ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » МУРҒОБ. ШУНИДАН КАЙ БУВАД МОНАНДИ ДИДАН

МУРҒОБ. ШУНИДАН КАЙ БУВАД МОНАНДИ ДИДАН

02 июн 2023, Ҷумъа
143
0

  
Бисёриҳо ба  ин боваранд, ки  “ба зиёрати кӯҳҳои Помир омадану Мурғобро надидан маънои умуман  надидани  Помирро дорад”. Ва чунин ҳам ҳаст, вақте  ки  мо “Боми ҷаҳон” мегӯем, пеш  аз ҳама, Мурғобро, ки дар Помири шарқӣ воқеъ аст, дар назар медорем.  Баъзеҳо манзараи Мурғобро бо ландшафти  рӯйи Моҳ баробар мекунанд.  Ин қиёс  аз нотакрор ва беназирии ин макон шаҳодат медиҳад.
Сироҷиддин Мародмамадов, сармутахассиси шуъбаи ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Мурғоб, дар бораи ин минтақаи зебои кишвари азизамон чунин ибрози назар намуд:
– Иқлими Мурғоб биёбонӣ ва баландкӯҳ буда, ба иқлими Арктика шабоҳат дорад. Тобистонаш сард, зимистон – камбарфу қаҳратун. Тобистон дар маркази ноҳияи Мурғоб гармии ҳаво то 14 дараҷа ва зимистон то 20-40 дараҷа сард мешавад. Гирдогирди бисёр кӯлҳо ва рӯдхонаҳо бо ях пӯшида мешавад. Замини Мурғоб регдор ва биёбонист. Олами ҳайвонот ва набототи Мурғоб  ғанӣ набошад ҳам,  хеле диққатҷалбкунанда аст. Аз рустаниҳо дар ин ҷо пӯш (терескен), болиштакдорҳо ва гиёҳҳои бисёрсола бештар вомехӯранд. Дар кӯҳҳои он гӯсфанди ваҳшӣ, нахчир – бузи кӯҳӣ, суғури думдароз, рӯбоҳ, аз парандагон – уқоби сарсафед, лошахӯр, мурғобии сурх вомехӯранд. Қози ҳиндӣ ва мурғобии сурх ба ин ҷо танҳо дар фасли гармо меоянд. 
Дар ноҳия баландтарин ва зеботарин кӯлҳои ҷумҳурӣ ҷой гирифтаанд. Дар Помири шарқӣ кӯлҳои Қаракӯл (4021м), Яшилкӯл (3719 м), Булункӯл (3737 м), Сасиқкӯл (3820 м), Тузкӯл (3801 м), Оқкӯл (4483 м), Колучкӯл (4180 м), Шоркӯл (3780 м), Рангкӯл (3781 м)  воқеанд, ки таърихи гуногуни пайдоиш доранд. 
Дар ин ҷо кони тилло, сурб, маъданҳои нодир, намак, селитра, зуғолсанг, оҳан, полиметалл, волфрам  ва сангҳои пурқимат – забарҷад, турмалин, сфен, рутил, скаполит ва амазонит зиёданд. 
Мурғоб барои сайёҳон  як сарзамини диданӣ  аст. Дар ин ҷо маконҳои таърихӣ хеле зиёданд. Масалан, дар Тохтамиш куҳантарин ғорҳо ҳифз мондаанд, ки дар девораҳои он бо истифода аз маъдан суратҳо ва расмҳо кашида шудаанд. Дар ин ҷо пораҳои ҷирми осмониро вохӯрдан мумкин аст, ки дар замонҳои хеле қадим ба рӯйи замин афтодаанд. Он чиз ҳам хеле ҷолиб аст, ки дар як деҳаи Мурғоб –  Шаймоқ  кӯҳҳои осмонбӯси Помир, Ҳиндукуш ва Ҳимолой  ба ҳам мепайванданд. 
Ҳукумати Тоҷикистон барои шикори ҳайвоноти ваҳшӣ  дар қаламрави Мурғоб иҷозат додааст. Ҳамасола ба ин ҷо садҳо шикорчиёни хориҷӣ ба хотири сайди нахчир ва гӯсфанди Марко Поло меоянд. Барои хидмат ба  шикорчиён дар ноҳияи Мурғоб панҷ ширкати маҳаллӣ фаъолият дорад. 
Дар кӯҳҳои Мурғоб нодиртарин шабпаракҳо – апполонҳо зиндагӣ мекунанд. Бисёре аз дӯстдорони табиат ҳамасола ба ин ҷо танҳо ба хотири  дидани шабпаракҳои нодиртарин ва зеботарин меоянд. 
Дар Мурғоб зироаткорӣ тақрибан вуҷуд надорад, аҳолии маҳаллӣ ба чорвопарварӣ (қутос (хушгов), улоғ (аспу уштур), бузу гӯсфанд) машғуланд. Мурғобро бидуни қутоси пурпашм тасаввур кардан мумкин нест. Дар шароити кӯҳистон ин муфидтарин ҳайвон аст. Он ҳам гӯшти болаззату шири серғизо дорад ва ҳам аз пашмаш мардуми маҳаллӣ  палос ва қолин мебофанд. 
Аз ҷониби  Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эълон гардидани он ки Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон  ба марҳилаи нав, ба ҷабҳаи созандагӣ пайваст, таваҷҷуҳ ба ноҳияи Мурғоб боз ҳам афзуд. Вақтҳои охир лоиҳаҳое рӯйи кор меоянд, ки ҳадафи аслиашон ҳифзи табиати Помири шарқӣ мебошанд. Бунёди бинои ҳозиразамон барои кормандони ҳифзи муҳити зист дар ноҳия рӯйдоди муҳим ба шумор меравад, зеро солҳои дароз мутахассисони соҳаи ҳифзи табиат дар ноҳия ҳудуди зиёдеро таҳти назорати худ қарор дошта бошанд ҳам, вале аз ҳеҷ гуна шароити одӣ бархӯрдор набуданд. Беҳтар кардани шароити кори экологҳои ноҳия имкон дод, то онҳо ба муваффақиятҳои нав ба нав ноил шаванд. Экологҳои ноҳия дар заминаи бинои замонавӣ осорхонаи табиати Помири шарқиро ифтитоҳ намуданд. Ҳоло дар осорхона нигораҳои зиёди ҳайвонот, наботот, ҳашарот, сангҳои кӯҳӣ, канданиҳои фоиданоки ин минтақа нигоҳ дошта мешаванд. Алҳол осорхонаи табиии ноҳия яке аз ҷойҳои муҳими ташрифи сайёҳони маҳаллӣ ва хориҷӣ гаштааст.       
Мурғоб яке аз маҳалҳои муҳими сукунати озодапаланг ё бабри барфӣ аст. Имсол бо ташаббуси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳия волйер ё эҳёхонаи озодапаланг ифтитоҳ шуд. Дар ин бошишгоҳи муваққатӣ он палангоне нигоҳ дошта мешаванд, ки ҳангоми ҳуҷум ба оғилхонаи чорводорон дошта шудаанд, ё ин ки он палангони пире ҳастанд, ки дигар тавони шикор надошта ба пастиҳо фаромадаанд. Ифтитоҳи волйер дар ноҳияи Мурғоб имкон медиҳад, ки ташрифи сайёҳони экологӣ ба минтақа афзояд ва як гӯшаи Тоҷикистон дар сатҳи ҷаҳонӣ шуҳрат пайдо намояд. 
Воқеаи муҳимтарин, ки имсол дар ноҳия рух дод, ин бунёди нахустин боғ дар Мурғоб аст ва феълан дар ҷаҳон баландтарин боғ аз сатҳи баҳр мебошад.  
Шуъбаи ҳифзи муҳити зисти ноҳия ба нақша гирифтааст, ки чунин боғҳо ва дарахтзорро дар мавзеъҳои Чечикдеҳ, Модиён, Шаймоқ, Булункӯлу Аличул, Рангкӯл низ, бунёд созад ва дар талоши он аст, ки ноҳияи Мурғоб дар оянда ба яке аз мавзеъҳои ҷолиби  сайёҳони экологӣ табдил ёбад. 

Раҳмони ГУЛЗОР,  “Ҷумҳурият”

Санаи нашр: 02.06.2023 №: 116
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив