ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ФАЪОЛ ШУДАНИ КОРИ ШУРОИ ҲАМОҲАНГСОЗӢ

ФАЪОЛ ШУДАНИ КОРИ ШУРОИ ҲАМОҲАНГСОЗӢ

02 июн 2023, Ҷумъа
21
0


Масъалаи фаъол гардондани кори Шурои ҳамоҳангсозии шарикони рушд зимни мулоқоти вазири рушди иқтисод ва савдо Завқӣ Завқизода  ва намояндаи доимии Бонки ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон Озан Севимли баррасӣ гардид.
Ҷонибҳо масъалаҳои самтҳои афзалиятноки ҳамкорӣ бо назардошти вазъи ҷаҳони имрӯза ва пешгирии таъсири омилҳои беруна ба иқтисоди миллиро  муҳокима намуданд. Дар ин бора Вазорати рушди иқтисод ва савдо хабар додааст. 


ФОРУМИ СОҲИБКОРОНИ ТОҶИКИСТОН ВА КОРЕЯ
Дар Душанбе Форуми соҳибкории Тоҷикистон ва Корея баргузор мегардад. Омодагӣ ба он зимни мулоқоти раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ Саъдӣ Қодирзода бо сафири Ҷумҳурии Корея дар Тоҷикистон Квон Донгcок баррасӣ шуд. Дар ин хусус Кумитаи мазкур иттилоъ медиҳад.
Дар мулоқот таъкид гардид, ки дар форум афзалияти аввалиндараҷа бояд ба соҳаҳои саноати сабук, бонкдорӣ, кишоварзӣ ва тандурустӣ дода шавад.


ҲАЙАТИ КОРИИ ВАЗОРАТИ КИШОВАРЗӢ ДАР РАШТ
Гурӯҳи кории Вазорати кишоварзӣ дар ҳайати муовини вазир Ҷаббор Носирзода, президенти Академияи илмҳои кишоварзӣ Нуралӣ Асозода ва директори КВҶД "Тоҷикагролизинг" Юсуф Акрамзода бо мақсади дар маҳал дида баромадани ҳолати зироатҳои кишоварзӣ аз ноҳияҳои Нуробод, Рашт, Тоҷикобод ва Лахш дидан карданд.
Аз Вазорат ба «Ҷумҳурият» хабар доданд, ки мутасаддиён бо рафти нашъу намои зироатҳо, риояи агротехникаи парвариши онҳо, истифодаи самараноки замин, аз ҷумла заминҳои наздиҳавлигӣ ва захира намудани маҳсулоти кишоварзӣ, шинос шуданд. 


ТАҶҲИЗОТИ ИРТИБОТӢ БАРОИ САБТИ АСНОДИ ҲОЛАТИ ШАҲРВАНДӢ
Намояндагони Иттиҳоди Аврупо ва Дафтари ҳамкориҳои Швейтсария ба Вазорати адлияи Тоҷикистон таҷҳизоти иртиботӣ  супурданд. Он қисме аз ташаббусҳои ислоҳоти системаи сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ба ҳисоб меравад. 
Дар Вазорат бо истинод ба суханони Марк Бухман, роҳбари ҳамкориҳои намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон, таъкид карданд, ки ин иқдом барои дастгирии ислоҳоти низоми сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ аҳамияти муҳим дорад. 


ТАКМИЛИ МАЛАКАИ КАСБИИ КОРМАНДОНИ ВКД 
Бо мақсади баланд бардоштани савияи дониш ва малакаи касбии кормандони шуъбаву хадамоти фаврии мақомоти корҳои дохилии вилояти Суғд машғулияти таълимӣ гузаронда шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» хабар додааст. 
Ҳадафи машғулият огаҳӣ пайдо кардан аз услубҳои муосири коргузории фаврӣ, сифатнокии ҷараёни ҳуҷҷатнигорӣ ва истеҳсолоти фаврӣ мебошад.  


НАМОЯНДАИ ЮНИСЕФ ДАР ТОҶИКИСТОН
Дар Вазорати маориф ва илм вохӯрии вазир Раҳим Саидзода бо роҳбари Намояндагии хазинаи кӯдакони СММ (ЮНИСЕФ) дар Тоҷикистон Осама Маккави баргузор гардид.
Аз маркази матбуоти Вазорат ба мо хабар доданд, ки ҷонибҳо аз рушди ҳамкориҳо миёни Тоҷикистон ва ЮНИСЕФ изҳори қаноатмандӣ намуданд.  


ВОХӮРӢ БО НАМОЯНДАГОНИ СОЗМОНИ ОБУҲАВОШИНОСӢ
Дар доираи Конгресси 19-уми Созмони ҷаҳонии обуҳавошиносӣ мулоқоти ҳайати Тоҷикистон бо намояндагони ин Созмон баргузор гашт.
Масъалаҳои интиқоли байниҳамдигарии иттилоот барои беҳтар гардондани пешгӯиҳои боду ҳаво ва огоҳии барвақтӣ дар меҳвари гуфтушунид қарор гирифтанд. Дар ин бора аз Агентии обуҳавошиносӣ ба «Ҷумҳурият» хабар доданд. 

Санаи нашр: 02.06.2023 №: 116
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив