ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ҶАЛАСАИ ҲАШТУМИ ШУРОИ МИЛЛИИ СУБОТИ МОЛИЯВӢ ДАР ТОҶИКИСТОН

ҶАЛАСАИ ҲАШТУМИ ШУРОИ МИЛЛИИ СУБОТИ МОЛИЯВӢ ДАР ТОҶИКИСТОН

01 июн 2023, Панҷшанбе
10
0
29 майи соли 2023 дар Бонки миллии Тоҷикистон ҷаласаи ҳаштуми Шурои миллии суботи молиявӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Завқӣ Завқизода бо иштироки роҳбарони Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бонки миллии Тоҷикистон, Хазинаи суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ ва дигар аъзои Шуро баргузор гардид. 
Дар оғози чорабинӣ мутобиқи рӯзномаи ҷаласа рафти иҷрои қарорҳои қабулгардидаи ҷаласаи ҳафтуми Шуро муҳокима гардида, гузориши масъулин оид ба андешидани чораҳои зарурӣ ҷиҳати баланд бардоштани рейтинги кредитии соҳибихтиёрии кишвар баҳри зиёд намудани ҷалби сармоягузориҳои хориҷӣ, бо истифода аз усулҳои муосир ва баҳрабардории технологияи нави иттилоотӣ, баланд бардоштани сатҳи касбии муҳоҷирон ва мутобиқ намудани онҳо ба бозорҳои меҳнатӣ, инчунин, роҳандозии фишангҳои сиёсати монетарӣ ва дигар механизмҳо барои коҳиш додани хавфҳои таваррумӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Раиси Шуро Завқӣ Завқизода зикр намуд, ки ба шарофати сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон андешидани чораҳои саривақтӣ дар доираи Нақшаи чорабиниҳо оид ба пешгирии таъсири хавфҳои эҳтимолӣ ба иқтисоди миллӣ сарфи назар аз таъсири омилҳои берунӣ, бахусус вазъи иқтисоди глобалӣ, устувории макроиқтисодӣ ва суботи молиявӣ дар ҷумҳурӣ таъмин гардиданд. Дар натиҷа, нишондиҳандаҳои калидии иқтисодӣ рушди воқеии ММД дар чор моҳи соли 2023 -юм 8, сатҳи таваррум 2,3 фоизро ташкил намуд, ки нисбат ба дигар кишварҳои минтақа пасттар ҷамъбаст шуд. Дар чунин фазои мусоид фаъолияти бемамонияти низоми бонкӣ нигоҳ дошта шуда, қурби пули миллӣ муътадил арзёбӣ гардид.
Аъзои Шуро бо пешниҳоди рӯнамоҳо марбут ба рушди ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ, мутобиқ намудани баҳисобгирии молиявӣ дар корхонаҳои давлатӣ ба стандартҳои байналмилалӣ ва рушди бозори ипотека анҷом доданд. Дар раванди пешниҳоди рӯнамоҳо зикр гардид, ки вусъат додани ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ ва ташкили равзанаи ягонаи пардохти тамоми хизматрасониҳои давлатӣ, ҳамчунин, беҳтар намудани ҳисоботҳои молиявии корхонаҳои давлатӣ, омӯзиши  таҷрибаи ҷаҳонии бозори ипотека ва имкониятҳои татбиқи он ба рушди иқтисодиёти миллӣ ва баланд бардоштани вазъи иҷтимоии аҳолӣ мусоидат хоҳад кард.
Зикр гардид, ки дар солҳои охир шумораи ҳамёнҳои электронӣ қариб 2 маротиба афзуда, ҳиссаи амалиётҳои ғайринақдӣ тавассути воситаҳои электронии пардохтӣ анҷомдодашуда аз 4,9 фоизи соли 2018 то 12,0 фоиз дар соли 2022 расонда шуд.
Дар робита ба мавзуи дигар,  рӯнамо оид ба мушкилот, монеаҳо ва нақшаҳои минбаъда дар самти пурра ҷорӣ намудани стандартҳои байналмилалии молиявӣ ва мутобиқ кардани ҳисоботҳои молиявии корхонаҳои давлатӣ ба таҷрибаи ҷаҳонӣ манзур гардид.
Ҳамзамон, дар доираи ҷаласаи Шуро рӯнамо вобаста ба мушкилиҳо ва роҳҳои таъмини рушди бозори ипотека дар ҷумҳурӣ, бахусус ҷиҳати дуруст баҳогузории хавфҳои эҳтимолӣ дар бозори ипотека, пурзӯр намудани  танзими фаъолияти бозори ғайриманқул, ба роҳ мондани мониторинг ва омори расмии нархи амволи ғайриманқул аз рӯи минтақаҳо аз ҷониби масъулон пешниҳод шуд.
Аз ҷониби Шуро вобаста ба таъсис додани махзани ягонаи маълумот доир ба суратҳисоби ҳамаи сохтору мақомоти давлатӣ ва ташкилоту муассисаҳо, тавсеаи инфрасохтори пардохти ғайринақдӣ ва ташкили равзанаи ягонаи пардохти тамоми хизматрасониҳои давлатӣ, коҳиш додани хавфҳои фискалии корхонаҳои давлатӣ, рушди бозори аввалияи ипотека қарорҳои дахлдор қабул шуданд. Ҳамзамон, аъзои Шуро дар ҳамоҳангӣ бо вазорату идораҳои дахлдор ҷиҳати то ба охир пайгирӣ намудани масъалаҳои вогузоршуда ва иҷрои бетаъхиру сифатноки қарорҳои қаблан қабулшуда вазифадор гардиданд. 
Бояд зикр намуд, ки Шурои миллии суботи молиявӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми байниидоравии доимоамалкунандаи машваратӣ буда, бо мақсади баррасии масъалаҳои таъмини суботи молиявӣ, муайян намудани хавфҳо ва минбаъд андешидани чораҳои зарурӣ ҷиҳати коҳиш додани хавфҳо дар иқтисодиёт, низоми молияи давлатӣ, бонкӣ ва бахши хусусӣ бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 июни соли 2018, №331 таъсис дода шудааст. 
 
Муҳаммадзоиршо ШАРИФЗОДА,
“Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 01.06.2023 №: 115
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив