ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ДАРВОЗАИ ВАНҶ. БАРДОШТ АЗ ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ ВОТХУД

ДАРВОЗАИ ВАНҶ. БАРДОШТ АЗ ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ ВОТХУД

06 июн 2023, Сешанбе
14
0

 
Сокинони Ҷамоати деҳоти Вотхуди ноҳияи Ванҷ  баҳри ба ояндаи боз ҳам фирӯзу шоистатар расидан камари ҳиммат баста, барои амалисозии мақсадашон  ҷидду ҷаҳд менамоянд, то ки бо амалҳои ободонӣ, бунёдкорӣ ва созандагӣ дар доираи сазовор истиқбол гирифтани Ҷашни  пуршарафи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳми  баландтар  гузоранд. 

Раиси деҳоти Вотхуд Зинатшо Давлатов дар як суҳбати кӯтоҳ   зикр кард, ки ҳудуди деҳоти Вотхуд, дарвозаи қисми ғарбии ноҳияи Ванҷ мебошад. Ҳамасола ҳазорҳо нафар ҷаҳонгардони хориҷию ватанӣ ва меҳмонон аз миёни деҳоти ин музофот ба шаҳру навоҳии Боми ҷаҳони тоҷик  сафар мекунанд. Онҳо вазъи ҷодаҳои сарироҳии ин  маконҳои аҳолинишинро дида,  албатта,  ба ободии  диёри Ванҷ баҳо медиҳанд.  
Зикр бояд кард, ки солиёни пешин қисми зиёди  иншоот ва биноҳои канораҳои қитъаи шоҳроҳи Душанбе – Кӯлоб – Дарвоз – Хоруғ – Мурғоб – Кулма дар ин минтақаи Ванҷ якқабата ва дар ҳолати садамавӣ қарор доштанд.  Сабаб он буд, ки аз ҷониби масъулон тартиби дурусти бунёди биноҳо, иншоот ва манзилҳои истиқоматӣ аз  рӯи талаботи меъморӣ ва шаҳрсозӣ риоя намешуд. Алалхусус, дидани деҳаҳои сарироҳии Даштак, Лугад ва Бунигаву Баравни Таг хеле ҳам дилгиркунанда буданд. Чунки қисми зиёди биноҳои ёрирасон дар шафати шоҳроҳи байналхалқии автомобилгарди Душанбе – Кулма мероси солҳои баъди Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва, инчунин, солҳои панҷоҳуму шастуми асри гузашта ба шумор мерафтанд. Чанде аз ин иншооту биноҳо, бо сабаби басе ҳам куҳна ва фарсуда будан, деворҳояшон фурӯ рафта, дар ҳолати вайрону валангорӣ қарор доштанд.
Хушбахтона, баъди  сафарҳои кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, аз ҷумла ба ноҳияи Ванҷ, ин камбудӣ ва  нуқсонҳо  тайи солҳои охир бартараф мегарданд. Аллакай, бисёр иморатҳои куҳна  ва дар ҳолати садамавӣ  қарордошта аз деҳаҳои сарироҳии Даштак, Лугад, Лахш, Бунига, Баравн  аз миён бардошта шудаанд. Ҳамчунин, аз файзу баракати истиқлол Дашти Сурхсангови асрҳои зиёд бекорхобидаи бе алафу гиёҳ ба макони аҳолинишини зебои ҳозиразамон  табдил ёфтааст. Дар ин ҷо акнун бештар аз сад хонавода кор ва зиндагӣ мекунанд. Бо  таклиф ва пешниҳоди Пешвои муаззами миллат ин  деҳаи нави даврони соҳибистиқлолии кишвар номи “Ваҳдат”-ро гирифтааст. Ҳоло ин дашти сӯхта дорои коргоҳҳои саноатӣ, муассисаҳои хизматрасонӣ ва боғу роғҳо буда, ободгариҳо бомаром  ҷараён  доранд. Дар ҳудуди Ҷамоат, дар мавзеи Лугад кони бузурги санги мармари сафеди пурқимат мавҷуд аст, ки дар дохили кишвар ва берун аз он муштариёни зиёде дорад. Бовараст, ки  дар оянда  дар назди ин манбаи азими ашёи хом корхонаи саноатӣ бунёд мешавад. Ҳамчунин, дар солҳои соҳибистиқлолӣ корхонаи истеҳсоли хишти пухта бунёд гардидааст. 
Имрӯзҳо  ба ифтихори  сазовор истиқбол гирифтани  Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳашт ҳудуди деҳоти Вотхуд, дарвозаи Ванҷзамин ба амалҳои ободонӣ, бунёдкорӣ ва созандагӣ вусъати  боз ҳам тоза бахшиданд. Алҳол мавзеъҳои аҳолинишин, иншооту корхонаҳо ва биноҳои истиқоматӣ тибқи талаботи муосири меъморӣ ва шаҳрсозӣ сохта мешаванд. Лозим ба ёдоварист, ки дар деҳаҳои шафати шоҳроҳи байналхалқии автомобилгарди қитъаи Қалъаихумб – Ванҷ даромадгоҳи ноҳияи Рӯшон, ки корҳои сохтмонӣ авҷу суръати тоза мегиранд ва татбиқи барномаи рушди деҳот хуб иҷро мегардад. Деҳнишинон аз он шоду масруранд, ки деҳаҳои сарироҳӣ чароғон мешаванд. Ҳамзамон, истгоҳҳои зебои ҳозиразамон низ, бунёд мегарданд, – иброз дошт Зинатшо Давлатов.

Муҳаммадзоиршо ШАРИФЗОДА, «Ҷумҳурият»,
Сироншоҳи ДИЛОВАР, рӯзноманигор

Санаи нашр: 06.06.2023 №: 118
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив