ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » «КӮДАКОН ДУНЁИ МОЯНД!»

«КӮДАКОН ДУНЁИ МОЯНД!»

05 июн 2023, Душанбе
41
0


Таҳти ҳамин  унвон дар «Боғи кӯдакон» - и пойтахт, бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи ҳуқуқи кӯдакон, барномаи бошукӯҳи фарҳангӣ аз ҷониби Муассисаи давлатии «Маркази кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе» баргузор шуд.
Шодиву нишоти кӯдакон интиҳо надошт. Онҳо бо либосҳои зебову дилкаш ва рангоранг, аз ҷумла атласу адрас, гулдӯзӣ, чакан, қисми дигар бо либосҳои низомӣ ва варзишӣ ба боғ ҳозир шуданд.  
Дар ҳамоиш маҳсули эҷоди кӯдакону наврасони муассисаҳои таҳсилоти иловагии ноҳияҳои пойтахт ба намоиш гузошта шуд. Дар доираи чорабинӣ, ҳамчунин, бозиҳои шавқовар баргузор гардиданд.
Бояд гуфт, ки Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдак дар сатҳи баланд доир гардида, яке аз нишонаҳои бақои Ҳукумати мамлакат дар таъмини сулҳ мебошад. 
Дилбар Одилзода, муовини раиси шаҳри Душанбе, иброз дошт: «Дарвоқеъ, кӯдакон дунёи моянд. Онҳо на танҳо давомбахши ҳаёту зиндагӣ, балки насли имрӯз барои бунёди фардои дурахшонанд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кӯдаконро гулҳои зиндагӣ номиданд. 
Ҳоло дар шаҳри Душанбе барои дастрасии таъмини кӯдакону наврасон ба таҳсилоти босифат муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумии сатҳи ҷаҳонӣ амал менамоянд. Ба тандурустии бачаҳо, махсусан барқарорсозии саломатии онҳо диққати махсус дода мешавад. Дар пойтахт муассисаҳои тиббию санитарии кӯдаконаи зиёде бунёд шудаанд. Тибқи қарори раиси шаҳри Душанбе аз 26 май то 1 июн Ҳафтаи ҳифзи кӯдакон эълон гардида, дар доираи он чорабиниҳои фарҳангию варзишӣ, илмию зеҳнӣ ва маърифатӣ, аз қабили  Фестивал – озмуни истеъдодҳои навраси шаҳри Душанбе «Шукуфаҳои пойтахт», Форуми дуюми навқаламон ва эҷодкорони наврас таҳти унвони «Килки сабз» ташкил ва гузаронда шуданд». 
Дилбар Одилзода ба ғолибон ва иштирокчиёни фаъоли озмуну мусобиқаҳои зеҳнию маърифатӣ ва варзишӣ диплому ифтихорнома ва туҳфаҳои хотиравӣ супурд.

Қурбонбибӣ ХОЛНАЗАРОВА,  «Ҷумҳурият»

Санаи нашр: 05.06.2023 №: 117
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив