ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » DUSHANBE GRAND PRIX 2023.  ТОҶИКИСТОН БО МИЗБОНИИ САТҲИ БАЛАНД ШИРКАТДОРОНРО МУТАҲАЙЙИР КАРД

DUSHANBE GRAND PRIX 2023.  ТОҶИКИСТОН БО МИЗБОНИИ САТҲИ БАЛАНД ШИРКАТДОРОНРО МУТАҲАЙЙИР КАРД

05 июн 2023, Душанбе
64
0

 
Инак, Dushanbe Grand Prix 2023 ба итмом расид. Тайи се рӯз (2-4 июн) номи Тоҷикистон ва Душанбе дар сархати расонаҳо, махсусан расонаҳои варзишӣ, қарор дошт, зеро бори нахуст сайёраи ҷудо дар қалби Тоҷикистон дурахшид. Ин рӯйдоди муҳим, ки роҳи мизбонии мусобиқаҳои бузургро барои мо кушод, абадан дар таърихи кишвари соҳибистиқлоламон сабт хоҳад гашт ва яке аз саҳифаҳои рангини таърихи варзиши тоҷик хоҳад буд. Бисёр рамзист, ки ба шарафи ҳунари волои паҳлавонони тоҷик дар ҳар рӯз як маротиба Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон садо дод. 

МАРОСИМИ РАСМИИ ИФТИТОҲИ МУСОБИҚА 
– Варзиш воситаи ба ҳам пайвастани халқу миллатҳои гуногун дар ҳаёти инсон мебошад. Дар мамлакати мо ба масъалаи рушди варзиш ҳамчун воситаи муассир ва муҳими тарғиби тарзи ҳаёти солим, беҳбуди саломатии аҳолӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир мешавад. Бояд гуфт, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз солҳои аввали фаъолият то имрӯз барои рушди варзиши тоҷик ва ба арсаи байналмилалӣ қадам гузоштани он тамоми шароити заруриро фароҳам овардаанд. Натиҷаи чунин талошҳост, ки дар Тоҷикистон бисёре аз намудҳои варзиш, аз ҷумла ҷудо, дар роҳи рушди устувор қарор дорад ва имрӯз варзишгарони мо дар арсаи байналмилалӣ мавқеи хосса пайдо кардаанд,  – иброз дошт Рустами Эмомалӣ, Раиси Маҷлиси миллӣ, раиси шаҳри Душанбе, дар маросими расмии ифтитоҳи ин чорабинии байналмилалӣ, ки дар он президенти Федератсияи байналмилалии ҷудо Мариус Визер ва раиси Федератсияи ҷудои Тоҷикистон Исмоили Маҳмадзоир ширкат доштанд.
Ӯ афзуд, ки имсол тими ҷудои Тоҷикистон дар 10 мусобиқаи байналмилалӣ ширкат карда, соҳиби 10 медал, аз ҷумла 2 медали тилло, 1 нуқра ва 7 медали биринҷӣ гаштааст. – Итминон дорам, ки мусобиқаи имрӯза дар сатҳи баланди ташкилӣ баргузор шуда, ба тарғиби тарзи ҳаёти солим, рушди варзиш дар кишвар, аз ҷумла ҷудо, кашфи варзишгарони ҷавону умедбахш мусоидат мекунад, инчунин шаъну шарафи варзиши Тоҷикистонро боз ҳам баланд мебардорад. Бовар дорам, ки шумо тавассути варзиш ва мусобиқа ба ҷаҳон паёми қавии сулҳ, ҳамоҳангӣ ва дӯстӣ мефиристед. Дар хотима мехоҳам ҳайатҳои муҳтарамро ба Душанбе хайрамақдам гуфта, ба ҳамаи варзишгарон барор ва муваффақият таманно намоям, – тазаккур дод Рустами Эмомалӣ. 
Ҷаноби Мариус Визер дар суханронии худ аз Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва Федератсияи ҷудои Тоҷикистон барои дастгирӣ ва ташкили аввалин Гран при дар Душанбе изҳори сипос намуда, чунин зикр кард: «Мо барои боз ҳам дар сатҳи баландтар тарғиб намудани сулҳ, ваҳдат ва ҳамбастагӣ дар ҷаҳон дар кишваре қарор дорем, ки аксари аҳолиашро ҷавонон ташкил медиҳанд ва бомаром рушд дорад. Мо имрӯз барои тарғиби варзиш, фарҳангу анъана, таърихи мардуми тоҷик ва ба ҷаҳониён муаррифӣ намудани Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин, ҷалби самоягузориҳо ба кишвари шумо, ки ислоҳот ва рушд хуб ба роҳ монда шудааст, қарор дорем. Ба ҳамаи шумо як чорабинии бузурги ҷудоро дар Душанбе таманно дораму сипосгузорам аз таваҷҷуҳатон!». 
Пас аз суханрониҳои ифтитоҳӣ Суруди миллии Ҷумҳурии  Тоҷикистон, суруди расмии Федератсияи байналмилалии ҷудо садо дода, намоиши барҷастаи фарҳангӣ бо иштироки ҷоизадори Бозиҳои олимпӣ Расул Боқиев манзури меҳмонону мухлисон гардонда шуд. 

ДУРАХШИ ОБИД, БИРИНҶИИ МЕҲРЗОД ВА ҒУРУРИ МАДИНАИ  16-СОЛА
Ҳарчанд дар рӯзи аввал мухлисон аз Эмомалӣ Нуралӣ ва Шаҳбоз Саидаброров умеди медал доштанд, вале ғайриинтизори ҳама Обид Ҷебов, ки дар мақоми 109-уми радабандӣ қарор дорад, аз худ дарак дод.
Ӯ дар вазни 66 килограмм то зӯрозмоии финалӣ бар Исмоил Мисиров (тими Иттиҳодияи варзишгарони бетараф (ИВБ)), Даикии Буба (Фаронса), Ҳаким Оғомуҳаммадов (Туркманистон) ва Адриан Чинаро (Испания) ғолиб омад. Ӯ дар нерусанҷии ҳалкунанда бо Мурод Чопанов (ИВБ) рӯи татами баромад. Мухлисон ҳама бо садои “Тоҷикистон! Тоҷикистон! Тоҷикистон” ва “Обид! Обид! Обид” дар даст Парчами давлатӣ паҳлавони маҳаллиро дастгирӣ мекарданд.
Вақте ки довар шидои дуюмро барои камҳаракатӣ ба Чопанов дод, садои мухлисон ба само печид, дар ҳоле ки ҳеҷ чиз ҳал нашуда буд. Дар дақиқаи дуюми Golden Score довар амри танзими либоси ҷудоӣ дод, мухлисон интизор доштанд, ки Чопанов шидои сеюмро мегирад. Ҳамин тавр ҳам шуд, Обид Ҷебов барандаи медали тилло. Офарин! Пас аз ин шодии мухлисон толорро ба ларза овард. Обид Ҷебов ба рақибаш бо эҳтиром таъзим карда, аз рӯи гилем берун шуд ва шодии мантиқиаш дар ботин боқӣ монд.
Дар вазни зери 60 килограмм Меҳрзод Суфиев дар се давр бар варзишгарон Йолк Казирбйек (Муғулистон), Моритс Плафки (Олмон), Родриго Лопес (Португалия) дастболо шуда, дар нимфинал аз Туран Байрамови озарӣ шикаст хӯрд. Барои ишғоли зинаи сеюм паҳлавони мо бо маҳорати баланд Андреа Карлинои итолиёвиро мағлуб кард. 
Гӯштигири дигари тоҷик Муҳаммадсолеҳ Қувватов дар ин вазн ҷои панҷумро гирифт.
Миёни бонувон натиҷаи беҳтарро Мадина Қурбонзода (-48 кг) нишон дода, мақоми 7-умро ба даст овард. Мадинаи наврас, ки ҳамагӣ 16 сол дорад ва ин аввалин ҳунарнамоиаш дар майдони бузург буд, бо маҳорати воло бар Асмита Дейро (Ҳиндустон) ва Прискилла Моранд (Мавритания) пирӯз гашта, ба даври 1/4 баромад. Дар ин рақобат ӯ аз Баасангх Бавуудорҷ (Муғулистон) мағлуб шуд. Дар қувваозмоии тасаллобахш муқобили Андреа Стоядинов (Сербия) бохт. Бешак,  Мадина имкони гирифтани медалро дошт, аммо таҷрибааш нарасид. Итминон дорем, ки дар солҳои оянда Мадина ба яке аз чеҳраҳои ҷудои ҷаҳонӣ табдил меёбад.
Натиҷаи рақобатҳои рӯзи якуми Dushanbe Grand Prix 2023:

 
Бонувон. Вазни -48кг: 1. Маруса Штанга (Словения); 2. Сабина Гилиазова (тими варзишгарони бетараф); 3. Нарантсегтсег Ганбаатар (Муғулистон); 3. Андреа Стоядинов (Сербия). Вазни -52кг: 1. Алеся Кузнетсова (ИВБ); 2. Гултоҷ Маммадалиева (Озарбойҷон); 3. Хорлодоӣ Бишрелт (Амороти Муттаҳидаи Араб); 3. Йеҷинг Жу (Чин). Вазни -57кг: 1. Шукурҷон Аминова (Ӯзбекистон); 2. Тауани Давид Капанни Диас (Италия); 3. Қи Каӣ (Чин); 3. Вероника Тениолло (Италия).
Мардон. Вазни -60кг: 1. Рамазон Абдуллоев (ИВБ); 2. Турон Байрамов (Озарбойҷон); 3. Лука Мҳеидзе (Фаронса); 3. Меҳрзод Суфиев (Тоҷикистон). Вазни -66кг: 1. Обид Ҷебов (Тоҷикистон); 2. Мурод Чопанов (ИВБ); 3. Сунггат Жубаткан (Қазоқистон); 3. Яшар Наҷафов (Озарбойҷон).
Тибқи фарзияи рӯзномаи «Ҷумҳурият», Мадина Қурбонзода миёни бонувон ва Обид Ҷебов байни мардон беҳтарин варзишгарони рӯзи аввал эътироф гардиданд.

ДУ ФИНАЛИ ТОҶИКӢ ДАР РӮЗИ ДУЮМ
Воқеан, рӯзи дуюми мусобиқаи Dushanbe Grand Prix 2023 барои мухлисону ҳаводорони ҷудои тоҷик рӯзи таърихӣ буд, зеро шоҳиди ду финали тоҷикӣ шуданд. Гузашта аз ин, дар се рӯзи мусобиқа натиҷаи беҳтарин дар ин рӯз иттифоқ афтод.  
Дар вазни -73 килограмм Беҳрӯз Хоҷазода бо Маҳмадбек Маҳмадбеков (ҳарчанд ӯ аз тими Иттиҳодияи варзишгарони бетараф намояндагӣ кунад ҳам, аммо тоҷик буда, аз сулолаи паҳлавонии Маҳмадбековҳост) ва дар вазни -81 килограмм Сомон Маҳмадбеков бо Шодмон Ризоев ба финал баромаданд. 
Рақобати ҳалкунандаи вазни то 73 кг ба фоидаи Маҳмадбек Маҳмадбеков анҷом ёфт ва Беҳрӯз боз як медали нуқраи дигари Гран приро дар корномааш ба даст овард.
«Пеш аз оғози зӯрозмоии финалии вазни то 81 кг садҳо мухлис  чароғҳои телефони худро равшан карда, паҳлавононро истиқбол менамуданд. Барои онҳо натиҷа он қадар муҳим набуд. Сомон Маҳмадбеков медали тилло ва Шодмон Ризоев нуқра гирифт. Аммо он чизе, ки мо ҳеҷ гоҳ фаромӯш нахоҳем кард, фазои шигифтангез, ки дар толор ҳукмфармо буд ва финали 100 % тоҷикиро ба як лаҳзаи бузурги варзиш ва ҷашни ҳақиқӣ табдил дод», – чунин ба қалам додааст лаҳзаҳои финалро сомонаи Федератсияи байналмилалии ҷудо. 
Бисёр рамзӣ буд, ки рӯзи дуюм бо садои «Тоҷикистон! Тоҷикистон! Тоҷикистон!» ва садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон хотима ёфт.
Натиҷаи рақобатҳои рӯзи дуюми Dushanbe Grand Prix 2023:

 
Бонувон. Вазни -63кг: 1. Катарина Кристо (Хорватия); 2. Сараӣ Падилла Гуерреро (Испания); 3. Магдалена Крсакова (Австрия); 3. Ива Оберан (Хорватия). Вазни -70кг: 1. Маргаукс Пинот (Фаронса); 2. Катарзина Собиерайска (Лаҳистон); 3. Лориана Кука (Косово); 3. Келли Петерсен Поллард (Британияи Кабир).
Мардон. Вазни -73кг: 1. Маҳмадбек Маҳмадбеков (ИВБ); 2. Беҳрӯз Хоҷазода (Тоҷикистон); 3. Гилберто Кардосо (Мексика); 3. Бенямин Аксус (Фаронса). Вазни -81кг: 1. Сомон Маҳмадбеков (Тоҷикистон); 2. Шодмон Ризоев (Тоҷикистон); 3. Иброҳим Кеита (Фаронса); 3. Анри Эгутидзе (Португалия).
Беҳтарин варзишгарони рӯзи дуюм, аз нигоҳи мо: Катарина Кристо (Хорватия) миёни бонувон ва Маҳмадбек Маҳмадбеков (Иттиҳодияи варзишгарони бетараф) байни мардон буданд.

ЯК ТИЛЛО ВА ЯК НУҚРА ДАР РӮЗИ ҶАМЪБАСТӢ 
Дар рӯзи сеюм варзишгарони мо имкони гирифтани ду медали тилло ва як биринҷиро доштанд, вале як тилло ва як нуқраро ба номашон муҳр заданд. 
Комроншоҳ Устопириён зери вазни 90 килограмм маҳорати воло нишон дода, дар финал бо шикаст додани Элдар Аллахвердиев медали тиллои сеюми мусобиқаро ба хазинаи Тоҷикистон ворид намуд. Воқеан, Комроншоҳ дар Душанбе ҳунари сутуданӣ нишон дод. Тавре падараш Усто Устопириён пеш аз оғози мусобиқа иброз дошта буд: «Комроншоҳ ба мусобиқа бо тайёрии комил омадааст». Дар маҷмуъ, чорумин медали тиллои Гран приро дар корномааш ба даст овард. 
Ҷудочии рақами 1-и сайёра миёни сангинвазнҳо Темур Раҳимов низ, то вохӯрии ниҳоӣ дурахши хуб дошт, аммо дар финал аз ҷоизадори Бозиҳои олимпии Токио-2020 Тамерлан Башаеви россиягӣ шикаст хӯрда, барандаи нишони нуқра шуд. Паҳлавони рус, ки қаблан Темурро дар даври 1/4 ниҳоии Чемпионати ҷаҳони соли 2021 (Маҷористон) мағлуб карда буд, пеш аз оғози мусобиқаи Душанбе дар як мусоҳиба чунин назар дода буд: «Мехоҳам дар баробари чемпиони маҳаллӣ Темур Раҳимов нерусанҷӣ кунам». 
Шакармамад Мирмамадов, паҳлавони дигари сангинвазни тоҷик, барои гирифтани медали биринҷӣ аз Магомедомар Магомедомаров (АМА) ноком гардид.
Натиҷаи рақобатҳои рӯзи сеюми Dushanbe Grand Prix 2023:
Бонувон. Вазни -78 кг: 1. Анна-Мария Вагнер (Олмон); 2. Олек Анна Монта (Олмон); 3. Ҷордҷа Стангерлин (Италия); 3. Александро Бабинтсева (ИВБ). Вазни +78 кг: 1. Нунес Рошел (Португалия); 
2. Самира Буизгарн (Олмон); 3. Адиясурен Амарсайхан (Муғулистон); 3. Даря Владимирова (ИВБ). 
Мардон. Вазни -90 кг: 1. Комроншоҳ Устопириён (Тоҷикистон); 2. Элдар Аллахвердиев (ИВБ); 3. Дэвид Кламмерт (Чехия); 3. Элжан Ҳоҷиев (Озарбайҷон). Вазни -100 кг: 1. Матвей Каниковский (ИВБ); 2. Ниёз Билалов (ИВБ); 3. Златко Кумрич (Хорватия); 3. Батхуяг Гончигсурен (Муғулистон). Вазни +100 кг: 1. Тамерлан Башаев (ИВБ); 2. Темур Раҳимов (Тоҷикистон); 3. Ерасил Кажибоев (Қазоқистон); 3. Магомедомар Магомедомаров (АМА).
Бар пояи фарзияи «Ҷумҳурият», дар рӯзи охир Нунес Рошел (Португалия) ва Тамерлан Башаев (ИВБ) беҳтарин дониста шуданд.

ТОҶИКИСТОН ДАР ҲИСОБИ МЕДАЛҲО № 1
Дар маҷмуъ, миёни 315 варзишгар аз 40 давлат тими мунтахаби Тоҷикистон дар ҳисоби умумии медалҳо бо 7 нишон (3 тилло, 3 нуқра ва 1 биринҷӣ) мақоми аввалро касб кард, ки ин дастовард дар таърихи варзиши тоҷик бори аввал буда, саҳифаи навро рақам зад. 
Дар даҳгона Олмон (як тилло, ду нуқра), Фаронса (як тилло, се биринҷӣ), Хорватия (як тилло, ду биринҷӣ), Португалия (як тилло, як биринҷӣ), Ӯзбекистон (як тилло), Словения (як тилло), Озарбойҷон (ду нуқра, ду биринҷӣ), Италия (як нуқра, ду биринҷӣ) ва Лаҳистон (як нуқра) қарор гирифтанд.

ВАҲДАТИ МУХЛИСОНИ ТОҶИК
Қасри теннис ва маҷмааи варзиши обӣ ба ваҳдати ҳақиқии мухлисони тоҷик табдил ёфта буд. Ҳаводорони риштаи ҷудо аз тамоми манотиқи кишвар дар дасти аксар Парчами давлатӣ барои аз наздик дидани ин чорабинии байналмилалӣ ва дастгирии паҳлавонони Тоҷикистон ҷамъ омада буданд. Гурӯҳи мухлисон бо роҳбарии Саъдӣ Исмоилов санъати баланди ҳаводориро нишон дода, ҷомеаи ҷудои ҷаҳонро қоил карданд. Гувоҳи ин гуфтаҳо бозтоби рақобати финалии вазни то 81 килограмм дар сомонаи Федератсияи байналмилалии ҷудо мебошад. Гузашта аз ин, мусобиқаи Dushanbe Grand Prix 2023 дар зиёда аз 100 кишвари ҷаҳон мустақиман пахш мешуд ва ин мухлисиро ҳазорон нафар тавассути телевизион тамошо мекарданд.  
Холмаҳмад Сафаралиев, сокини пойтахт, ки мухлиси аршади гӯштӣ, махсусан ҷудо мебошад, аз наздик тамошо кардани мусобиқаҳои Гран при ва Гранд сламро солҳо дар дил мепарварид. Ин орзуи ӯ бо ширкат дар Dushanbe Grand Prix 2023 амалӣ гашт. Вай бо эҳсоси баланд дар суҳбат чунин гуфт: «Хабари дар Душанбе баргузор шудани мусобиқаи Гран приро фаҳмида бисёр шод шудам, зеро иқболи хеле баланд аст, ки Тоҷикистон мизбони чунин мусобиқоти байналмилалӣ интихоб мешавад. Акнун, имрӯз орзуям амалӣ шуд. Воқеан, аз наздик тамошо кардан ва дидани чеҳраҳои саршиноси ҷудои ҷаҳон кайфияти дигар дорад».  
Ибодулло аз ноҳияи Сангвор, Бобоҷон аз ноҳияи Восеъ ва Холмаҳмад – тағои Темур Раҳимов аз ноҳияи Рӯдакӣ, барои тарғиби паҳлавонони тоҷик ба Қасри теннис ва маҷмааи варзиши обӣ омада буданд. Онҳо изҳори итминон карданд, ки дар рӯзи охири мусобиқа Комроншоҳ ва Темур дар финал ғолиб омада, дили ҳазорон мухлиси тоҷикро шод менамоянд. 

 
Мухлисон дар баробари дастгирии варзишгарони маҳаллӣ, инчунин, барои ҳунари волои паҳлавонони хориҷӣ низ, қарс зада, садо баланд мекарданд. Аз ҳаводории мухлисони тоҷик Иброҳим Кейтаи фаронсавӣ ангушти ҳайрат газид. Вақте ӯ барои медали биринҷӣ бо Тим Грамков (Олмон) неру месанҷид, мухлисон Иброҳимро мисли варзишгари маҳаллӣ тарғиб мекарданд ва ин ангезаи иловагӣ барои ғалаба буд.  Пас аз пирӯзӣ Иброҳим ба назди минбари мухлисон рафта, бо онҳо дастфишорӣ карда, барои ҷашн гирифтани аввалин медали Гран прии худ селфӣ кард. 
Сипос ба ҳаводороне, ки ба толор рафта, варзишгаронро тарғиб намуданд, зеро ин кори онҳо сатҳи Dushanbe Grand Prix 2023-ро боз ҳам боло бурд. Итминон дорем, ки ин мухлисӣ то дер боз дар ёди варзишгарон ва дастандаркорони Федератсияи байналмилалии ҷудо хоҳад монд.

МЕҲМОННАВОЗИИ ТОҶИКОНА
Истиқболи меҳмонону варзишгарон дар фурудгоҳ, таъмини шароити арзандаи будубош ва тамрин ширкатдоронро хеле хушнуд кард. Меҳмоннавозии тоҷикона ва хӯрокҳои миллии мо меҳмононро ба ваҷд овард. 
Влад Маринеску, директори генералии Федератсияи байналмилалии ҷудо, дар мусоҳиба бо Телевизиони "Варзиш" чунин иброз дошт: «Ман ин кишвар, халқ ва фарҳанги шуморо хеле дӯст медорам. Душанберо як шаҳри тозаву озода ва замонавӣ дарёфтам. Бароям писанд аст, ки инсонҳо дар ин ҷо пурэнержиянд ва табассум дар лабонашон ҳувайдост. Бисёр аҷиб аст, ки ин халқ аз фарҳангу анъанаҳои худ ифтихор мекунад ва онро барои мардуми ҷаҳон пешниҳод кардан мехоҳад, муҳимтар аз ҳама, арзишҳоро пос ва дифоъ менамояд. Мехоҳам изҳори сипоси худро ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси шаҳри Душанбе ва президенти тозаинтихоби Федератсияи ҷудои Тоҷикистон барои ташкили чунин чорабинии сатҳи баланд баён намоям». 
Армен Багдасарян, директори шурои доварони ФБҶ, ба сатҳи ташкилии мусобиқа баҳои баланд дода, гуфт: “Кишварҳое, ки ду-се бор мизбони чунин мусобиқот буданд, ба ин сатҳ омодагӣ надоштанд. Акнун, Тоҷикистон имкон дорад, Гранд слам ва чемпионатҳои Осиёу ҷаҳон миёни ҷавононро мизбонӣ намояд”. 
– Корҳои ташкилӣ дар сатҳи баланди байналмилалианд. Хурсандам, ки дар ин ҷо қарор дорам ва дар яке аз мусобиқоти дӯстдоштанӣ ширкат меварзам, – зикр намуд Тамерлан Башаев, паҳлавони маъруфи россиягӣ. 
Гилберто Кардосо, ҷудочии мексикоӣ, ки дар вазни то 73 килограмм мақоми сеюмро гирифт, бо ҳамтимонашон дар Осоишгоҳи «Шоҳамбарӣ» ба сар мебурд, чунин иброз дошт: “Хӯрокҳои миллии тоҷикӣ ва аврупоиро тановул кардем, ки хеле болаззатанд. Аз Федератсияи ҷудои Тоҷикистон барои меҳмоннавозии самимӣ изҳори сипос менамоям”. 

«ТАШАККУР ДУШАНБЕ ВА ТАШАККУР ТОҶИКИСТОН» 
Итминон дорем, ки президенти Федератсияи байналмилалии ҷудо, кормандони ин ниҳод, варзишгарону мураббиёни ҳайати дастаҳои мунтахаб, мухлисон ва рӯзноманигорони хориҷӣ бо хотираи хуб ва таассуроти нек ба хонаҳояшон баргашта, меҳмоннавозии тоҷиконаро дар кишварҳои худ тарғиб мекунанд ва ин мусобиқа абадан дар саҳфаи хотираи онҳо нақш мебандад.
Салоҳи кор медонем, ки матлабро бо суханони ҷаноби Мариус Визер, ки дар сомонаи Федератсияи байналмилалии ҷудо таҳти унвони «Ташаккур Душанбе ва ташаккур Тоҷикистон» пас аз анҷоми мусобиқа  нашр шуд, анҷом диҳем: «Фазои Dushanbe Grand Prix 2023 шарорангез буд! Ба Федератсияи ҷудои Тоҷикистон ва президенти он ҷаноби Исмоили Маҳмадзоир, ки талошҳои зиёд ба харҷ доданд, ташаккур мегӯям. Шоҳиди ҳол будем, ки заҳматҳои онҳо самар овард ва оилаи ҷудои тоҷик соҳиби 7 медал, аз ҷумла се тилло гардид».
Ӯ афзуд, ки созмондиҳандагон барои баргузории мусобиқа омодагии ҷиддӣ дида, корашонро ба таври аъло анҷом доданд. 315 варзишгарро аз 40 кишвари мухталиф, ки намояндагии панҷ қитъаро дорад, самимӣ истиқбол гирифтанд. – Ин чорабинии тоҷикон ба бисёр миллатҳо имкон дод, ки маҳорати ҷавонони умедбахшро санҷанд. Ҷудокороне, ки ғолибу ҷоизадор гардиданд, Душанберо бо ифтихор ёд мекунанд. 
 
Маҳмуд МИРЗОЁН, шореҳи варзиш

P.S. Ғолибону ҷоизадорони мусобиқаи Dushanbe Grand Prix 2023  дар баробари медалҳо бо ҷоизаҳои пулӣ сарфароз гардиданд. Ғолибон соҳиби 3000 евро ва барандагони зинаҳои дуюму сеюм мутаносибан 2000 ва 1000-евроӣ гирифтанд. 
Бояд гуфт, ки  Dushanbe Grand Prix 2023 мусобиқаи интихобӣ ба Бозиҳои олимпии Париж-2024 маҳсуб ёфта, барои ҷойи якум 700 хол, зинаи дуюм   490, мақоми сеюм 350 ва зинаи панҷум 252 хол дода мешавад.

Санаи нашр: 05.06.2023 №: 117
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив