ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ХОВАЛИНГ.  БОЗЁФТИ ЁДГОРИҲОИ АСРИ САНГ

ХОВАЛИНГ.  БОЗЁФТИ ЁДГОРИҲОИ АСРИ САНГ

01 июн 2023, Панҷшанбе
80
0
 
Шуруъ аз 3 майи соли ҷорӣ экспедитсияи бостоншиносии Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Аҳмади Дониши Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо олимони Институти ҷуғрофияи Академияи илмҳои Россия, Институти бостоншиносӣ ва мардумшиносии шаҳри Новосибирски Россия, Донишгоҳи техникии  Дания ва Донишгоҳи шаҳри Нанкини Ҷумҳурии Мардумии Чин ба омӯзиши давраи асри санги Тоҷикистон, ки якчанд бошишгоҳи ин давра дар ноҳияи Ховалинг аст, ба кор оғоз кард.
Тавре Тура Хуҷагелдиев, ходими пешбари шуъбаи бостоншиносии ин Институт ба рӯзномаи “Ҷумҳурият” иттилоъ дод, дар рафти кори экспедитсия таҳқиқоти маҷмуии бошишгоҳҳои асри санг дар ноҳияи Ховалинг, аз ҷумла Кӯлдара, Лоҳутӣ, Обимазор, Хонақоҳ, Чашманигор дар нақша аст. Дар эскспедитсия ба ғайр аз бостоншиносон геологҳо, хокшиносон, ҷуғрофидонҳо, ботаникҳо, геофизикҳо ва мутахассисони дигар самтҳои илм иштирок доранд. Бояд гуфт, ки ин пажӯҳиш идомаи кори экспедитсия дар солҳои 2019-2022 буда, бо иштироки бостоншинисон аз кишварҳои Белгия, Дания, Олмон, Россия, Шветсия ва Эрон мегузарад.
Ин экспедитсияи муштарак соли чорум аст, ки идома дорад. Ҳадафи ҳафриёт омӯзиши таърихи аҳди қадим мебошад. Бояд гуфт, ки аз соли 1975 то соли 2005 дар ёдгориҳои асри санги ноҳияи Ховалинг бостоншиноси маъруф Вадим Ранов таҳқиқот анҷом дод. 
 – Иқлими ноҳияи Ховалинг барои омӯзиши давраи асри санг муфид аст. Дар ин ҷо ҷариҳои зардхок мавҷуд аст ва баландии онҳо то 200 метр расида, дорои якчанд қабати қаҳваранг бо ғавсии 3-8 метр мебошанд. Ин қабатҳо дар иқлими гарму намнок ҷамъ шуда, барои зиндагии одамони ибтидоӣ шароити муносиб ба вуҷуд оварда буд. Аз ин рӯ, бостоншиносон дар ин қабатҳо корҳои ҳафриётӣ гузаронда, қабати мадании давраи палеолитро меомӯзанд. 
Солҳои 2021-2022 ҳангоми ковишҳо дар қабатҳои гуногуни қаҳваранги ёдгориҳои зикршуда артефакатҳои сангӣ ёфт шуданд. Масалан, маснуоти сангии аз Кӯлдара ёфтшуда таърихи тақрибан 400-800 ҳазор сол, маснуоти сангии аз Лоҳутӣ ба даст омада 500-600 ҳазор сол ва аз Обимазор пайдогардида таърихи тақрибан 300-ҳазорсола доранд. Дар бошишгоҳи Хонакоҳ III дувоздаҳ осори сангӣ бозёфт гардида, олами наверо ба рӯи мо бозкушод, – зикр кард Тура Хуҷагелдиев.
Дар соли 2021 олимон қабати мадании палеолитро дар қабати 5-ум ва дар соли 2022 дар қабати 6-уми ин ёдгорӣ кашф карда буданд. Синни ин қабатҳо мувофиқи усулҳои геологӣ 500-600 ҳазор солро ташкил медиҳад. 
Хушбахтона, моҳи майи соли ҷорӣ дар ноҳияи Ховалинг корҳои ҳафриётӣ натиҷаҳои назаррас ба бор овард. 300 бозёфти сангӣ дар қабати 4-уми бошишгоҳи Хонакоҳ III дарёфт шуд. Байни онҳо нуклеусҳо, параҳо, путкҳо барои сангкорӣ мавҷуданд. 
– Натиҷаҳои таҳқиқоти дарпешистода вазъияти экологиро дар давраи истиқомати одамони қадим дар марҳилаҳои гуногуни палеолит ошкор ва синни бошишгоҳҳои асри сангро аниқ мекунад. Динамикаи инкишофи техника ва технологияи ҷудо кардани санг ва сохтани олоти сангӣ дар давраи 0,1-1,0 млн сол пеш ва таҳлили он дар муқоиса бо маҷмуи осори ҳудуди Тоҷикистон имкон медиҳад, ки самтҳои имконпазири муҳоҷирати сершумори инсони ибтидоиро муайян намоем,  – афзуд Тура Хуҷагелдиев.
 
Зикруллоҳ РАҶАБЗОДА, “Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 01.06.2023 №: 115
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив