ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » АНТОНЕЛЛА БАССАНИ ДАР ҲУЗУРИ САРВАРИ ДАВЛАТ

АНТОНЕЛЛА БАССАНИ ДАР ҲУЗУРИ САРВАРИ ДАВЛАТ

05 июн 2023, Душанбе
3
0

 5 июн дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ноиби президенти Бонки ҷаҳонӣ оид ба Аврупо ва Осиёи Марказӣ хонум Антанелла Бассаниро ба ҳузур пазируфтанд.

Дар мулоқот масоили ҳамкории кунунӣ ва дурнамои робитаҳои Тоҷикистон бо Бонки ҷаҳонӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз сатҳи ҳамкориҳои Тоҷикистону Бонки ҷаҳонӣ давоми 30 соли шарикӣ, аз ҷумла аз ҷониби ин ниҳоди молиявӣ ба маблағи зиёда аз 2,7 миллиард доллари амрикоӣ маблағгузорӣ шудани 116 лоиҳа дар соҳаҳои гуногуни кишвари мо изҳори қаноатмандӣ карданд.
Хонум Антонелла Бассани аз имкониятҳои назарраси Тоҷикистон дар истеҳсолу содироти энергияи тозаю барқароршаванда ва дар ин замина рушди “иқтисоди сабз” ёдовар шуда, бори дигар ҷонибдории Бонки ҷаҳониро роҷеъ ба дастгирии саҳми Тоҷикистон дар рӯзномаи глобалии тағйирёбии иқлим тасдиқ намуд.
Зимни мулоқот оид ба ҷалби бештари сармоягузориҳои шарикони рушд ба соҳаҳои тандурустӣ, маориф, ҳифзи иҷтимоӣ, обтаъминкунию ирригатсия, дастрасии аҳолӣ ба ғизои хушсифат, инчунин, ҷиҳати рушди “иқтисоди рақамӣ” табодули андеша сурат гирифт.

Санаи нашр: 05.06.2023 №: 117
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив