ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ОМӮЗГОРИ НАВОВАР РОҲХАТИ ПОРТУГАЛИЯРО ДАРЁФТ 

ОМӮЗГОРИ НАВОВАР РОҲХАТИ ПОРТУГАЛИЯРО ДАРЁФТ 

05 июн 2023, Душанбе
25
0


Бо ташаббуси раёсати маорифи вилояти Хатлон ва шарикони рушд дар доираи лоиҳаи «Мактабҳои Тоҷикистон-2030» Форуми ҷумҳуриявии «Омӯзгори навовар» баргузор гардид. Назокат Маҳмадиева, омӯзгори фанни химияи Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 2 - и ноҳияи Данғара ғолиби ин ҳамоиши ҷумҳуриявӣ гардида, роҳхати ширкат дар Озмуни байналмилалӣ дар кишвари Португалияро ба даст овард.

Дар Форум намояндагони Вазорати маориф ва илм, сардорони раёсатҳои маорифи вилоятҳо, беҳтарин омӯзгорони навовари муассисаҳои таълимии лоиҳавии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Хатлон ва Суғд иштирок намуданд.
Омӯзгор Назокат Маҳмадиева лоиҳаи "Хазинаи табиат"-ро таҳия ва исбот кард, ки мавзуи пешниҳоднамудааш воқеан, арзандаи амалишавист. Он дар самти рушди донишу фаҳмиши насли наврас ва маърифати экологии ҷомеа, бавижа хонандагон, таъсири мусбат мерасонад. Ӯ бо усули нави дарсгузарӣ, ҷустуҷӯи пайдарпай дар роҳи илм, таълиму тарбияи муосир, истифодаи илмҳои педагогика ва психология дар дарсҳо ва эҷодкории касбӣ ҷойи аввалро гирифт.
Ғазалшоҳ Сафарзода, сардори раёсати маорифи вилояти Хатлон иброз дошт: «Ҳадаф аз ташкили Форуми мазкур баланд бардоштани сатҳу сифати таълиму тарбия ва рушди минбаъдаи он, дарёфти омӯзгорони навовару эҷодкор, инчунин, дар партави сиёсати дарҳои кушодаи Ҳукумати ҷумҳурӣ ҳамкорӣ бо шарикони рушд мебошад».
Шарофиддин Асомуддинзода, намояндаи Вазорати маориф ва илм, афзуд: «Ҳамкорӣ бо лоиҳаи «Мактабҳои Тоҷикистон-2030» ба рушди касбӣ ва такмили ихтисоси омӯзгорони деҳот мусоидат карда, дар шароити имрӯз зарур аст».
Форум омӯзгорони эҷодкору навовари 100 муассисаи таълимии шаҳру ноҳияҳои кишварро ба ҳам овард. 

Лола РИЗОӢ, «Ҷумҳурият»

Санаи нашр: 05.06.2023 №: 117
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив