ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » АЛОВУДДИН МИРЗОЕВ: «ВАТАНДОРӢ ИХТИЁРИ ХУДАМ БУД!»

АЛОВУДДИН МИРЗОЕВ: «ВАТАНДОРӢ ИХТИЁРИ ХУДАМ БУД!»

02 июн 2023, Ҷумъа
92
0

 
Хешу пайвандон ва дӯстони лейтенанти калон Аловуддин Мирзоев аз гӯшаву канори гуногуни ҷаҳон, аз ҷумла аз Россия, ба мо пайваста навишта, хоҳиш карданд, дар бораи ин бародаре, ки дар роҳи озодиву истиқлол ҷон супурдааст, бинависем. Бино ба гуфтаи онҳо, Аловуддин дӯст, бародар ва инсони хубе будаст ва дар хотираи таърих сабт шудани номаш боиси ифтихор хоҳад буд.

- Дар як гӯшаи хурди рӯзномаи «Ҷумҳурият», ки таърихи садсола дораду газетаи таърихӣ аст, ному насаб ва корномаи бародарамон Аловуддин Мирзоев сабт шавад, аз замин то осмон миннатдор мешудем, - гуфт Абдулазиз Мирзоев, додари қаҳрамони мо.
Аловуддин Мирзоев 21 сентябри соли 1985 дар деҳаи Искодари Ҷамоати деҳоти Дар-дар, ноҳияи Айнӣ ба дунё омад. Баъди хатми Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №12 ҳуҷҷатҳояшро ба Омӯзишгоҳи омӯзгории шаҳри Панҷакент супурд. Баъди хатми Омӯзишгоҳ барои хидмат дар сафи Артиши миллӣ камари ҳиммат бубаст. Соли 2007 хидмати ҳарбиро сарбаландона ба поён расонд. Азбаски дар адои хидмати низомӣ намунаи ибрат шуда, асрори соҳаи ҳарбиро ба хубӣ омӯхта буд, барои идомаи фаъолияти низомӣ ба Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъват шуд. 
Вақте бо падару модар: бобои Мирзо, як умр ронанда ва бибии Хосият, хонашин, дар мавриди идомаи хидмати ҳарбӣ машварат кард, нахуст, волидон каме дар ҳайрат монданд. Маълум мешуд, ки писарашон барои то ба ин қарор омадан ҳамаҷиҳата андешидааст ва аз раъй гардондани ӯ нашояд. Ҳамин тавр, дуои сабз гирифт ва то вопасин нафас садоқат ба Меҳан ва дар ин ҷода ҷонфидоиро ба ҷон пазируфт. 
Ҳамеша дар сафар, бехобӣ, аз канори оила дур будани ӯро дида, пайвандонаш мегуфтанд, ки шояд пешаи дигареро интихоб мекардӣ, аммо Аловуддин ба хешони худ бо ифтихор гуфта буд: «Ватандорӣ ихтиёри худам буд».
Ӯ ҳамчун ҷавонмарди шуҷоъ ва ватандӯст узви бригадаи зудамали КДАМ гардид. Бештар аз даҳ сол дар ин самт фаъолият дошт. Ниҳоят 21 марти соли 2021, дар остонаи Наврӯзи дилафрӯз ба макони нави хидмати ҳарбӣ, ба шаҳри Исфара омад. То 16 сентябри соли 2022 дар ин шаҳр адои вазифа кард. Азбаски вазъият дар сарҳад ноором буд, лейтенанти калон Аловуддин Мирзоев низ як соли охир, яъне то вопасин лаҳзаҳои умраш, оромиш надошт. Зиракиву ҳушёрӣ ва ҳушмандӣ талаб карда мешуд, зеро тарафи муқобил борҳо аҳду паймонҳои бастаро шикаста, сабабгори аслии муноқишаҳои марзӣ мешуд ва бовар кардан ба онҳо кӯфтани об дар ҳованро мемонд. Ҳамин гумону тахминҳо 16 сентябри соли 2022 тасдиқи худро ёфтанд ва субҳи барвақт бидуни сабабе ба тарафи марзбонони тоҷик тир кушода шуд. Дар чунин вазъи ҳассос Аловуддин Мирзоев барин шахсони таҷрибадидаву майдондор бояд дар сафи аввал мешуданд. Аз ин хотир, нахуст ӯ сина сипар кард ва дар чунин бомдоди фалокатбор ҷоми шаҳодат нӯшид.
Баъд аз марг ҷонфидоии Аловуддин Мирзоев бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо медали Ҷасорат қадр гардид. Давлату Ҳукумати ҷумҳурӣ ва мақомоти маҳаллӣ борҳо ба хонаводаи афсар, аз ҷумла ба се фарзандаш, ёрдам доданд.
Се дӯстрӯяк - Фарида, Маҳваш ва Ҳафиз се гавҳар аз ганҷинаи Аловуддинанд. Дар шабу рӯзе, ки вазъ дар марз ноором арзёбӣ мегардид, Ҳафиз, писарчаи афсар ба дунё омад ва бо худ як ҷаҳон шодиву нусрат овард. Аловуддин аз ин паёми хуш курта-курта гӯшт гирифт ва мардонавор алорағми марзшиканон ҷангид. Охирин суҳбаташ бо ҳамсару ду духтаракаш шаби 15 сентябр, тақрибан соати 22 сурат мегирад. Яке аз духтарон бо ноздонагӣ падарро хабар медиҳад, ки модарашон онҳоро накуҳиш кардааст. Аловуддин аз он сӯ бо лутф ҳамсарашро таъкид мекунад: «Ба тори мӯйи сари гулбонуҳои ман нарасед, вагарна…».
Ҳамин ҳарфҳои нағзу хотирмон охирин суҳбати ӯро фароҳам оварданду садояш барои ҳамеша хомӯш монд. Яъне, дар авҷи ин рӯзгори ширин сарнавишт ҳарфи худро гуфт ва дар ҳафтрӯзагии Ҳафиз падари қаҳрамонаш ба Ҳақ пайваст. Чунин азхудгузаштан бесабаб набуд, зеро ба Фаридаву Маҳваш, Ҳафиз ва ҳазорон тифлони фариштахӯи миллат Ватани озоду обод ва орӣ аз хатарҳои дохиливу берунӣ бо номи Тоҷикистон мерос монд. Поянда бод, ҷонфидоӣ, поянда бод, фарзандони фидоии Ватан!

Бузургмеҳри БАҲОДУР, «Ҷумҳурият»

Санаи нашр: 02.06.2023 №: 116
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив