ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » Ҷ О М Е А.  ОИЛА - ОҒОЗИ ҲАМА ЧИЗ

Ҷ О М Е А.  ОИЛА - ОҒОЗИ ҲАМА ЧИЗ

02 июн 2023, Ҷумъа
42
0

 
Дар сиёсати ҳуқуқию иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба масъалаи танзими муносибатҳои оилавӣ дар заминаи эҳтироми байниҳамдигарии аъзои он диққати махсус дода шудааст. Дар банди 1 моддаи 33 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар гардидани меъёри арзишманди “Давлат оиларо ҳамчун асоси ҷамъият ҳимоя мекунад” гувоҳи он аст, ки давлат масъулияти соҳаи иҷтимоиро ба зимма гирифта, дар ин самт тадбирҳои мушаххасро меандешад.
Дар ин замина, қонунгузории оилавӣ як қатор вазифаҳоро дар худ касб намудааст, ки барои таҳкими муносибатҳои оилавӣ ва баланд бардоштани мавқеи он ҳамчун институти муҳимтарини ҷамъиятӣ нақши калидӣ дорад. 
Баҳри таҳкиму устувории муносибатҳои оилавӣ ва пешгирии зӯроварӣ дар оила дар кишварамон бо ташаббуси Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чораҳои мушаххаси ташкилӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ, сиёсӣ, ҳуқуқӣ ва идеологӣ роҳандозӣ гардидаанд. Қабули як қатор санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва барномаҳои давлатӣ аз ин қабил мебошанд. 
Маврид ба зикр аст, ки пешгирии зӯроварӣ дар оила кирдори зиддиҳуқуқии қасдонаи дорои хусусияти ҷисмонӣ, руҳӣ ва ё иқтисодӣ, ки дар доираи муносибатҳои оилавӣ аз ҷониби як узви он нисбат ба дигар аъзояш содир шуда, боиси поймол гаштани ҳуқуқ ва озодиҳои ӯ, расондани дарди ҷисмонӣ ё зарар ба саломатии ӯ мегардад.  Бо мақсади дарки дурусти моҳияти пешгирии зӯроварӣ дар оила дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила” намудҳои пешгирии зӯроварӣ ба таври дақиқ шаҳр дода шудаанд.
Дар Тоҷикистон бо мақсади пурзӯр намудани механизмҳои пешгирии зӯроварӣ дар оила, мубориза бар зидди ҷинояткорӣ, бахусус омилҳои зӯроварӣ дар оила, бақайдгирии огоҳкунии инфиродӣ оид ба масъалаҳои роҳ надодан ба ҳаракатҳои зиддиҷамъиятӣ, кирдорҳои ношоиста ва рафторҳои бадахлоқона як қатор санадҳои меъёриву ҳуқуқӣ қабул гардаанд.  Онҳо самтҳои муҳимтарини пешгирии зӯроварӣ дар оиларо муқаррар намудаанд. 
Таҷрибаи ҳуқуқтатбиқкунӣ ва судӣ нишон медиҳад, ки имрӯзҳо новобаста аз тадбирҳои самаранок оид ба пешгирии зӯроварӣ дар оила, ки аз ҷониби субъектҳои ваколатдор андешида шудаанду дар ин самт самараи хуб низ додаанд, то ҳол ҳолатҳои мушаххаси ҳуқуқвайронкуниҳои марбут ба пешгирии зӯроварӣ ҷой доранд. Ин ҳолат ташвишовар мебошад.
Судҳо парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмуриро дар асоси муқаррароти моддаи 931 КҲМ Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки он ҷавобгарии маъмуриро барои риоя накардани талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила” ва моддаи 932 КҲМ Ҷумҳурии Тоҷикистон барои риоя накардани талаботи амрномаи муҳофизатӣ муқаррар менамоянд, мавриди баррасӣ қарор дода, доир ба ин ҳолатҳо қарорҳои мушаххаси худро қабул менамоянд.

С. ҶОБИРЗОДА,  судяи суди шаҳри Душанбе, 
У. АБДУЛЛОЗОДА, корманди дастгоҳи суди шаҳри Душанбе

Санаи нашр: 02.06.2023 №: 116
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив