ҶАҲОН ДАР ЯК САТР
АИР «Новости». Мушовири Роҳбари Туркия Меҳмет Учум хабар дод, ки маросими савгандёдкунии Реҷеп Тайип Эрдоган, Президенти Туркия, мумкин аст, 3 июн баргузор шавад. Ба гуфтаи Учум, дар ин рӯз Эрдоган метавонад рӯйхати аъзои Ҳукумати навро ошкор созад.
ТАСС. Сергей Лавров, вазири корҳои хориҷии Россия, рӯзи сешанбе вориди Мапуту, пойтахти Мозамбик шуд.
Интизор меравад, ки дар Мозамбик сарвари намояндагии дипломатии Россия бо роҳбарияти сиёсии ин кишвар дидору гуфтугӯ намояд.
АМИТ «Ховар». Бориши шадиди борон ва обхезии як моҳи охир дар Афғонистон ҷони 42 нафарро аз байн бурданд, 45 тани дигар маҷруҳ шудааст. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба агентии «Синхуа» иттилоъ медиҳад.
RT. Вазири корҳои хориҷии Россия Сергей Лавров гуфт, ки дар ҳошияи саммити Россия – Африқо, ки моҳи июл дар Санкт-Петербург баргузор мешавад, мулоқоти Президенти Россия Владимир Путин ва Президенти Бурунди Эваристе Ндайишиймие дар назар аст.
Санаи нашр: 31.05.2023 №: 114
Муҳокима кунед
Ҳамчунин хонед:
06 апрел 2023, Панҷшанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ХАРИДИ ДАВЛАТӢ
27 март 2023, Душанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ МУҚОВИМАТ БА ҚОНУНИГАРДОНӢ (РАСМИКУНОНӢ)-И ДАРОМАДҲОИ БО РОҲИ ҶИНОЯТ БАДАСТОВАРДА, МАБЛАҒГУЗОРИИ ТЕРРОРИЗМ ВА МАБЛАҒГУЗОРИИ ПАҲНКУНИИ СИЛОҲИ ҚАТЛИ ОМ
17 апрел 2023, Душанбе
БА ҚУДРАТ РАСИДАНИ «ТОЛИБОН» ВА САРНАВИШТИ ТОҶИКОНИ АФҒОНИСТОН
Шарҳҳо (0)