Сомон Маҳмадбеков, Шодмон Ризоев, Муҳаммадҷон Абдуҷалилзода, Сайфиддин Сайфиддинзода (-81кг), Комроншоҳ Устопириён, Ҷаҳонгир Маҷидов, Ҳақназар Назаров, Акмал Муродов (-90кг), Абубакри Акобир, Исроил Раҳимов, Эмомризо Анварзода, Раҳматулло Мирзоев (-100кг), Темур Раҳимов, Мансур Раҳмон, Иброҳим Элмуродов, Шакармамад Мирмамадов (+100кг), Шукрона Қарчиева, Мадина Қурбонзода (-48кг), Аҳлия Муъминова (-52кг), Шоҳида Қаландарова, Фазилат Гулбоева (-57кг), Мавлуда Одинаева (-63кг) ширкат мекунад.
Гран Прии Душанбе мусобиқаи интихобӣ ба Бозиҳои олимпии Париж-2024 маҳсуб ёфта, варзишгарон имкони гирифтани холҳои олимпиро доранд. 
Фонди ҷоизаҳо 100000 евро буда, ғолибон дар ҳамаи 14 вазн (7 вазн миёни мардҳо, 7 вазн миёни бонувон) 3000 евро, барандагони медалҳои нуқра ва биринҷӣ мутаносибан 2000 ва 1000-евроӣ мегиранд. 
Барои дар сатҳи баланди ташкилӣ гузарондани чорабинии бонуфузи варзишӣ қарори раиси шаҳри Душанбе ба тасвиб расидааст. Инчунин, 29 май ҷаласаи кумитаи тадорукоти мусобиқа баргузор шуда, масъалаҳои ташкилӣ, аз ҷумла таъмини амният ва тартиботи ҷамъиятӣ, хизматрасонии тиббӣ, бехатарӣ аз сӯхтор баррасӣ гаштанд. 
Имрӯз аз Федератсияи дзюдои кишвар хабар доданд, ки Қасри теннис ва маҷмааи варзиши обӣ барои баргузории мусобиқа пурра омода мебошанд.
 
Маҳмуд БАҲРОМ, шореҳи варзиш
Санаи нашр: 31.05.2023 №: 114
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив