ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ВАРЗИШ

ВАРЗИШ

02 июн 2023, Ҷумъа
4
0


ФУТБОЛ 
Боз як ҷоизаи дигари Ваҳдат Ҳанонов дар Эрон
Ҳимоятгари тими миллии Тоҷикистон Ваҳдат Ҳанонов дар ҳайати бошгоҳи футболи «Персеполис» барандаи Ҷоми Эрон-2022/23 гардид. 
Дастаи «Персеполис» дар вохӯрии ниҳоӣ бар “Истиқлол” бо ҳисоби 2:1 ғолиб шуд.
Ёдовар мешавем, ки ин дуюмин ҷоизаи Ваҳдат дар ҳайати тими шаҳри Теҳрон ба ҳисоб меравад. Қаблан,  «Персеполис» дар чемпионати Эрон-2022/23 қаҳрамон гашта буд.  Футболбози тоҷик дар чемпионати Эрон даҳ бозӣ анҷом дода, як гол ва як партофти головарро ба номаш сабт намудааст. 


ХУСРАВ ТОИРОВ 
дар ҳайати «Шахтёр» қаҳрамони Украина шуд
Хусрав Тоиров, нимҳимоятгари дастаи олимпӣ ва тими миллии кишвар, дар ҳайати «Шахтёр» (Донетск) қаҳрамони Украина шуд. 
«Шахтёр» як давр қабл аз анҷоми Премейр-лига унвони чемпиониро ба даст овард. Ин 14-умин ҷоиза барои «Шахтёр» аст. Даста қаблан дар солҳои 2002, 2005, 2006, 2008, 2010, 2011, 2012, 2013, 2014, 2017, 2018, 2019 ва 2020 ғолиб шуда буд. 
Ёдовар мешавем, ки Хусрав Тоиров моҳи марти соли равон ба «Шахтёр» гузашт ва аввалин бозиашро дар чемпионати Украина 16 апрел бо «Лвов» (2:0) доир намуд. 


ФУТЗАЛ
Тоҷикистон мизбони бозиҳои марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2024
Тибқи қарори Конфедератсияи футболи Осиё, Тоҷикистон яке аз мизбонони бозиҳои марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2024 оид ба футзал интихоб гашт. 
Ба ғайр аз кишвари мо, инчунин дар Баҳрайн, Қирғизистон, Индонезия, Муғулистон, Тайбэйи Чин, Таиланд ва Ӯзбекистон низ, бозиҳои ин марҳила мегузаранд.
Вохӯриҳои интихобӣ 7-11 октябр баргузор мешаванд.
Қуръакашии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2024 рӯзи 22 июн дар қароргоҳи КФО (Куала-Лумпур, Малайзия) доир мегардад. 
Аз рӯи натиҷаи қуръакашӣ 31 даста ба ҳашт гурӯҳ тақсим мешавад. Ғолибони гурӯҳҳо ва ҳафт дастаи беҳтарини ҷойҳои дуюм соҳиби роҳхат ба қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2024 мегарданд.

Маҳмуд БАҲРОМ, шореҳи варзиш

Санаи нашр: 02.06.2023 №: 116
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив